сиёсат
ӮЗБЕКИСТОН: ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶИЗЗАХ ВА НАВОӢ
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ сафар намуд, ки се рӯз давом кард. Вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ арбобони давлатӣ ва адибони зиёдеро ба мисли Шароф Рашидов, Зулфия, Ҳамид Олимҷон, Ҷонибеки Қувноқ, Абдулло Субҳон, Паймон зодаву парвардааст, ки дар рушди адабиёту фарҳанг нақши муассир доранд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ноиби ҳокими вилояти Ҷиззах Латифҷон Аҳмадҷонов гуфт, ки бо иродати ду шахсияти бузург – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки якдигарро бародар мехонанд, робитаҳо барқарор гардидаву ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ беш аз пеш вусъат меёбанд.
- Бароям хеле хушоянд аст, ки дар вилояти Ҷиззах ба 40 ҳазор тоҷик таваҷҷуҳи хос сурат мегирад ва барояшон шароити хубу созгор фароҳам оварда мешавад. Бо итминон мегӯям, ҳамаи коре, ки ҷиҳати мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат ва рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар анҷом медиҳем, аз ҳуҷҷатҳое маншаъ гирифтаанд, ки сарварони ду давлат ба имзо расондаанд, - гуфт сафир.
Абдуҷаббор Раҳмонзода ба пояи муҷассамаи Шароф Рашидов гулчанбар гузошт ва арзи эҳтиром ба ҷо овард. Дар анҷумани фарҳангии муаррифии достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Навоӣ ба забони тоҷикӣ, ки ба қалами Ҷонибек Қувноқ тааллуқ дорад, сафир суҳбати худро ба забони ӯзбекӣ шуруъ намуд. Баъд чанд пора аз як шеъри Абдулло Орипов бо ин матлаъ:
Дӯсту қардошдир азалдан
Ӯзбегим тожик билан,
Иккиси бир байт ғазалдан
Ӯзбегим тожик билан, хонд, ки ҳусни таваҷҷуҳ ва пазироии гарми иштирокчиёни маҳфилро ба бор овард.
Мувофиқи барномаи сафар Абдуҷаббор Раҳмонзода ба “Хонаи дӯстӣ”-и вилояти Ҷиззах ташриф овард.
- Боздид аз “Хонаи дӯстӣ” собит менамояд, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои рушди забон, фарҳанг ва суннатҳои миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, хеле мусоидат мешавад. Бо ибтикори раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷиззах Абдукарим Шарифов дар ин вилоят корҳои зиёдро ба роҳ мондаанд, ки маҳз ҳифзи забону фарҳанги тоҷиконро мадди назар доранд, - иброз намуд сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.
Масофаи байни шаҳри Ҷиззах ва ноҳияи Фориш, ки дар доманаи қаторкӯҳҳои Нурато воқеъ гаштааст, ҳудуди бештар аз як соатро тақозо намуд. Абдуҷаббор Раҳмонзода дар маркази ноҳия аввал аз корхонаи дӯзандагии навтаъсисе боздид намуд, ки бо ташаббуси зодаи деҳаи Ухм Фирӯз Гулмуродзода-бародари устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шодравон Пайванди Гулмуродзода таъсис ёфтааст.
Дар мактаби рақами 13-и деҳаи Порашт Абдуҷаббор Раҳмонзода бо як гурӯҳ омӯзгорону донишомӯзон вохӯрии кӯтоҳе анҷом дод ва баъд ба мудири он - Сарибой Ярашев чанд бастаи китобҳои дарсиву бадеӣ тақдим намуд. Дар ин мактаб устоди факултаи журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода низ таҳсил кардааст.
Вохӯрии асосии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо тоҷикони Фориш дар мактаби рақами 46-и деҳаи Ухм баргузор гардид. Ин ҷо мардуми зиёд омада буданд. Садои рақсу суруд ба ҳаво мепечид ва шодиву нишоти халқро ҳадду канор набуд. Сафири Тоҷикистон ба мактаб китобҳои зиёди дарсиву бадеӣ туҳфа намуд.
- Номи Фориш, деҳаҳои Порашту Ухмро аз забони устодон, ҳамкурсон ва дӯстони худ шунидаем. Ин ташриф ба замоне рост омад, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон 30-юмин солгарди барқароршавии муно-сибатҳои дипломатии худро таҷлил мекунанд. Тоҷикон мисли бародарони ӯзбеки худ ҳамеша дӯстиро тараннум мекарданд, дар тули таърих дар фазои дӯстиву рафоқат ҳарф задаву дар як фазо зиндагӣ мекарданд, - гуфт сафир Раҳмонзода.
Ҳокими ноҳияи Нурато Азамат Файзиев меҳмон Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо таоруфи хос хайрамақдам гуфта, афзуд:
- Беҳбуди робитаҳои ду кишвари ҳамҷавор - Ӯзбекистон ва Тоҷикистон танҳо ба манфиатҳои мардум хидмат хоҳанд кард. Мардуми мо аз қадим дар ҳамсоягӣ ба сар бурдаанд. Байни онҳо ҳаргиз ихтилофи назар вуҷуд надошт. Имрӯз Шумо меҳмони мардуми Эҷ ҳастед. Бояд гӯям, ки аксари мардуми он олиму маърифатпарваранд, аз ҷумла доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмуд Нурназаров, номзадҳои илм Ҷалили Орзумурод, Нарзулло Расулзода, Зоҳидҷон Қурбонов, муаллифи китобу рисолаҳои зиёд Ӯзбекбой Раҳмон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Юнуси Нурназар ва дигарон зодаву парвардаи ҳамин русто мебошанд.
Дар ин маросим таърихномаи “Бухорои шариф”-и Ӯзбекбой Раҳмон рӯнамоӣ ва ба иштирокчиён тақдим шуд.
Дар сафар Абдуҷаббор Раҳмонзодаро раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова ҳамроҳӣ кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
Тошканд-Ҷиззах-Навоӣ-Тошканд,
барои “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2022 №: 41 - 42 Мутолиа карданд: 928