logo

иҷтимоиёт

МАСЪУДИ СИПАНД: «ВАТАНИ МАН ТОҶИКИСТОН АСТ!»

Дили боз яке аз дӯстон ва ошиқони миллати тоҷик, шоир ва донишманди номвар Масъуди Сипанд дар Амрико аз тапидан бозмонд. Ин адиби тозагӯ ва пажӯҳишгари риштаи меҳршиносӣ (митроизм) аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд ва барои муаррифии кишвари мо, тарғиби намунаи ашъори шоирони тоҷик дар нашрияҳои форсии Амрико хидмати босазо кардааст. То замони фарогирии куруно бо даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб ҳар сол ба Тоҷикистон меомад ва дар маҳфилу ҷаласаҳои сатҳи баланд, бавижа дар таҷлили Истиқлоли давлативу Наврӯзи байналмилалӣ ширкат варзида, дар бораи Тоҷикистон ва фарҳанги он бо ҳарорат ва меҳри бепоён суҳбат мекард.
 
РАВЗАНАИ ОШНОӢ
Масъуди Сипанд соли 1943 дар вилояти Хуросони Эрон чашм ба олам кушода, асосан, дар шаҳри Машҳад ба балоғат расид. Дар риштаи ҷомеашиносӣ соҳиби маълумот гардида, минбаъд дар идораҳои давлатӣ фаъолият дошт.
Соли 1980 бо тақозои сарнавишт ба иёлати Сан-Франсискои Амрико муҳоҷират кард ва дар он ҷо дилбастагии худро ба шеъру адаб идома дод. Дар маҷаллаҳои амрикоии бо забон ва хати порсӣ интишоршаванда, ба монанди «Рӯзгори нав», чопи Порис, «Кова», чопи Мюнхен, «Ҷавонон», чопи Лос-Анҷелос ҳамкориро ба роҳ монд.
Баъдтар худаш нашрияи «Ховарон»-ро дар Калифорния поягузорӣ кард, ки дар муддати панҷ сол ҳар ҳафта чоп мешуд. Китобшиноси маъруфи эронӣ Афшор ба яке аз беҳтарин нашрияи порсии берун аз қаламрави Эрон будани «Ховарон» ишора кардааст.
Масъуди Сипанд телевизиони «Боҳамистон»-ро асос гузошт, ки дар Канада, Амрико ва Мексика манзури тамошобинон мегардид.
 
ТАЪРИХЧАИ САФАР ВА ДӮСТӢ БО МУҲАММАД ОСИМӢ
Соли 1994 бо даъвати зиндаёд  Муҳаммад Осимӣ барои ширкат дар ҷашни ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба Тоҷикистон омад ва барои ҳамеша мафтуни мамлакати мо гардид. Баъд аз ин, соли 1999 дар Ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён иштирок ва суханронӣ дошт. Маҳз дар ҳамин давр бо шахсиятҳои номвари миллати мо, Осимӣ, Лоиқ, Олимпур ошноӣ пайдо кард. Бавижа, он солҳо яке аз алоқамандони сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуд ва то вопасин нафас мадюни лутфу меҳмоннавозии Сарвари давлат ва тарғибгари Тоҷикистон гардид. Дар суҳбате бо АМИТ «Ховар» гуфта буд: «Ба манотиқи  гуногуни Тоҷикистон сафар кардам ва сафар хоҳам кард. Ба ҷашну арӯсиҳо рафтам, филм гирифтам, ҳатто аз тариқи телевизион дар Амрико пахш кардам. Ман муаррифии Тоҷикистонро вазифаи худ медонам». 
Ҳамон сол ба узвияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд» пазируфта шуд. Як воқеаи таърихӣ дар рӯзгори ӯ сабаб шуд, то дилбас-тагии Масъуд ба ин сарзамин даҳчанд афзояд. Дар яке аз сафарҳои Муҳаммад Осимӣ ба Амрико Масъуд ҳасрат мекунад, ки модари пирашро, ки ҳоло муқими Эрон аст, чанд даҳсола аст, надида ва дар хумори васли ӯст. Муҳаммад Осимӣ бидуни огоҳӣ модари Масъудро бо даъвати расмӣ ба Тоҷикистон мехонад ва дар хонаи дар Душанбе будааш пас аз солҳои интизорӣ писарро ба оғӯши меҳрафзои модар мерасонад. Аз ин армуғони нотакрор ва беқиёс Масъуд дӯст ва додархонди якумринаи академик Осимӣ мешавад. Ҳар гоҳе ба Тоҷикистон ояд, ҷои истиқоматаш на меҳмонхонаҳо, балки хонаи Муҳаммад Осимӣ буд.
Шоирону пажӯҳишгарони мо низ борҳо меҳмони хонаи ӯ дар наздикии шаҳри Сан-Франсиско гардидаанд ва аз шаҳри ӯву лутфи меҳмондорияш хотираҳои хуш доранд.
Яке аз китобҳои ӯ «Бӯи ҷӯи Мулиён» унвон дошта, сафарномаи Тоҷикистонии ӯро инъикос мекунад. 
 
