logo

иҷтимоиёт

2019 – 2021. БАРДОШТ АЗ СЕ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буданд. Инак, аз эълони ин иқдом се сол сипарӣ шуд ва фурсат расидааст, ки аз натиҷаҳои тадбироти рӯикоромада дар ин солҳои таърихӣ хулосагирӣ намоем. 
Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро иқдоми саривақтӣ шумурда, баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳадафи бузурги миллӣ тадбирҳои зарур андешид. Яке аз нахустин тадбир дар ин ҷода таъсиси кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ ва табдили факултаи геоэкология ба факултаи геоэкология ва туризм мебошад, ки дар тайёр кардани мутахассисони касбии соҳоти мазкур нақши муҳим доранд.   
Дар ин замина, ихтисосҳои географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, ҳунарҳои халқии бадеӣ, ҳайкалтарошӣ, таъриху фарҳангшиносӣ, таъриху бостоншиносӣ, забонҳои муосири хориҷӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-фаронсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-фаронсавӣ), санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ ва ғайра рӯи кор омаданд, ки оянда тахассусмандони онҳо дар рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди кишвар хидмат хоҳанд кард. 
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар якчанд факултаҳои Донишгоҳ лаборатория, гербарияву галереяҳо таъсис ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Гербарияи ботаникӣ, галереяи ба номи Монӣ ва чанд лабораторияҳои гуногуни таълимӣ мисоли равшани гуфтаи болоянд. 
Яке аз ташаббусҳои саривақтиву муфид таъсиси шуроҳои дессертатсионӣ дар доираи туризм ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб мешавад. Шурои санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ ва таълими касбӣ аз зумраи онҳост, ки давоми се соли охир ба воситаи ин шуроҳо 6 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кард.  
Баҳри ба ҳам овардани илм ва таҷриба ба ташкили экспедитсияҳои сайёҳӣ эътибори махсус дода шуд. Бо дастгирии раёсати Донишгоҳ чунин экспедитсияҳо тавассути хатсайрҳои Хуҷанд – Шаҳристон – Душанбе – Данғара – Даштиҷум, Хуҷанд – Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Хуҷанд, Хуҷанд – Шаҳристон – Хуҷанд ва ғайра ба роҳ монда шуданд. Ҳамзамон, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар минтақаҳои таърихӣ, фарҳангиву сайёҳии кишвар сурат гирифта, натиҷаҳои хуби илмиву таълимӣ ҳосил гардиданд.  
Дар баробари ин, як зумра маҳфилҳои сатҳи донишгоҳӣ ва факултавӣ таъсис дода, барои донишҷӯён омӯзиши васеи ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин ҷода нақши парки технологии Донишгоҳ, ки солҳои охир фаъолияташ хеле густариш ёфтааст, калон аст.
Эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини зиндагии шоистаи мардум ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷаҳониён нигаронда шудааст. Давоми се соли татбиқ дар ин ҷода дастовардҳои намоён ба вуҷуд омаданд. Аммо, барои муваффақ шудан ба ҳадафи асосӣ кӯшишу талош, тадбиру чораҳои беш аз пешу рӯзмарраро тақозо мекунад. Бо дарки ин маънӣ раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар оянда низ, рушди соҳоти мазкурро ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хеш табдил дода, пайваста иқдом меварзад. 
 
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2022    №: 44    Мутолиа карданд: 521
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед