Хабарҳо
Даъвати Токаев аз Россия ва Украина
Мир 24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев аз Украина ва Россия даъват кард, ки бар сари мизи музокирот ба созиш бирасанд. Роҳбари Қазоқистон дар анҷумани ҳизби Нур-Отан гуфт, ки Нур-Султон омода аст дар сурати зарурат дар музокирот миёнаравӣ намояд.
«Мо бар принсипи тақсимнашавандагии амнияти Авруосиё исрор менамоем. Принсипи тақсимнопазирӣ ҳамдигарфаҳмиро дар асоси боварии ҳамдигарӣ пешбинӣ менамояд. Мутаассифона, ин тавр нашуд, созишномаҳои Минск рӯи коғаз монданд, ки боиси амалиёти низомӣ дар ҳудуди Украина гардид. Вазъияти геополитикӣ ба таври бесобиқа тезу тунд шуд. Мо ҳар ду давлатро даъват мекунем, ки дар сари мизи гуфтушунид ҳамдигарфаҳмӣ кунанд, созишҳо ва ризоият ба даст оранд. Илоҷи дигар нест. Бе сулҳ ҳеҷ рушде вуҷуд нахоҳад дошт», - гуфт Токаев.
СҶТ аз коҳиши COVID-19 иттилоъ дод
Известия. Дар бюллетени ҳарҳафтаинаи эпидемиологии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфта мешавад, ки ҳафтаи охир (21-27 феврал) мизони гирифторӣ ба коронавирус 16 дарсад ва фавт аз оқибатҳои ин беморӣ 10 дарсад коҳиш ёфтааст. Гуфта мешавад, ки дар як ҳафтаи охир 10 776 582 нафар ба коронавирус мубтало шуда, шумораи фавтидагон ба 60 155 нафар расидааст. Шумораи сироятшудагон дар баҳри Миёназамини Шарқӣ 34, Амрико 30 ва Аврупо 24 дарсад коҳиш ёфт.
Тули тамоми давраи пандемия дар ҷаҳон беш аз 435,6 миллион ҳолати сироят ба COVID-19 ва беш аз 5,95 миллион фавт аз ин беморӣ сабт шудааст.
Амрикои Ҷанубӣ зери хатари буҳрони иқлимӣ қарор дорад
Лента. ру. Тағйирёбии иқлим боиси вазъи номусоиди боду ҳаво гардид, ки махсусан ба Амрикои Ҷанубӣ, таъсири сахт мерасонад. Қитъа зери хатари буҳрони иқлимӣ қарор дорад. Тайи як моҳи охир ярчфуроиҳои маргбор дар Бразилия, сӯхторҳои ҷангал дар Аргентина ва обхезӣ дар Амазонка рух дода буданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба гузориши гурӯҳи экспертҳои байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим хабар медиҳад.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки гармшавии глобалӣ шиддат ва басомади падидаҳои номусоиди боду ҳаво, аз қабили Эл - Нино ва Ла - Ниняро тағйир додааст. Чунин ном доранд рӯйдодҳои иқлимӣ, ки дар навбати худ қабати сатҳи оби уқёнуси Оромро гарму хунук мекунанд. Тағйирёбии зуд-зуди онҳо ба иқлим таъсири манфӣ мерасонад, зеро гармшавӣ ва хунукшавии ҳарорати об ба тағйирёбии вазъи боду ҳаво дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад.
"Роспотребнадзор" тақрибан ҳама маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро бекор сохт
URA. RU. "Роспотребнадзор" тавсияҳои нави эпидемиологиро тасдиқ кард. Азбаски Россия коҳиши гирифторӣ ба коронавирусро мушоҳида кардааст, аксари маҳдудиятҳо бардошта шуданд. Талабот барои пӯшидани ниқоб ва безараргардонии биноҳо боқӣ мемонанд.
Тибқи иттилои "Роспотребнадзор", сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус дар Россия ҳафтаи охир 27,6 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар шаш минтақа афзоиши беморӣ ва дар 75 субъект камшавӣ ба қайд гирифта шуд. То имрӯз дар кишвар 875 280 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 883