сиёсат
ИҶЛОСИЯИ НУҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
9 март дар пойтахти мамлакат иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Дар кори иҷлосия раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламент, вакилон рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд, ки ба он 4 масъала, аз ҷумла дар бораи рафти иҷрои «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ, шинондани гулҳои садбарг дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022, дар бораи рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Душанбе, ворид гашт.
Дар оғози иҷлосия вакилон вазъи иҷрои «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ, шинондани гулҳои садбарг дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022-ро баррасӣ намуданд. Вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода шунида шуд.
Дар ин раванд раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавӣ дастур дод, ки якҷо бо раисони ноҳияҳо ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои самараноки барномаи давлатии маърифати экологии аҳолӣ, сабзу хуррамгардонӣ, сари вақт кашондани партовҳо, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, нигоҳубини дарахтони шинондашуда, пешгирии буридани дарахтҳо ва гулзоркунӣ тадбирҳо андешида, дар шаҳраку маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор карда, солимгардонии муҳити зист ва тарғиби донишҳои экологӣ пайваста чорабиниҳо ва барномаҳои телевизионии иҷтимоиро роҳандозӣ намоянд.
Сипас, ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вобаста ба он муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ҳисобот дод.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе бо раисони ноҳияҳои пойтахт дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор бо мақсади таъмини босифат ва саривақтии иҷрои барномаи қабулшуда тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷараёни онро мунтазам таҳти мониторинг қарор дода, ҷиҳати ҷалби бештари сармоя барои амалӣ намудани барнома, вусъат бахшидани корҳо дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, хизматрасониҳои коммуналии шаҳри Душанбе, обу корезӣ, инчунин, азнавсозии роҳҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои барнома тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки баҳри рушди сармояи инсонӣ, аз ҷумла маориф ва илм, солимию тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва тандурустӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар соли ҷорӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, бо инобати имкониятҳо ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ баҳри баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ тадбирҳои мақсаднок андешанд.
Дар ҷараёни кори иҷлосия вакилон масъалаи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.
Вакилон бо қабули қарор пешниҳоди Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо дастгирӣ ва пешниҳод намуданд, ки масъалаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шавад.
Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, ба сохторҳои шаҳрӣ дастур дод, ки бо сокинони пойтахт корҳои хуррамгардонӣ, тозаю озода кардани маҳаллаю кӯчаҳо ва гузарондани шанбегиҳоро вусъат бахшанд.
Бо ҳамин иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, кори худро анҷом дод.
АМИТ «Ховар»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.03.2022 №: 46 Мутолиа карданд: 936