logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Нахуст раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони  ҷумҳурӣ  ба  ҳолати  1  январи  соли 2022 гузориш дод.
Таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин, аз он 682 ҳазору 828 гектар обӣ қарор дорад. Заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2021 майдони умумии 24 ҳазору 349 гектар, аз он 2 ҳазору 96 гектар обӣ кам шудааст. Заминҳои корами ҷумҳурӣ 205 гектар ва майдони корами обӣ 246 гектар кам шуда, дарахтони бисёрсола 1 ҳазору 218 гектар, аз он 889 гектар обӣ зиёд шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки ба масъалаи дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, зиёд кардани майдони заминҳои киштшаванда ва истифодаи оқилонаи замин, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканиҳо дар ин самт гирифта шавад.
Сипас, аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ”,  оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”,  дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба  ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ”-ро муҳокима намуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Дар кори маҷлис масъалаҳо дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш, дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2022, дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр  ва  матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026, дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, дар бораи Барномаи рушди маҷмуии индустриалию аграрии вилояти Хатлон дар солҳои 2022 - 2026 мавриди баррасии аъзои Ҳукумат қарор гирифтанд.
Баъди баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2022    №: 41 - 42    Мутолиа карданд: 4296
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед