logo

иҷтимоиёт

СӮЗИШИ МОДАР ДИГАРАЙ...

Ин вожа, яъне Модар, дар забони ҳамаи миллатҳои дунё ягон ҳаммаъно надорад ва ҷояшро ҳам дар ҳеҷ ҳолат иваз карда наметавонад. Агар моя ва сарчашмаи башарияташ низ мегӯянд, дарк мекунанд, ки ҳанӯз ин ифода пурра нест. Ҳатто вожаи Фидокор низ наметавонад, ҷойи онро дар матн, дар гуфтугӯ иваз намояд.
Оре, Модар модар аст ва ҳаммаъно надорад. Дар тавсифу бузургияш ҳазорон сол мегӯянд, менависанд, аммо дармеёбанд, ки ҳанӯз аз сад якеро нагуфтаанд, нанавиштаанд. Чаро? Ба ин пурсиш наздики 800 сол пеш Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ посухи сазовор додааст:
Ҳақ ҳазорон санъату фан сохтаст,
То ки модар бар ту меҳр андохтаст.
Дар баробари посух ҳамзамон таъкид медорад, ки барои дарки меҳраш бояд ин ҳазорон санъату фанни худовандиро бояд бидонем. Агар чизе дар ин маврид медонем, он андак аст. Ба ин андак наметавон зиёдро фаро гирифт.
Мегӯянд, ки бузургии модар дар шабзиндадории ӯ аст. Ин гуфта дуруст аст, аммо фарогир нест. Касе дигар ҳам метавонад барои кӯдаки модаре шабзиндадорӣ бикунад, аммо ин куҷову он куҷо. Шабзиндадории модар аз ҳама шабзиндадориҳои дигарон ба куллӣ тафовут дорад. Нигоҳи ӯ, андешаи ӯ, эҳсоси ӯ, дуои ӯ, ниёиши ӯро ҳеҷ кас наметавонад барои сонияе низ соҳиб бигардаду аз он баҳрабардорӣ намояд. Гӯши кӯдак мехоҳад танҳову танҳо овози нарму меҳрбори модари худро бишунавад, чашми кӯдак интизори дидори зебову нуронии модари худ аст.
Дар назар менамояд, ки ҳар кас метавонад гаҳвораи кӯдакро биҷунбонад. Кӯдак аз рӯи ҷунбиши он эҳсос мекунад, ки гаҳвораро модараш меҷунбонад ва ё касе дигар. Чун дарёбад, ки модараш онро меҷунбонад, эҳсоси роҳат, хуррамӣ мекунад, руҳаш, ҷисмаш навозиш меёбад.
Доя ҳам метавонад ба кӯдак шир бидиҳад, вале шири модар дигар аст. Ҷойи он ширро ҳеҷ шири дигар наметавонад, ки бигирад.
Агар кӯдакро ба тасодуф ва ё қасдан бизанӣ, бо ӯ бо хайрхоҳӣ муносибат накунӣ, туро ҳеҷ дӯст намедорад, ба сӯят лабханд намезанад, бо диданат рӯ ҷониби дигар мегардонад. Аммо агар модар ӯро бизанад, ба як паноҳгоҳ рӯ меорад ва он оғӯши модар аст.
Танҳо диле, ки дар он кина роҳ намеёбад, дили модар аст. Метавонад ҳазорон гуноҳи фарзандро бубахшад ва ҳам боре онро пеши рӯи фарзанд наорад.
Ӯ барои наҷоти фарзанд ҳатто омодааст, ки худро қурбон кунад. Дар ин маврид аз ҳеҷ кас, аз ҳеҷ чиз наметарсад.
Модар барои фарзанд дунёи зебоӣ, дунёи меҳр меофарад. Ҳеҷ кас ба ҷуз ӯ ин неру, ин истеъдод, ин маҳоратро надорад.
Танҳо модар аст, ки ишқ, ҷавонӣ, зебоӣ ва тамоми зиндагии худро ба фарзанд мебахшад.
Танҳо чашмони модар аст, ки аз интизории фарзанд хаста намешавад.
Танҳо модар аст, ки аз ранҷу машаққат барои фарзанд лаззат мебарад.
Модар пир мешавад, аммо меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба фарзанд пириро намешиносад, балки пирӣ ин ҷасоратро надорад, ки ба дунёи меҳру муҳаббати ӯ гоме биниҳад.
Меҳру муҳаббати модар ҳамасола, ҳамарӯза дар ҳоли афзудан аст, на кам шудан.
Ҳеҷ чиз вазнинтар аз он нест, ки як модар марги фарзандашро мебинад. Дар ин маврид сухане, амале тасаллобахшаш намешавад.
Модаре агар дарёбад, ки фарзандаш ин оламро падруд мегӯяд, пештар аз ӯ руҳан мемирад.
Агар модаре аз олам мегузарад, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ҷойи ӯро ишғол карда наметавонад. Мегӯянд, ки хола, яъне хоҳари модар, ҷойгузини ӯ мегардад, аммо ҳаргиз чунин нест. Дар як байти рубоии мардумӣ ин ҳақиқат рӯшан собит гардидааст:
Мардумо меган хола ба ҷойи 
модарай,
Фандум накунен, сӯзиши модар 
дигарай.
Бархе ин ҳақиқатро дер мефаҳманд, яъне замоне, ки модарашонро аз даст медиҳанд. Хӯрдани ҳазор афсӯс дигар суде намебахшад. Танҳо дар ин вақт кас дармеёбад, ки аз ҳазор як некии модарро посух гуфта натавонистааст. Ва ҳам натавониста ба қадраш, ба манзалаташ бирасад. Як нафар, агар модарашро дар замони тифлӣ аз даст медиҳад, бо он ки рӯяшро дар ёд надорад, аз меҳру навозишаш наметавонад якеро ба хотир биёраду бигӯяд, ӯро дӯст медорад. Тамоми умр ин муҳаббат дар вуҷудаш ҷойи махсусро дорад.
Хона, балки дунё, бе модар холии холӣ аст. Модар агар дар хона аст ва занги дарро мешунавад, саъй мекунад, онро ба рӯи фарзанд худаш бикушояд. Ва ҳам мехоҳад ин ҳуқуқ, ин амалро аз ӯ ҳеҷ кас нагирад. Як пурсиши ӯ дар ин ҳол, ки «Омадӣ?» ҳазор маъно ба худ дорад ва чунин пурсишро ҳеҷ кас, ҳатто бузургтарин ҳунарманд такрор ва тақлид карда наметавонад.
Модар аз мо- фарзандон чизеро хостор нест, ҳар он чи ки мехоҳад аз хубиҳову зебоиҳову неъматҳои дунё, барои мо аст. Агар ҳам туҳфаеро аз дастамон бо муҳаббат, самимият,  чеҳраи хандон мепазирад, танҳо ба хотири хушнудии мо мебошад. Барои ӯ на туҳфа, балки мо қимат дорем. Мо барои модар арзиши зиёду бузург дорем, ончунон як арзише, ки ба тасаввурамон роҳ ёфта наметавонад. Мо барои модар қиматтар, боарзиштар, ҳатто аз худи ӯем. Аз ин рӯ, амр шуда, ки ба қадраш бирасем, гиромияш бидорем.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2022    №: 45    Мутолиа карданд: 1327
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед