иҷтимоиёт
НИГАРОНӢ
8 майи соли гузашта дар Донишкадаи давлатии рассомӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намоиши асарҳои банда баргузор гардид. Ин маҳфил бо пешниҳод ва ташаббуси маъмурияти Донишкада омода шуд, ки аз онҳо ниҳоят миннатдорам. Бо фарогир шудани COVID - 19, ки муддати дарозе аз дидори дӯстон, хешону пайвандон, шогирдону ҳамкасбони азизам маҳрум будам - ба шарофати ин намоиш мушарраф шудам.
19 май, дар асоси ин намоиш кафедраи “Таърихи санъати тасвирӣ”-и Донишкада конференсияи илмӣ ва назариявӣ баргузор намуд, ки хеле пурмазмун гузашт. Кормандони илмӣ ва рассомони ҳирфаӣ, инчунин, шогирдонам, ки имрӯз ҳамкасбони бандаанд, бо гузоришҳояшон эҷодиёти маро таҳлил ва тадқиқоти касбӣ карда, пешниҳоди иштирокчиёни конференсия намуданд. Дар Ватан, тули 55 соли ҳаёти эҷодиям чунин маҳфил нахустин маротиба доир гардид, ки ба шахсият ва ҳунарам эҳтирому арҷ гузоштанд.
Ин иқдоми Донишкадаро, Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов низ пайравӣ намуда, чунин конференсия ва намоиши асарҳои шогирдон ва устодашонро ташкил намуданд. Ин лутфи онҳо барои қадр намудани хизматҳои чандинсолаам ҳамчун муаллими дарсҳои тахассусии ин муассисаи таълимӣ маро бениҳоят шод намуд, ки аз масъулонашон сипосгузорам. Маҳз дар ҳамин конференсияҳо аз ҷониби мутахассисон, ёру дӯстон ва ҳамкасбонам пешниҳод гардид, ки албоми асарҳо ва, бахусус осори монументалие, ки биноҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро зебу ороиш медиҳанд, омода намоям. Пешниҳодашонро қабул карда, гурӯҳи кориеро дар ҳайати суратгири касбӣ Амир Исоев ва тарроҳ Булат Мухторов таъсис додам ва пайгири он шудам.
Қарор кардем, ки тамоми иншоотҳои солҳои гуногун ва бо ҳамкасбони зиндаёд ороиш додаамонро дар пойтахт дидан кунем ва сураташонро бигирем. Бо дидани онҳо, ки ба вазъи фарсудашавӣ гирифтор гаштаанд, табъам хира гашт ва пушаймонӣ вуҷудамро фаро гирифт: “кош намедидаму намесӯхтам!”
Меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, шаҳри Душанбе, солҳои 1973-1975. Ин объектро мо - мутахассисони ҷавони онвақта дар давоми се сол бо орзуву ҳавас ба итмом расонида, умед доштем, ки аз ҳунари худ ба ояндагон чизе боқӣ мемонем. Ба монеаҳои зиёди бюрократии ташкилотҳои онвақтаи дахлдор нанигариста, ороиши беруна ва дохилии ин иморатро ба Ҷашни 40 - солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридем. Аҳамияти ин иншоотро ба инобат гирифта, вақти қабули он котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистӣ Ҷаббор Расулов омада, ба мо - аъзои нахустин бригадаи комплексии рассомони ҷавон, миннатдории худро баён намуданд. Баъди ин, роҳ боз шуда, минбаъд ороиши дигар иншоотҳои муҳими давлатиро ба мо бовар менамуданд. Аз он ҷумла, иморати Сирки давлатии Тоҷикистон, собиқ қасри Иттифоқҳои Касабаи Тоҷикистон (имрӯза бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев), Кохи кинову консертии “Борбад”, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва боз дигар иншоотҳо.
Чунин тарзи ороиши биноҳо, хусусан иншоотҳои давлатӣ, синтези онҳо бо меъмориҳои муосир ва санъати монументалии онвақта, аз ҷиҳати касбӣ ва аз ҷониби мутахассисони солҳои 70 - ум як навоварӣ ба ҳисоб мерафт. Ин суханонро ман набофтаам ва аз осмон наомадаанд. Дар ин бора дар саҳифаҳои воситаҳои ахбори омма, маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳурияву собиқ шуравӣ мунаққидону мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ навиштаанд, гуфтаанд, хулосаҳои касбии худро баён кардаанд.
