иҷтимоиёт
ОИЛА. АФЗОИШИ БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ АЗ МУШКИЛОТИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД
Бар пояи иттилои Агентии омор, аз соли 2010 то оғози соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 1 миллиону 18 ҳазор ақди никоҳ сабт шуда, дар ин муддат зиёда аз 112 ҳазор оила пош хӯрдааст. Аз таҳлилҳои оморӣ бармеоянд, ки сол ба сол пошхӯрии оилаҳо тамоюли болоравӣ дорад. Агар соли 2010 дар мамлакат 6019 ақди никоҳ бекор шуда бошад, пас ин рақам дар соли гузашта ба 13714 расид, ки беш аз ду баробар зиёд мебошад.
ТАҚДИРИ НОРӮШАНИ ҚАРИБ 15 ҲАЗОР КӮДАК
Аз шумораи ақди никоҳе, ки соли рафта бекор гардидааст, беш аз 10 ҳазори он бо қарори судҳо мебошад. Дар натиҷа, 14814 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон вогузор шудааст, ки ин ҷанбаи масъала хеле нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Зеро фарзанд арзишҳои волои инсониро дар муҳити оилаи солим аз худ мекунад.
Ба назари Музаффар Ашуриён, вазири адлия, пошхӯрии оилаҳо ва дар тарбияи яке аз волидон гузаштани фарзандон мушкилоти мураккаби иҷтимоист. Доир ба ин масъала, бояд ҷомеа бетараф набошад. Зеро он на танҳо проблемаи ин ё он мақомот, балки мушкилоти кулли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Воқеан, нигаронкунанда аст, ки қариб 15 ҳазор кӯдак дар тарбияи яке аз волидон қарор дорад. Вазорат вобаста ба уҳдадориҳои худ дар ин самт корҳои муайянро ба сомон расондааст ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот боз фаъолиятро ҷоннок хоҳад кард.
Профессор Нафисахон Юнусова талоқро аз нуқтаи назари равоншиносӣ на танҳо барои як шахс, балки барои аъзои оила ҳамчун садама унвон мекунад. Зеро, мурофиаҳои судӣ, ҷараёни даъвоҳо ба инсон аз нигоҳи равонӣ зарбаи сахт мерасонанд. Вақте ки оила пош мехӯрад ҳамеша низоъ ҳаст. Дар ҷомеаи мо мафҳуми «цивилизованный развод», яъне бе ҷангу ҷидол ҷудо шудан нест. Бояд ҳатман занозанӣ, таҳқир ва таҳдиди якдигар бошад. Бадбахтона, аксар вақт фарзандон шоҳиди ин воқеаҳо мешаванд, ки ба онҳо бисёр вазнин меафтад.
- Оила пош хӯрд. Кӯдак дар тарбияи модар монд. Модар ба фарзанд ягон сухани сахт гӯяд ба назди падараш меравад. Боз аз падар ранҷад ба назди модар меравад. Яъне, кӯдак дар байни обу оташ мемонад. Ин ҳолат, яке аз намудҳои бадтарини тарбия аст. Кӯдак вобаста ба вазъият гоҳ падар ва гоҳ модарро бад мекунад. Вай мехоҳад, ки ҳамаи чиз ба фоидаи ӯ ҳал шавад. Аз ин ҷо хислатҳои бадтарин, аз ҷумла ҳасад, нороҳатӣ пайдо шуда, ташаккул меёбад. Волидон барои фарзандон сипаранд. Мутаассифона, аксари падару модарон тарбияи фарзандро дар таъмини хӯрок, либос ва шароити зист мебинанд. Вале дар асл ин хел нест. Вазифаи асосии волидон додани меҳру муҳаббат ба кӯдак аст. Зеро меҳр ин барои кӯдакон сипар буда, фарзандро дар зиндагӣ устувор мекунад. Таҷриба нишон дод, ки дар ҳолати набудани яке аз волидон, алалхусус падар, кӯдак доимо бо доду фиғон, кашмакашӣ ва норасоӣ дар рӯзгор рӯбарӯст, - гуфт равоншинос.
ТАЪСИРИ ҶОМЕА БОЯД БЕШТАР БОШАД!
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пошхӯрии оилаҳоро бисёр нигаронкунанда арзёбӣ карда, мушкили асосиро дар надоштани саводи кофӣ дар бораи занушавҳарӣ ё зиндагии шарикии ҷавонон медонад. - Агар ҷавонон чи писар ва ё чи духтар маълумоти кофӣ дар бораи зиндагӣ, ҳикмати зиндагӣ, мақсад аз зиндагӣ ва вазифаи асосии падару модариро дошта бошанд, ин масъала то ҳадде ҳалли худро хоҳад ёфт. Зеро дар сурати гирифтани маълумоти зарурӣ ё ҳадди ақал ибтидоӣ издивоҷ намоянд, оила ба пошхӯрӣ намеравад. Таҷрибаи бисёр кишварҳост, ки ҷавонон қабл аз хонадоршавӣ вақти муайяне доир ба чи будани оила дониш меомӯзанд, ки як роҳи муассири пешгирии вайроншавии хонаводаҳост.
Ӯ афзуд, ки тарафи дигари масъала ин камбизоатист. Аз муроҷиатҳои зиёде, ки ба муфтиёт мешаванд, бармеояд, ки бо андак масъалаҳои ҷузъӣ ҷудошавии оилаҳо ба назар мерасад.
