Хабарҳо
Суҳбати телефонии Путин бо Моди
Gazeta.ru. Президенти Россия Владимир Путин дар суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди масъалаи тахлияи шаҳрвандони Ҳиндустонро, ки ҳоло дар Украина қарор доранд, баррасӣ кард. Дар ин бора сомонаи Кремл хабар додааст.
Путин таъкид кард, ки тамоми дастурҳои зарурӣ дода шудаанд ва низомиёни Россия барои таъмини бехатарии шаҳрвандони Ҳиндустон аз минтақаи ҷанг ва бозгашти онҳо ба зодгоҳ ҳама кори имконпазирро анҷом мебахшанд.
Ӯ, инчунин, зикр кард, ки ҷониби Россия барои интиқоли донишҷӯёни ҳинд аз Харков тавассути долони башардӯстона дар масири кӯтоҳтарин ба Россия чораҳо меандешад.
Президенти Ӯзбекистон раҳбари Раёсати мубориза бо терроризмро пазируфт
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муовини Дабири кулли СММ - раҳбари Раёсати мубориза бо терроризм Владимир Воронковро, ки дар чаҳорчӯби барномаи Конфронси байналмилалии Тошканд оид ба Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ дар ин кишвар қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ рушди масъалаҳои минбаъдаи ҳамкории амалии Ӯзбекистон бо институтҳо ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Раёсати зиддитеррористӣ, баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳ махсус ба татбиқи Нақшаи амалиёти муштараки навшудаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва тавсеаи хазинаи лоиҳа зоҳир гардид.
Имкониятҳои баргузории чорабиниҳои бисёрҷониба дар доираи қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон қабул шудааст, “Маърифат ва таҳаммулпазирии мазҳабӣ”, ҳифзи ҷавонон аз таъсири зараровари ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм, табодули таҷриба дар соҳаи эҳёгарии шахсоне, ки аз «нуқтаҳои доғ» баргаштаанд, инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳо баррасӣ гардиданд.
Ба хизматчиёни давлатии Ӯзбекистон доштани душаҳрвандӣ, амволи ғайриманқул ва суратҳисоб дар хориҷа манъ карда мешавад
Мир24. Лоиҳаи қонун манъи доштани шаҳрвандии дигар давлатҳо, доштани амволи ғайриманқул ва суратҳисобҳои шахсони мансабдор дар хориҷро пешбинӣ мекунад. Илова бар ин, ба афроде, ки бо кадоме аз мансабдорони давлатӣ хешутаборӣ доранд ё бо онҳо издивоҷ мекунанд, ишғоли мансабҳо манъ карда мешавад.
Маҳдудиятҳо ба фаъолияти соҳибкории хизматчиёни давлатӣ низ таъсир мерасонанд - онҳо метавонанд танҳо ба корҳои педагогӣ, эҷодӣ ва илмӣ дар асоси пардохти музд машғул шаванд.
Ҳамчунин, гирифтани ҷоиза ва туҳфаҳо аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон манъ мегардад.
Лоиҳаи қонун аз ҷониби парлумони ҷумҳурӣ тасдиқ ва баъдан ҳуҷҷат ба баррасии Сенати Ӯзбекистон пешниҳод карда мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1034