Хабарҳо
Мулоқот бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала вохӯрд, - менависад сомонаи вазорат.
Дар суҳбат муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гаштанд.
Амнияти минтақавӣ зимни як ҷаласа баррасӣ шуд
Дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1, ки дар шакли маҷозӣ доир шуд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ менависад, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ дар қолаби мазкур баррасӣ гашт. Ҷонибҳо ба мавзуи амнияти минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Вохӯрии Ширин Амонзода бо намояндагони ЮНЕСКО
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бо Хода Ҷаберян, масъули Бахши муҳоҷират, ҷойивазкунӣ, ҳолатҳои фавқулода ва маорифи СММ (ЮНЕСКО) ва Мергул Алписбаева, намояндаи Бюрои минтақавии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмаато, дидор анҷом дод.
Миёни онҳо вобаста ба саҳми ЮНЕСКО барои қонеъ намудани ниёзҳои таҳсил ва омӯзиши гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Ширин Амонзода гуфт, ки бо мақсади соҳибкасб намудани гурезаҳои афғон онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолон ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Пазируфтани нусхаи эътимодномаи сафири Умон
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Салтанати Умон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Теҳрон) Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайниро қабул намуд.
Ҷонибҳо зимни дидор перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Умон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн суҳбат карданд.
Истанбул - мизбони Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия
3 март бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия дар шаҳри Истанбул Форуми cайёҳии Тоҷикистон ва Туркия доир мегардад,- иттилоъ дод Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Дар форум беш аз 100 ширкати тоҷикию туркӣ ва коршиносону намояндагони вазорату идораҳои соҳаи сайёҳӣ дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ иштирок менамоянд.
Дар ҳошияи форум намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия, инчунин, вохӯрии соҳибкорони ҳар ду кишвар дар сиғаи «B2B» ва бо мақомоти дахлдор дар сиғаи «B2G» пешбинӣ шудааст.
745 000 доллар барои Маркази таълимии ОМОН
Муовини вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода ва сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимии ОМОН, ки аз ҷониби Барномаи фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир ба маблағи 745 543 доллар сохта шудааст, ширкат карданд.
Тавре сомонаи сафорат хабар дод, иншоот аз ду ошёна иборат буда, ҳуҷраҳо, синфхонаҳо ва манзилҳои муваққатиро дар бар мегирад. Инчунин, дар постгоҳи марзии “Дарқад”-и вилояти Хатлон низ як тарҳи бозсозӣ оғоз шудааст, ки дар давоми як сол анҷом хоҳад ёфт.
Франсуа Шаплен дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир мекунад
4 март дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки пианинонавоз ва мунаққиди барҷаста Франсуа Шаплен барномаи фарҳангӣ доир мегардад, - иттилоъ дод Вазорати фарҳанг.
Франсуа Шаплен яке аз 10 беҳтарин пианинонавозони ҷаҳон аст, ки ба эҷоди ӯ аз ҷониби мунаққидони варзида баҳои баланд дода шудааст. Мавсуф хатмкардаи Консерваторияи олии миллии Париж, лауреати Озмуни байналмилалии пианинонавозони ҷавон дар Италия, ҷоизадори Мотсарт дар Озмуни байналмилалии Кливленд Роберт Касадейс мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 940