Хабарҳо
ГӮШТӢ
ГӮШТӢ
Тоҷикистон мизбони ду мусобиқаи байналмилалӣ
Ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 17 то 22 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба кураш ва III Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштигирӣ барои дарёфти Ҷоми Пойтахт баргузор мешавад.
Чемпионати Осиё оид ба кураш дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва гӯштигирӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир мегарданд.
Гӯштигирӣ аз рӯйи 5 вазн миёни мардҳо: -60кг, -70кг, -80кг, -90кг, +90кг ва 3 вазн миёни бонувон: -52кг, -70кг, -87кг сурат мегирад.
Ғолибон миёни мардҳо бо шоҳҷоиза – автомобил қадр мешаванд. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни бонувон бо ҷоизапулӣ сарфароз хоҳанд шуд. Миёни мардҳо барандагони медали нуқра 38646 сомонӣ, биринҷӣ 12882 сомонӣ, миёни бонувон медали тилло 38646, нуқра 25764 ва биринҷӣ 12882 сомонӣ мегиранд.
ЛИГАИ ОЛӢ
аз рӯйи кадом система доир мегардад?
Дар «Кохи Парфенон»-и Душанбе қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими 2022 баргузор шуд.
Дар XXXI чемпионати кишвар даҳ даста: «Истиқлол», КМВА (Душанбе), «Хуҷанд», «Эсхата» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) ширкат мекунанд.
Мавсими нав 2 апрел оғоз шуда, тибқи формулаи нав мегузарад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Холҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда захира мегарданд. Яъне, аз рӯйи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол мекунанд. Панҷ бошгоҳи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давр барои зинаҳои аз 6 то 10 рақобат меварзанд. Ду дастаи охири ҷадвал Лигаи олиро тарк мекунад. Дар маҷмуъ, ҳар тим 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Ҳамин тавр, дар даври аввал, ки 2 – 3 апрел доир мегардад, «Эсхата» бо «Хуҷанд», «Файзканд» бо «Истаравшан», «Хатлон» бо «Равшан-К», «Истиқлол» бо КМВА ва «Регар-ТадАЗ» бо «Равшан-З» неру месанҷанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 865