logo

сиёсат

ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМАҲО АЗ САФИРОНИ НАВТАЪИН

2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
 
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Япония Айки Тошиҳиро, Ҷумҳурии Корея Квон Донг Сок, Ҷумҳурии Арабии Миср Назиҳ Алӣ Баҳа Ад-Дин Ал-Нагарӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Саид Муҳаммад Ал-Ариқӣ, Салтанати Умон Иброҳим ибн Аҳмад Ал-Муинӣ, Давлати Исроил хонум Зеавит Бен Хиллел, Подшоҳии Белгия Анрӣ Вантигем, Ҷумҳурии Австрия Вилли Кемпел, Подшоҳии Норвегия Ҷон Микал Квистад, Руминия хонум Мэдэлина Лупу, Ордени Мухтори Малта Иван Лалан Бердутик ва Канада Алан Хемсен, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Давлати Тоҷикистон тайи 30 соли соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки бо тамоми мамолики дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад. То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 давлати минтақаҳои гуногуни олам робитаҳои дипломатиашро барпо намуда, дар ростои рушди бемайлони муносибатҳои худ бо ин кишварҳо пайгирона чораҳои зарурӣ меандешад. 
Дар ин замина Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки мо бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар самтҳои гуногуни соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарии мавриди таваҷҷуҳ роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аксари кулли кишварҳое, ки муаррифии онҳо имрӯз ба уҳдаи сафирони навтаъин вогузор гардидааст, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият шинохтанд ва имрӯзҳо дар қатори шарикони фаъоли байналмилалии давлати мо қарор доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои Япония, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Арабии Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Салтанати Умон, Давлати Исроил, Подшоҳии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Подшоҳии Норвегия, Руминия, Ордени Мухтори Малта ва Канада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ андеша ронда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйиву ҳамкории самараноки байналмилалӣ ва таҳкими усули ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили калидии устуворнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятии глобалӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунанд.
“Ба ин манзур, имрӯз дар назди мо вазифаҳои умдаи вобаста ба тавсеа ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи кишварҳоямон истодаанд”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуданд: “Давлати Тоҷикистон пешбурди минбаъдаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъиншуда ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд”.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2022    №: 44    Мутолиа карданд: 873
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед