сафарҳо
САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
3 март Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Зимни сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Худи ҳамин рӯз дар ҳошияи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев расонд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуданд. Дар зимн саҳми робитаҳои байнипарламентии ду кишвар дар рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба таъкид гашт.
Зикр гардид, ки имсол ба муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 30 сол пур мешавад ва бахшида ба ин сана дар ноҳияи Шемах «Боғи дӯстии Тоҷикистон ва Озарбойҷон» бунёд мегардад. Бо ин мақсад, аз Тоҷикистон зиёда аз се ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими Озарбойҷон мутобиқ интиқол дода шуд.
Аснои суҳбат масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар сиғаи созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, инчунин, сатҳи баланди ҳамоҳангии ташаббусҳои тарафайн дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо вобаста ба тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиш додани ҳаҷми гардиши дуҷонибаи молу маҳсулот изҳори назар карда, дар ин самт таъсис додани Шурои машваратиро ҳамчун иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Зимни гуфтушунид, ҳамчунин, ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика ва саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин, тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар робита ба вазъи сиёсии имрӯза дар ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла атрофи вазъияти ноороми Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, мубодилаи афкор сурат гирифт.
3 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ифодаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мардуми дӯсти Озарбойҷон ба оромгоҳи Роҳбари умумимиллии ин кишвар шодравон Ҳайдар Алиев ва гулгашти шаҳидони Озарбойҷон ташриф овард.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди ин ду зиёратгоҳи муътабари Ҷумҳурии Озарбойҷон гулчанбар гузошта, бо эҳтиром руҳи гузаштагону шаҳидонро пос дошт.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони воломақоми парламенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамроҳӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.03.2022 №: 45 Мутолиа карданд: 3208