- Маркази исломӣ соле чанд бор доир ба ин мавзуъҳо маъвизаҳо омода менамояд. Фикр мекунам ҳоло ҳам кам аст. Зеро забардастии давлат аз бомаърифатии оилаҳост, - иброз дошт Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби афзоиши талоқро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинад. - Тибқи мушоҳидаҳои мо, омилҳои ҷудошавии оилаҳо хушунати хонаводагӣ ва муҳоҷират аст. Ҷавонон ба муддати тулонӣ кишварро тарк мекунанд. Аксаран барои дарёфти шаҳрвандии давлати дигар барои осон кардани вазъи муҳоҷират бо шаҳрвандони он мамлакат издивоҷ намуда, барои қонунӣ кардани ин муносибат аз ҳамсарони худ дар Ватан ҷудо мешаванд. Ё онҳо издивоҷи худ-ро дар Тоҷикистон сабт намекунанд. Аз ин рӯ, омор нишон медиҳад, ки шумораи издивоҷҳо коҳиш ёфта, талоқҳо афзоиш меёбанд, - изҳор дошт Сабоҳат Рустам, сардори шуъбаи иттилооти кумита.
Вале Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёдшавии омори бекоршавии ақди никоҳ ба ин омилро дуруст намешуморад. Вай мегӯяд: «Ростӣ, вақте ба омори парокандашавии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон, менигарем, бисёр ҷойи таассуф аст. Аз ин нуқтаи назар, бояд омилҳоро ҷустуҷӯй накунем, балки таъсири ҷомеаро зиёд намоем. Зеро духтари як нафар аз шавҳар ҷудо шуд, ин танҳо мушкили он оила нест, балки мушкили ҷомеа аст. Мехоҳем намехоҳем он таъсири манфӣ ба ҷомеа аст».
Суҳбат бо коршиносон ва масъулони соҳа суханони нависандаи бузурги рус Лев Толстойро ба хотир овард, ки гуфтааст: «Ҳамаи оилаҳои хушбахт ба якдигар монанданд, вале оилаҳое, ки хушбахт нестанд, муаммоҳои худашонро доранд».
ФАЗОИ СОЛИМИ ОИЛА МУҲИМ АСТ!
Ҷомеашинос Мавҷуда Комилова мегӯяд, ки фазо ва муҳити оилавӣ дар рушди маънавӣ ва ҷисмонии кӯдак мактаби нахуст ва муҳим ба шумор меравад. Вақте муҳити оилавӣ ноором бошад, ба роҳи бад рафтани фарзанд аз эҳтимол дур нест. Зеро муҳити носолим ба майнаи наврас ақидаҳои нодурустро ҷой медиҳад. – Бар асоси тадқиқотҳо, пошхӯрии оилаҳо дар садри омилҳое қарор доранд, ки он боиси интихоби роҳи нодурусти наврасон мешавад.
Ба ақидаи Эрик Эриксон, равоншиноси машҳури олмонӣ, аз 12 то 18-солагӣ марҳилаест, ки барои ташаккули эҳсоси ҳувияти шахсӣ аҳамияти муҳим дошта метавонад. Он ба рушди шахсият дар тамоми раванди минбаъдаи ҳаёт таъсир мерасонад. Ҳувияти шахсӣ арзишҳо, нуқтаҳои назар, маром ва идеалҳоеро дар бар мегирад, ки рафтори одамро муайян мекунанд. Он, ҳамчунин, метавонад мақсадгузориҳо, амалҳо ва рафтори одамро идора намояд. Агар наврас ҳавасмандӣ ва дастгирии кифоя бинад, дар ӯ образи қавии тахайюлии худ ташаккул меёбад ва ҳисси мустақилияти шахсӣ ва назорат ба вуҷуд меояд. Наврасони дигаре, ки ҳавасмандӣ ва дастгирии заруриро надидаанд, метавонанд беҷуръат шаванд ва ба худ ва ояндаи худ ҳисси нобоварӣ пайдо кунанд. Чунин номуваффақиятӣ метавонад сабаби омезиши нақшҳо ва заифии худшиносӣ гардад. Аз ин рӯ, ихтилофи асосӣ дар ин марҳила байни ҳувият ва омезиши нақшҳо ба амал меояд. Дар баъзе ҳолатҳо омезиши нақшҳо метавонад ба «буҳрони ҳувият» бурда расонад.
Таҳлилҳо собитгари онанд, ки бештари кӯдакони аз таҳсил дурмонда маҳз аз оилаҳои носолиманд. Вақте ки ноболиғ аз таҳсил дур монд, оворагард мешавад. Оворагардӣ бошад, оқибатҳои манфӣ дорад: ҳуқуқвайронкунӣ ва даст ба ҷиноят задан.
Бар пояи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, соли рафта танҳо аз ҷониби ноболиғон 763 ҷиноят содир гардидааст, ки дар қиёс ба як соли пеш зиёд мебошад. Таҳлилҳо дар ин самт нишон доданд, ки аксари ноболиғони ҷиноятсодиркарда аз оилаҳои носолиманд.
ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНРО ТАЛХ НАСОЗЕМ!
Бешубҳа, дар вазъияти мураккаби ҷаҳонишавӣ барои ҷомеаи мо пошхӯрии 13714 оила дар як сол ва дар тарбияи яке аз волидон мондани наздики 15000 кӯдак пайомадҳои ногуворе дар пай хоҳад дошт. Аз ин нуқтаи назар, пос доштану муқаддас донистани оила бар нафъи ҳар сокини кишвар ва, дар маҷмуъ, ҷомеа мебошад. Пас, биёед бикӯшем, то ҷомеаи солиму созгор дошта бошем!
Маҳмуд МИРЗОЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.03.2022 №: 43 Мутолиа карданд: 4828