Ҳоло бошад, бо дидани вазъи ороиши он иншоот дар дилам доғи сиёҳе ҷой гирифт. Магар мешавад ба заҳматҳои кашидаи гурӯҳи мутахассисони ҷавони онвақта дилат насӯзад; оё саҳми мо дар назари роҳбарону маъмурони имрӯзаи ин иншоот қадр надорад, оё аз санъати монументалӣ, ороиши профессионалӣ пулдорони имрӯза ба яқин бохабаранд? Ман ҳоло танҳо аз он иншооте мегӯям, ки бо дасти худ ва дунёбинии худам саҳм гузоштаам. Вазъи заҳмати дигар рассомону меъморони гузаштаро ҳоло надидаам, ки дар чи ҳоланд.
Ин иншоот дар ҳаёти шахсии ман нақши хоси худро дорад, чунки он натиҷаи ҳамкории ман бо сармеъмор ва муаллифи он А.И. Онишенко мебошад. Бо ҳукми тақдир ман дар давраи курси чорум хонданам дар шаҳри Тошканд, бо ӯ шиносоӣ пайдо карда будам. Маҳз бо пешниҳоди А.И.Онишенко дар дохили ин бино, асари монументалиеро пешбинӣ намудам ва баъди баргаштан ба Душанбе он амалӣ шуд.
То фарҷоми он чи азобҳоеро ҳамроҳи бригадаам кашида будем, вале ҷамъият бе шахсиятҳои хуб мефаҳмидагиву дунёдида, чашмсер, хайрхоҳ, соҳибкасб намебошад ва он вақт ҳам, кам набуданд. Яке аз беҳтарин инсон, устодам - кандакор Сироҷиддин Нуриддинов аст, ки он вақтҳо номдор буд ва ба ману бригадаам бовар кард ва боз инсони хайрхоҳу бофарҳанги ҷумҳуриямон, собиқ мудири шуъбаи фарҳанги Кумитаи Марказии ПК Тоҷикистон Холмурод Шарифов буданд. Маҳз бовариву дастгирии ин ду шахси комил боиси пайдо ва тасдиқ шудани бригадаи комплексии рассомони ҷавони маҳаллӣ гардида, бо ҳунару истеъдоди касбии эшон ороиши дохилӣ ва берунии меҳмонхонаи “Тоҷикистон” иҷро ва супурда шуд. Дар ин радиф асари дипломии банда низ ҷойи худро ёфт ва дар якҷоягӣ бо дӯсти зиндаёдам Валимад Одинаев аз гил, яъне лойи кулолӣ, бо тарзи релеф иҷро шуд, ки ҳоло он толорро зебоӣ мебахшад. Он солҳо меҳмонхонаи номбурда барои хориҷиён муайян шуда буд ва меҳмонони омада дар назди ин асар нишаста истироҳат мекарданд ва ё якдигарро интизор мешуданд. Аз мазмуну тарзи иҷрои он баҳра мебурданд андаке бошад ҳам, бо урфу одату анъанаҳои мардуми тоҷик, бо меҳмоннавозиашон шиносоӣ пайдо мекарданд, чунки дар маркази асар дастархони пурнозу неъмати тоҷикӣ тасвир шудааст.
Имрӯз бошад, онро бо равоқчаҳои оҳанин барои пойафзолгузорӣ печонда, аз назари меҳмонон пинҳон медоранд. Магар ақлу фаросати соҳибони ин меҳмонхонаро рабудаанд, ки маънавиёт, пос доштани нону намаки дастархони тоҷикиро фаромӯш карда, бо пойафзол пӯшондани онро раво дидаанд? Магар ин гуноҳи азиме нест дар назди нону намаки диёрамон ва тарбияи маънавии мардуми он? Магар бо ин тарзи муносибат ба меҳмонони худ - “маданиятнокӣ ва фаросати пешрафтаи худро” нишон медиҳем? Магар пеш аз ба чунин “навовариҳо” даст задан як маротиба муаллифи асар ва ё мутахассиси соҳаи санъати монументалиро даъват намудан, маслиҳат пурсидан, имкон надошт?
