иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба занону духтарон дар роҳи омӯзиши илм, гирифтани касбу ҳунар, рушд додану сайқал бахшидани маҳорати роҳбарӣ ва ташаббускорӣ таваҷҷуҳ зоҳир месозанд. Яке аз занони музофотие, ки бо раҳнамоии Сарвари давлат то ба мансаби раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сабзидааст, Муҳаббат Файзова ба ҳисоб меравад.
Ин бонуи қавиирода ва соҳибдилу пуркор, дӯстдори мардум айёми наврасии худро дар деҳаи зебоманзари Обикиики ноҳияи Хуросон паси сар кардааст. Мавсуф солҳои 1974-1979 пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло ба итмом расонд. Аввал, ба ҳайси китобдор, сониян, дар вазифаҳои мудири шуъбаи фарҳанг ва муовини раиси ноҳияи Хуросон баҳри пешрафти санъату маданияти деҳот ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии занону духтарон ва ҷалб намудани онҳо ба илмомӯзиву корҳои ҷамъиятӣ саҳм гирифт.
Солҳои 1999-2002 вазифаи раисии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба уҳда дошт. Бовар доштанд, ки дар шароити вазнини солҳои баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ин ноҳия ӯ метавонад мардумро сарҷамъ намуда, ба корҳои барқарорсозии соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, кишоварзию саноатӣ руҳбаланд созад. Бунёдкориву ободониро роҳандозӣ созад. Дар солҳои роҳбарии ин бонуи фидокор ноҳия аз бисёр бунбастҳои иҷтимоию иқтисодӣ раҳо гашт.
М. Файзова, инчунин, тавонист соҳаҳои кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, маориф, фарҳанг, тандурустиро рушд диҳад. Ҷиҳати ҳавасмандгардонии муаллимону духтурон ба онҳо барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз заминҳои ғайрикишт қитъаҳо ҷудо намуд. Бинои замонавии беморхонаи марказии ноҳия дар давраи роҳбарии ӯ бунёд гардид.
Хизматҳои шоёни бонуи роҳбар бе подош намонда, бо ордени "Дӯстӣ" қадр шуд.
Муҳаббат Файзова имрӯз омӯзгори кафед-раи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, дар тарбияи ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолӣ саҳм мегузорад.
Зиёда САЛОМОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.03.2022 №: 44 Мутолиа карданд: 574