«МАН ОРИЁИЯМ»-РО БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДААМ!»
Дар муддати кӯтоҳ Масъуди Сипандро дар Тоҷикистон ҳамчун шоир ва донишманд шинохтанд. Минбаъд матолибу ашъораш борҳо дар нашрияҳои Тоҷикистон интишор ёфтанд. Бавижа, шеъри «Ман ориёиям!» ба муаллиф шуҳрати ҳамагонӣ овард. Ӯ дар як мусоҳиба (2016) қиссаи эҷоди ин шеъри дилрабо ва ҳувиятангезро чунин нақл мекунад: «Соли 1999 буд, дар кохи Раисҷумҳури Тоҷикистон будем. Он ҷо Масъуди Миршоҳӣ ҳам буд. Раисҷумҳур ба ин маънӣ гапе гуфт: «Агар ба сари ҳар як тоҷик, дар кадом гӯшаи ҷаҳон набошад, ягон иттифоқ афтад, ман нороҳат мешавам». Ва ин сухан ба ман хеле асар кард. Баъд ин шеърро ҳамон шаб сурудам…»
Соли 2016 дар як маҳфили хос дар Кӯлоб ин суханҳоро гуфта буд, ки аз матлаби Зафар Мирзоён ин ҷо иқтибос мешаванд: «Шумо мардуми хушбахтед, ки Раисҷумҳуре чун Эмомалӣ Раҳмон доред. Ӯ Раисҷумҳури ман ҳам ҳаст, Ватани ман Тоҷикистон аст. Шеъри «Ман ориёиям» дар Тоҷикистон навишта шудааст, дар Эрон ё Амрико навишта нашудааст. Ин шеърро ман ба абармарди ҷаҳони эронитаборон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшидаам».
Шеъри мазкурро бори нахуст овозхони маъруф Марям Ҷалолӣ бо оҳанг ва садои мутантан дар Амрико суруд ва он зуд ба дилҳо нишаст. Минбаъд ин таронаро дар Тоҷикистон низ чанд сароянда, аз ҷумла овозхони шинохта Хуҷастаи Мирзовалӣ бозхонӣ кард.
Ба баъзе аз шеърҳои Сипанд сарояндагони маъруфи форсизабонон, мисли Дороюш, Сиёвуш, Носир ва Гетӣ низ оҳангҳои марғуб баста сурудаанд. 
 
ТОҶИКОН ВА ТОҶИКИСТОН ДАР ОСОРИ МАСЪУД
Масъуди Сипанд дар оини «Меҳр» (митроизм) пажӯҳиши густарда бурдааст, ки бахше аз он дар китоби «Эрони бостон ва шинохти Авесто» ба чоп расидааст. Аввалин маҷмуи ашъори ӯ бо номи «Мадади ишқ» соли 2006 дар Тоҷикистон бо хати кириллӣ нашр шуд. Дар чанд соли охир дар ДМТ ба донишҷӯён дарси вижаи ҳофизшиносӣ мегузашт.
Ӯ дар чандин чакома ва мусоҳибаҳои худ тоҷикон ва Тоҷикистонро сутудааст. Аз ҷумла, соли 2020 бо як силсила ашъори хубаш иштирокчии озмуни «Ҷумҳурият» - «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» буд. Дар он сарводаҳо табиат ва мардуми кишвари моро бо меҳру ихлос васф карда, кӯҳҳои моро машғули дуо дармеёбад:
Эй Тоҷикистон
Кӯҳҳоят ҳама дастони сапед,
Сар бароварда ба офоқи баланд,
Ба дуо машғуланд.
Дар шеъри дигар моро аз аҳли китоб хонда, аз ҷумла дар ситоиши фарҳангпарастии Сарвари давлат, менависад:
Дар осмони муҳаббат баландпарвоз аст,
Кабӯтарест, ки кори уқоб медонад.
Ба меҳрубонии озодагон сарафрозам,
Хушам, ки давлати Олиҷаноб медонад.
 
САФАРИ ОХИРИН 
Масъуди Сипанд бори охир бо даъвати расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» даъват шуд. Ин ҷо бори дигар ба суҳбат ва мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шуда, як ғазал-қасидаи хубе қироат кард, ки чанд байташ ин аст:
Ман сарзамини ориёро дӯст дорам,
Хоки дилангези Худоро дӯст дорам.
Ин шаҳрҳо, ин кӯчаҳо, ин хонаҳоро,
Ин мардумони бериёро дӯст дорам.
Шеъри Камолу осмони Сирдарё –
Ман ин Хуҷанди бебаҳоро дӯст дорам.
Боди сабо бӯи хуши Кӯлоб дорад,
Бисёр ман боди саборо дӯст дорам.
Меҳанпарастӣ шеваи озодагон аст,
Озодагӣ дар ҳар куҷоро дӯст дорам.
Дар ҷашни худфармонию давлатмадорӣ,
Ман Пешво, ман Пешво, ман Пешворо дӯст дорам!
Вақте ин чакома қироат шуд, Пешвои миллат бори дигар муаллифи шеъри «Ман ориёиям!» будани Масъуди Сипандро таъкид карда, ба ӯ офарин хонданд. Баъди симпозиум як муддат дар Тоҷикистон монда, ба таҳияву тадвини китоби наваш «Ман ориёиям!» саргарм гардид. Ҳамин тавр, бо кӯшиши дӯстони адабпажӯҳу шеърдӯсти тоҷикистонии шоир китоб чоп шуд. Дар он ба ҷуз аз ашъор, инчунин, мусоҳиба ва мақолаҳо доир ба Масъуди Сипанд аз матбуоти тоҷик ҷамъ омадаанд, ки судманд аст. Аммо сад дареғ, ки шоир ба орзуи деринаш, баргузории маҳфили шеъру суруд ва рӯнамоии китоби наваш дар кишвари мо нарасид ва ин ормонро бо худ ба хок бурд. Ӯ ният дошт, ки дар Ҷашни истиқлоли соли 2020 ба Тоҷикистон ояд. Нусхаҳои китоби тозанашри «Ман ориёиям!» дар дасти таҳиягарон буда, акнун барои ҳамеша чашминтизори муаллифашон хоҳанд монд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2022    №: 44    Мутолиа карданд: 1002
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед