logo

иҷтимоиёт

БОНУВОНИ СОҲИБКОР

 
Рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла миёни бонувон, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҷомеа маҳсуб мешавад. Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии занони ҳунарманд, эҷодкор ва ташаббускор тадбирҳои ҳадафманд андешида, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пайваста ғамхорӣ мекунад. Ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа барои рушди устувори мамлакат сафарбар гардад. 
                                                       
Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» ташкилотест, ки дар он гурӯҳи занони қавиирода  дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, дар фазои озоди соҳибкорӣ меҳнат мекунанд. Он  28 сол инҷониб фаъолият дошта, дар ин ҷода ба корҳои назаррас низ муваффақ шудааст. Ташкилот, асосан, бо табақаҳои осебпазири аҳолӣ кор карда, гурӯҳҳои мақсадноки он аз занони камбизоат, духтарони ятим ва маъюбон иборат аст.
Сабоҳат Раҳимзода, раиси ассотсиатсияи мазкур, узви раёсати Бизнес - ассотсиатсияи занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, номзади илми таърих, доир ба фаъолияти ташкилот  андешаҳои худро чунин баён намуд: 
- Бо ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар кишвар заминаҳои хуби қонунгузорӣ дар самти таъмини  баробарии ҳуқуқҳои занон ва мардон ва рушди соҳибкории  бонувон муҳайё шудааст. Аз ҷумла, грантҳои президентӣ, 20 санади меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо ба ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва рушди соҳибкории занон равона шудаанд. Дар 9 моҳи соли сипаришуда ба занони соҳибкор 2 миллиарду 363 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Дар давоми фаъолият ба зиёда аз 36,5 ҳазор зан ва оилаи онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагиашон мусоидат намудем. Тамоми самтҳои фаъолияти мо ба тавонмандсозии занони соҳибкор равона гардидааст.
Боиси сарфарозист, ки теъдоди занони соҳибкор тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз 2 дарсади солҳои аввал ба 27 дарсад (даҳ баробар)  афзуд. Айни ҳол зиёда аз 3 ҳазору 480 нафар зан бо маҳорати баланди кордонӣ корхонаҳои худро сарварӣ мекунанд. Соҳибкорзанони муваффақи аъзои ташкилот - Файзимо Иброҳимова, Ҳидоят Рафиева, Шаҳло Ватанова, Нафиса Имронова, Насима Баҳромова, Набот Додхудоева, Ҳусния Шоинова, Зулайхо Тиллоева, Манзура Ғафурова, Раъно Бобоева, Гулбону Наврӯзова ва садҳои  дигарро номбар кардан мумкин аст, ки ҳоло номбардори миллатанд. Онҳо бо корҳои шоиста, ҳунару маҳорат ва заҳмату меҳнати шабонарӯзии хеш барои рушд ва муаррифии кишвар ҳиссаи худро мегузоранд.
Ассотсиатсия аъзои 8 Шурои ҷамъиятии сохторҳои ҳукуматӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла узви Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии занони соҳибкор дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, узви Шурои занони соҳибкор дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар мебошад ва бо онҳо  ҳамкории зич дорад.
Ассотсиатсия дар давраи фаъолият 20 лоиҳаро дар амал татбиқ  намуд, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии бонувон ва оилаҳои онҳо мусоидат намуд. Аз ҷумла, лоиҳаи "Ҳаёти шоиста барои духтарони ятим"ба он мусоидат намуд, ки 120 нафар духтарони ятим асосҳои соҳибкориро омӯхтанд ва ихтисоси қаннодиро аз худ карданд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2022    №: 45    Мутолиа карданд: 1135
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед