иҷтимоиёт
БАДАХШОН. МАРДУМ АЗ ҶИНОЯТКОР БА ҲЕҶ ВАҶҲ ПУШТИБОНӢ НАМЕКУНАД!
Мардуми шарафманди тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як давраи сангини таърих ба даврони шукуфоиҳо ва саодати миллӣ расида, дар фазои амну осоиш зиндагӣ ба сар мебаранд.
Таърихи замони Истиқлоли давлатӣ фаромӯш нахоҳад кард, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ иддае аз душманони миллат хостанд ба пояи ин арзиши волои зиндагӣ латма зананд. Ин гурӯҳҳо бо дастгирии баъзе неруҳои беруна бо дассисаҳо кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Давоми панҷ соли нобасомониҳо низоми давлатдорӣ фалаҷ гардида, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар аз рушд бозмонданд. Сатҳи зиндагии мардум паст рафта, ояндаи неку осуда умеду орзуяшон буд. Ва ниҳоят ин рӯзи муборак ҳам фаро расид. Ҳоло давлати мо дар сатҳи минтақаву ҷаҳон эътибори хосса касб намуда, гузашта аз ин, аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон шинохта мешавад.
Феълан, касби ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистон дар сиёсатҳои байналмилалӣ, вусъати рушду тараққиёт, зиндагии орому осудаи шаҳрвандони кишвар боиси нороҳатии ҳамонҳоест, ки дар тарҳи воқеаҳои хунини солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ даст доштанд. Онҳо дар хориҷ аз кишвар бо ҳар роҳу усул талош менамоянд, ки дигарбора нооромиҳоро ба ҳаёту рӯзгори мо ворид созанд. Ин аст, ки аз ҳар ҳодисае мехоҳанд ба навъи худ истифода намоянд ва мардумро ба шӯр андозанд. Ҳодисаҳои моҳи охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин гуфтаро бори дигар собит мекунад. Чанде қабл прокуратураи вилоят нисбат ба яке аз бо ном пешвоёни ғайрирасмӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров парвандаи ҷиноятӣ кушод. Номбурда барои истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи ҳокимият, таҳқири намояндаи ҳокимият, вайрон кардани дахлнопазирии манзил ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ гумонбар мешавад.
Мақомоти прокуратура бо далелҳои муайян омилҳои ҷинояткории Мамадбоқирро шарҳу тавзеҳ додааст, аммо гурӯҳе аз ҳангомаҷӯён ва фурсатталабон ин вазъиятро низ ба манфиати нақшаҳои ғаразноки худ омехта кардаанд. Ҳол он ки ҳар ҷинояткор новобаста аз мақому вазифааш вобаста ба аъмоли ҷиноятии худ дар назди қонун ва ҷомеа посухгӯ аст. Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба М. Мамадбоқиров барои иддае аз душманони миллат сабаби ҳангомасозиҳои навбатиашон гардид. Аз ҷумла, ҷонибдорони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ин воқеа ҳар лаҳза ҳангомаи нав месозанд. Онҳо тинҷиву осудагии кишварро намехоҳанд ва кӯшиш доранд бо доман задани ҳангомаҳои беасос оромии диёрро халалдор созанд.
Аммо мардуми Бадахшон мардуми сулҳпарвару дурбинанд. Онҳо вазъиятро хуб дарк мекунанд ва дар пешгирии ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ мақомоти қудратиро дастгириву пуштибонӣ менамоянд, зеро ҷонибдорӣ аз ҷиноят ин худ ҷиноят аст.
Роҳат АБДУҶАББОРОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.03.2022 №: 44 Мутолиа карданд: 541