logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ КИШВАРҲО

"Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд". 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Чор сол муқаддам дар ҳамин рӯз дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳаввулоте ба миён омаданд, ки дар таърихи ду кишвари ба ҳам дӯст бо ҳарфҳои зарҳалин сабт хоҳанд шуд. Зеро баъд аз чоряк асри равобити сард бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марҳилаи нави равобити дӯстона фаро расида, муносибатҳои ду давлат то ба сатҳи шарикии стратегӣ расид.
9 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба кишвари офтобии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари ҷавобӣ 17 августи ҳамон сол ба Ӯзбекистон ташриф оварданд. Хуб дар ёд дорам, ки майдони Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба хотири ташрифи меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд. 
Бояд гуфт, ки дар остонаи сафари Шавкат Мирзиёев бо талошҳову ташаббусҳои неки сарварони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд. Ҳоло бошад, шумораи гузаргоҳҳо аз 20 гузаштааст. 
Дар музокироти сатҳи олии кишварҳо бастаи калонҳаҷми санадҳои дуҷониба (27 созишнома), ки аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегирифт, ба имзо расонда шуд. Яке аз ташаббусҳои беназир дар рафти мулоқоти сатҳи олии роҳбарони давлатҳо қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз буд, ки аз тарафи сокинони ҳар ду кишвар хуш истиқбол гардид.
Нимаи дуюми ҳамон рӯз сарварони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» (Кохи Борбад) иштирок намуда, шабона аз Кохи муҳташами Наврӯз диданд карданд. 
Ҳарчанд муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша гирифтаанд, ин рӯз дар роҳи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои навини ду мамлакат гардиши куллиеро ба миён овард, ки дар таърихи давлатҳо то абад боқӣ хоҳад монд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2022    №: 46    Мутолиа карданд: 978
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед