иҷтимоиёт
ПРОФЕССОР
Профессор Иззатова Муҳаббат Иноятовна аз ҷумлаи он омӯзгоронест, ки дар пешаи худ камназир аст. Ӯ бо заҳматҳои пайваста, шабро ба рӯз табдил доданҳо тавонист, ки дар миёни аҳли илм ва маорифи кишвар ҷойгоҳи арзандаеро пайдо кунад. Хуб медонад, ки омӯзгор ҳидоятгар ба сӯи рӯшноӣ ва фардои нек аст.
Соли 1977-1980 дар аспирантураи Институти илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои педагогии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, дар шаҳри Москва таҳсил намуда, моҳи октябри соли 1980 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии профессор Т. Маркова дар мавзуи «Хусусиятҳои тарбияи меҳнатии кӯдакони синни калони томактабӣ ва роҳҳои ташаккули он дар оилаҳои деҳоти Тоҷикистон» дифоъ намуда, соли 1993 унвони дотсентиро соҳиб гардид.
Устод Муҳаббат Иззатова аз соли 1997 то соли 2005 роҳбарии кафедраи тарбияи томактабиро ба уҳда дошт. Дар ин муддат дар кафедра ба сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ баштар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дарвоқеъ, бояд зикр кард, ки 48 сол дар як донишгоҳ ва дар як кафедра фаъолият доштан кори саҳл нест. Вале устод дар ин муддат тавонист, ки ҳамаи мушкилотро паси сар намуда, орзуҳои неки дар замирашбударо ҷомаи амал пӯшонад.
Маҳз ҳамин маъсулиятшиносии ӯро ба инобат гирифта, моҳи феврали соли 2005 роҳбарияти донишгоҳ ба уҳдаи муаллима декании факултети омӯзгорӣ ва тайёрии дифои ҳарбиро вогузошт. Дар ин вазифа то соли 2012 фаъолияти чашмрас намуд.
Дар соли 2015 зери роҳбарии профессор Б. Маҷидова рисолаи докториро бо унвони «Бавуҷудоӣ ва инкишофи муассисаҳои таълими томактабӣ дар Тоҷикистон» дифоъ намуд.
Дар ин муддат се шогирди муаллима рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд, ки имрӯз дар рушди илми ватанӣ саҳм мегузоранд. Айни ҳол зери роҳбарии ӯ унвонҷӯёну магистрантон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.
Муаллима вакили маҷлиси намояндагони шаҳри Кӯлоб, даъвати 6-ум мебошад. Бояд иброз дошт, ки ин бонуи зебо, устоди хайрхоҳу некниҳод, хушзавқу боистеъдод дар фасли зебои баҳорон аз 70-умин умри пурсамари хеш гул мечинад, гулҳои саршор аз меҳру муҳаббати фарзандону пайвандон, ҳамкорону шогирдон ва дӯстон.
Низом БАРОТ,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.03.2022 №: 45 Мутолиа карданд: 630