сиёсат
ПАЁМ. РУШДИ МАОРИФ АЗ МАВЗУЪҲОИ КАЛИДӢ МОНД
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нисбат ба ҳар масъалаи дигар мавзуи рушди соҳаи маорифи миллӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зикр намуданд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Такрор ба такрор атрофи мавзуи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намуда, Роҳбари кишвар барои ҳалли мушкилоти соҳа гузарондани ислоҳотро масъалаи зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Дар робита ба рушди соҳаи маориф, ба мавзуи нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ чанд андеша баён шуд. Пешвои муаззами миллат аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Сарвари давлат ишора намуданд, ки баъзе омӯзгорон то ҳол аз рӯйи конспектҳои давраи пеш дарс мегӯянд. Ин эроди Роҳбари давлат ба ҳамон омӯзгороне буд, ки то ҳол на танҳо бо маводу конспектҳои солҳои пешин, ҳамчунин, бо методикаи замони гузашта дарс мегӯянд. Бехабар аз он, ки замони нав муносибати нави дарсгӯйиро талаб менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки низоми таҳсилоти кредитӣ ва замони имрӯз аз ҳар омӯзгор дараҷаи баланди фаъолнокиро талаб менамояд.
Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд. Тавре Пешвои миллат соли 2019 ҳангоми суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш вобаста ба вазифа ва рисолати омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар шароити муосир зикр намуданд: «Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва, дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд».
Дар шароити торафт шиддат ёфтани рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ, вазъи ҳассоси сиёсиву геополитикии минтақа ва ҷаҳон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо бисёр муҳим ба шумор меравад. Аз назари мо, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ кори мавсимӣ нест, он аз зинаҳои поён, қабл аз ҳама, аз оила ва муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ идома пайдо менамояд. Боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, фаъолияти якҷояву дастаҷамъонаи ҳадфмандро тақозо менамояд.
Бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат дар Паём ба масъалаи таълиму тарбия, забондониву донистани технологияи муосир таъкидҳои махсус намуданд: «Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад».
Яъне, ба андешаи Роҳбари давлат забондонӣ ва соҳибкасб будани шахс омили на танҳо пешрафту ободии ҷомеа, боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва боиси обрӯву эътибори махсус пайдо намудани шахс дар ҷомеа мегардад. Президенти мамлакат бо мисолҳои равшан ишора намуданд, ки бештари хатмкунандагони мактабҳои олӣ забонҳои хориҷиро намедонанд, ки ин боиси пайдо карда натавонистани ҷойи кори арзандаи онҳо мегардад. Дар ин робита, аз омӯзгорон ва ҷавонон тақозо карданд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро аз худ намоянд. Зеро бе донистани забони хориҷӣ дар оянда пешрафт кардани шахс ғайриимкон аст. Зимнан, ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳида пешбинӣ намояд. Ҳамчунин, талаб карданд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ, дар тамоми факултаву шуъбаҳои макотиби олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Воқеан, соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯй ба талаботи рақобати бозори меҳнат таъсири бевосита мегузорад. Аз ин рӯ, ислоҳоти соҳаи маориф ин нишони рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, омили пешрафти ҷомеа ва боз ҳам ба таври шоиста беҳтар муаррифӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Шуҳрат САИДЗОДА,
мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.03.2022 №: 46 Мутолиа карданд: 936