- Эй Худо, ба кӣ ин додамро бигӯям - гӯён ҳамроҳи суратгир ба иншооти навбатиамон – Сирки давлатии Тоҷикистон равона гаштем. Ба маврид мувофиқ аст бигӯям, ки ин иншооти бузурги пойтахтамонро, ороиши бадеии беруна ва дохили онро ба ҳамон бригадаи комплексии рассомони ҷавоне, ки роҳбарашон ман будам ва ба он ҳамкасбамон Суҳроб Қурбонов ворид шуда буд, боварӣ намуданд ва соли 1976 мо онро супоридем. Такрор ҳам шавад, боз мегӯям, ки ба қавли мунаққидон ва коршиносони он солҳо дар соҳаи санъати монументалии ҷумҳуриямон ороиши ин бино як такони назаррасе дода буд, чунки ба ин тарз оростан, услуб ва гуногуншаклии иҷрои рассомӣ, истифодаи маводҳои тасвирӣ, ба монанди мисгарӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ (гобелен) дар меъмории муосир, истифода нашуда буд.
Чандин солҳо инҷониб ман ба ин ноҳияи пойтахтамон наомада будам ва дар кадом ҳолат будани вазъи бинои Сирки давлатиро намедонистам. Дидан баробар дар ҳайрат мондам. Он мисгариҳо, ки болои се даромадгоҳи бино, бахусус даромадгоҳи асосӣ, ҳамчун рамз - ниқобони масхарабозони миллатҳои гуногун ва аз тарафи чапу рости иморат дар болои даромадгоҳҳо рамзи парандаҳо ва ҳайвоноти мисинро мо иҷро намуда будем, акнун бо гузашти вақт ва бемасъулиятии касе бо рангҳои сунъӣ ранг карда шуда, намуди аввалаи худро гум кардаанд. Ранги табиии мисро бо ягон ранге иваз кардан мумкин нест. Ин рафторро нисбати эҷодиёти ҳунармандони асил танҳо одамони кӯтоҳандешаву вайронкор раво дида метавонанд. Ба хотири судхӯрӣ аст ё нодонӣ, ки рӯйи даромадгоҳ қаҳвахона сохта, мисгариҳои болои даромадгоҳи чапи биноро пинҳон кардаанд.
Ҳар як инсони аз қонунгузориҳои ҷории давлативу шаҳрдорӣ огоҳ, медонад, ки Сирки давлатӣ ин моли шахсии маъмурияти он намебошад. Ин моли давлат аст ва дар тавозуни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Умуман, ба дигаргунӣ ворид намудан ба шакли зоҳирии тамоми иморату биноҳои шаҳр, бахусус пойтахт, ноҳияҳои он, бе иҷозат ва қарорҳои дахлдори мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва имзову розигии сармеъмории шаҳр, иҷозат дода намешавад. Бо кадом ақлу фаросат намуд ва ранги гунбази ин биноро бо ранги сабз ранг кардаанд? Чаро шакл ва ранги аслии биноҳои пойтахтамонро, ки таърихи на он қадар дароз доранд, риоя намекунанд? Чаро мутасаддиёни соҳа таваҷҷуҳ намекунанд? Ман ҳам як вақтҳо вазифаи саррассомии шаҳрро ба зимма доштаму вазифаҳои хизматии худро софдилона иҷро мекардам, гарчанде муқобилон ва “навоварон”-и вайронкор он вақтҳо ҳам, кам набуданд. Пуштигиронашон низ он солҳо бисёр буданд, вале мебинам, ки сафи онҳо сол ба сол зиёд шуда истодаасту кам не! Барои ба тартиб даровардани ин самти фаъолияти шаҳрдорӣ, магар замони мувофиқтаре фаро нарасидааст? Магар кадрҳое, ки вазифаҳои хизмативу касбии худро мефаҳманд, кам ҳастанд?
Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф,
Рассоми халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.03.2022 №: 44 Мутолиа карданд: 2120