logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

5 март миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба муносибати 30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
 
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
 
«Бо камоли хушнудӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми онро ба муносибати 30-солагии узвият дар Созмони Милали Муттаҳид табрик мегӯям.
2 марти соли 1992 барои Созмон санаи махсус ба ҳисоб меравад, чунки маҳз ҳамин рӯз тақрибан 5 дарсади кишварҳои ҷаҳон ба СММ узвият пайдо карданд
Дар давоми се даҳсолаи охир мо дар роҳи таъмини сулҳу субот ва пешрафти иҷтимоӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон шарикии боз ҳам зичтар барқарор намудем. Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷонибдори низоми бисёрҷониба, пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Итминон дорам, ки дар даврони барқароршавии пас аз ҳамагирии COVID-19, мо дар якҷоягӣ метавонем ба сӯи ҷомеаҳои боз ҳам устувор ва одилона раҳсипор гардем.
Мо метавонем, тавассути ҳамбастагӣ, ягонагии ҳадафҳо ва руҳияи нави муколама, созиш ва мусолиҳа бо мушкилоти мавҷуда истодагарӣ кунем ва ба ормони аслии Созмони Милали Муттаҳид-сулҳ, шукуфоӣ ва ҳуқуқи инсон барои ҳама ноил шавем.
Бори дигар барои дастгирии Созмон дар давоми се даҳсолаи охир миннатдорӣ намуда, умед дорем, ки дар солҳои минбаъда ҳамкориҳоямон боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд».
 

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии Шуморо ба муносибати 30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо камоли мамнуният дарёфт намудам.
Боиси тазаккур аст, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ростои муаррифии комили истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи ҷойгоҳи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши арзишманд дошт.
Дар ин давра кишвари мо дар ҳамкорӣ бо Созмон дар роҳи иҷрои ҳадафҳои муштарак, ба монанди пойдории сулҳу амонӣ дар сайёра, рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва таъмини эҳтироми ҳуқуқи инсон тадбирҳои амалӣ андешидааст.
Мо саҳми арзандаи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории онро дар умури байналмилалӣ, бахусус истиқрори сулҳу субот, аз ҷумла дар Тоҷикистон, баланд арзёбӣ менамоем.
Кишвари мо аз ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва дастрасӣ ба минбари ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати муаррифии ташаббусҳои созанда ва дарёфти ҳадафҳои ҷаҳонии худ изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Мо омодаем, минбаъд низ ба ҳамкориҳои судманди худ бо Созмони Милали Муттаҳид идома диҳем ва дар ростои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саҳми босазо дошта бошем».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2022    №: 46    Мутолиа карданд: 3186
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед