logo

порлумон

ҶСК «АЗОТ». БЕШ АЗ 1000 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАД

Вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-ро, ки  8 феврали соли ҷорӣ ба имзо расида буд, ба тасвиб расонданд. Созишнома бо мақсади амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – Саноатикунонии босуръат, эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 – Солҳои рушди саноат пешбинӣ шудааст. 
 
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар,  зимни баррасии созишнома дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҶДММ «Осиё Кемикал» ширкати ватанӣ буда, татбиқи лоиҳаи созишномаи сармоягузории мазкурро бо ҷалби сармояи мустақими дохилӣ амалӣ менамояд. Лоиҳа бо маблағи 20 миллион доллари ИМА амалӣ шуда, ҳоло беш аз 60 дарсади корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расидааст. Дар ин раванд, қубурҳои газ аз ноҳияи Ёвон то корхона пурра барқарор ва машъали рамзӣ фурӯзон карда шудааст. 
Бояд гуфт, ки имрӯз талаботи кишвар ба нуриҳои минералӣ зиёда аз 600 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки, мутаассифона, ҳамагӣ 30 – 35 дарсади он таъмин гардида истодааст, ки ин ҳам бошад, бештар воридотист. Бинобар ин, дар ҳолати пурра ба истифода додани ҶСК «Азот» талабот ба намудҳои гуногуни нуриҳои минералӣ то 50 дарсад таъмин ва вобастагӣ ба воридот коҳиш меёбад.       
Раиси кумита афзуд, ки тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии корхона бо роҳандозии ду хати истеҳсолӣ солона ба 180 ҳазор тонна мерасад. Бо барқарор шудани ҶСК «Азот» раванди таъмини бозори дохилӣ бо нуриҳои минералӣ, аз ҷумла карбамит, дуоксиди карбон,  оксигени газӣ ва ғайраҳо, ба танзим медарояд. Ҳоло шумораи кормандон дар корхона 533 нафар буда, марҳила ба марҳила аз рӯйи васлу насб ва ба кор даромадани хати истеҳсолӣ то 1005 нафар мерасад. Тибқи созишнома, 80 дарсади кормандонро шаҳрвандони кишвар ташкил медиҳад. Пурра ба истифода додани корхона тирамоҳи соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст, агар вазъияти ҷойдоштаи геополитикӣ ба ин раванд таъсири манфӣ нарасонад. Татбиқи лоиҳаи мазкур маблағҳои буҷетиро талаб накарда, баръакс тавассути таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва пардохти андоз ба ғанишавии буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии шаҳри Левакант мусоидат менамояд. 
- Масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва тақвияти истеҳсолоти нуриҳои менералӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат буда, дар Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 пешиҳод гардидааст, - гуфт Рустам Раҳматзода, вакили парлумон.
Ба назари Мирзоанвар Ахмедов, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон, кишоварзон дар раванди вохӯрӣ бо интихобкунандагон иброз медоранд, ки норасоии нуриҳои минералӣ ва болоравии нарх яке аз сабабҳои дар сатҳи зарурӣ истифода нагардидани боздеҳии замин аст. Солҳои 2018 – 2020 тибқи маълумоти расмии оморӣ, ба замини кишт андохтани нуриҳои минералӣ ба ҳисоби миёна дар миқёси ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ 134 килограмм ва пору 3,4 тоннаро ба ҳар гектар ташкил мекунад. Дар вазъияти бамиёномада, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба истифодаи иқтидорҳои дохилӣ, аз ҷумла мавриди истифода қарор додани корхонаи «Азот»-и шаҳри Левакант саривақтӣ буда, боиси дастгирист. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нуриҳои минералӣ аз тарафи кишоварзон бо хушнудӣ пазируфта хоҳад шуд, чунки онҳо имконият пайдо мекунанд, ки бо баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ устувории бозори озуқавории ҷумҳуриро таъмин намоянд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2022    №: 44    Мутолиа карданд: 4376
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед