иҷтимоиёт
ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. БОЗ ЯК ТАЪКИДИ ДИГАР!
Олимони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар заминаи пажӯҳишоти анҷомшуда ба ин натиҷа расидаанд, ки тақрибан баъд аз 20 соли оянда бемории саратон дар байни сокинони сайёра бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт, ки яке аз омилҳои асосии он истифодаи барзиёд ва нодурусти телефонҳои мобилист.
Албатта, рушди технологияи муосир дар мисоли алоқаи мобилӣ кори одамонро осон менамояд. Вале фарҳанги нодурусти истифода аз телефонҳои мобилӣ ба саломатӣ зараровар буда, оқибатҳои ногувор низ, дорад. То ҳол аз ҷониби муҳаққиқони соҳаи тиб дар ин самт таҳқиқотҳои зиёде анҷом ёфта, суду зиёни телефонҳои мобилӣ муайян шудаанд. Аз ҷумла, пажӯҳишгарон маълум кардаанд, ки истифодаи зиёду бемавриди телефонҳои мобилӣ дар аввал ба мағзи сар ва чашм зарар карда, баъдан ба бемориҳои гуногун - саратони мағзи сар мерасонад. Чунин хатарҳо бештар ба кӯдакон, наврасон ва ҷавонон таҳдид менамоянд, зеро онҳо аз хурдсолӣ ба истифодаи телефон оғоз мекунанд, ки организмашон дар айёми инкишоф зери таъсири мавҷҳои электронӣ ва химиявӣ қарор мегиранд.
Табиби собиқадори кӯдакона Раҷабалӣ Нуралиев дар ин робита мегӯяд: “Имрӯзҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ аз ҷониби наврасон ва таъсири манфии он ба организми онҳо зиёд ба назар мерасад. Организми кӯдакон ҳангоми истифодаи он нисбат ба калонсолон бештар зарар мебинад. Дар ин ҳолат кӯдак зуд хаста, руҳияаш ноустувор ва асабонию бадмуомила мешавад. Айни замон, кӯдакони хурдсол ва мактаббачагон телефону планшетро на танҳо чун воситаи гуфтугӯ, балки бештар барои бозиҳои гуногун истифода мебаранд, ки ин боиси хирашавии чашм мегардад. Ҳарчанд хирашавии чашм нишонаи пиронсолист, вале дар ин авохир дар байни наврасону ҷавонон бештар мушоҳида мешавад” .
Зимнан, Заррина Кенҷаева, номзади илмҳои фалсафа-равоншинос, бар ин назар аст, ки ҳоло волидон барои як лаҳза ором бахшидани фарзандони хурдсолашон ба дасти онҳо телефон медиҳанд, то худро аз ташвиш андак раҳо созанд. Ин гуна муносибат ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки кӯдакон оҳиста - оҳиста ба телефони мобилӣ одат мекунанд. Дар натиҷаи истифодаи зиёд системаи асаби онҳо фалаҷ гардида, қобилияти дарки дурусти олами иҳотакарда дар вуҷудашон аз байн меравад. Гузашта аз ин, фикрронияшон фалаҷ гашта, аз нигоҳи ҷисмонӣ хуб инкишоф намеёбанд.
Ҳоло бо кадом роҳ метавон ин мушкилотро бартараф кард? Ба андешаи табиб Раҷабалӣ Нуралиев, барои пешгирии хатарҳои телефони мобилӣ зиёдтар оила масъулият дорад ва мо низ дар навбати худ тавсияҳои заруриро ба волидони ҳар кӯдак дода, аз ин хатар онҳоро огоҳ менамоем, то ба ояндаи фарзандони худ бетаваҷҷуҳ набошанд. Имкони аз технологияи муосир даст кашидан ҳам нест, вале ба манфиат истифода бурдани он салоҳи кор аст.
Заррина Кенҷаева тавсия медиҳад, ки бояд кӯшиш кунем, ки кӯдак ба телефонбозӣ машғул нашаваду дар ҳавои тозаву ҷойҳои табиӣ зиёдтар ба бозиҳои ҷисмонӣ машғул гардад. Ин таҷриба солҳои 70 – 80-уми асри гузашта дар мо роиҷ буд. Волидон кӯшиш мекарданд, ки кӯдаконро аз назди телевизион дур нигоҳ дошта, онҳоро бештар барои сайругашт дар табиат ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, мо низ бояд саъй кунем, ки кӯдак ба телефон машғул нашаваду дар ҳавои тоза ба бозиҳои ҷисмонӣ машғул гардад. Хуб мешуд, ки калонсолон барои намуна китоб хонанд, бо кӯдакон дарс тайёр намоянд, расмҳоро нишон диҳанд, дар таҳлили филмҳои тасвирӣ ба онҳо ёрӣ расонанд ва ин боис мешавад, ки дар бачаҳо хусусиятҳои рафтори дуруст инкишоф ёбад.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.03.2022 №: 44 Мутолиа карданд: 1978