logo

иҷтимоиёт

ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО

 
Тоҷикистон ҳамчун ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маҳз ба шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолонаи бонувони кишвар мавқеи устувору пойдори худро пайдо кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: «Давлате, ки нисбат ба модар - сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».  Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд. 
Бонувони кишварамон дар баробари мардон номуси ватандориро бар дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд. Беҳуда шоир нафармудааст:
Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯи Замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо!
 
Вожаи “Модар” дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз файзи Зан – Модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерумандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тули зиндагӣ равшан месозад. 
Дар осори бузургони ҷаҳон низ нақши зан – модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хосса дорад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад. Бешубҳа, такя дар паҳлуи модар, хоб дар рӯйи зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист. 
Нақши Зан – Модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва, умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд, барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. 
Дили модар чу дарёи равон аст,
Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.
 
С. ТАИБОВ, 
сардори шуъбаи иттилоот ва 
робита бо ҷомеаи ДДТТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2022    №: 45    Мутолиа карданд: 703
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед