logo

сиёсат

ДАР ФУРӮҒИ ВОЖАИ ВАТАН

Оё эҳсос ва мушоҳида кардаед, ки вожаи муқаддаси Ватан солҳои охир дар Тоҷикистони азиз беш аз ҳарвақта вирди забони мардуми мо ва, хусусан аҳли илму адабу қаламкашон аст?  Чаро? Зеро масъулияти ватандорӣ дар даврони навини соҳибистиқлолӣ халқу миллати моро бештар фаро гирифтааст. Барои халқе, ки пас аз асрҳои вобастагиву гирифторӣ ба озодии сиёсӣ расидаву соҳиби давлату Ҳукумати худ, соҳиби обу замини худ гардидааст, боло гирифтани қадрдонӣ аз Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ як зуҳуроти табиист. Хусусан, имрӯзҳо вожаи Ватан бо як оҳанги хосе ба забон гирифта мешавад, ки ҳам ифтихор дораду ҳам изтироб ва ҳам масъулияти баландро дар ниҳодамон бедор мекунад.  
Аммо имрӯзҳо, чунон ки мебинем, ҳаводиси солҳои охир, бархӯрдҳои шадиди абарқудратон, ҳирси нозамон ва беамони ҷаҳонгирон, мушкилоти глобалии сайёра, таҳдиди фоҷиаҳои табиат, хуруҷи бемориҳои нобаҳангоми сироятиву кушандаи инсон ва ғайраҳо  назари моро ба Ватану маънову мафҳуми он рангу намои нав медиҳанд. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки вожаи Ватан барои аҳли башар, барои одамизод маънии фарогиртаре ба худ бигирад.  Имрӯз замоне фаро расидааст, ки ватанҳову ватандорон, яъне кишварҳову мамлакатҳо, бо ҳам бошанду мутаккои ҳамдигар гарданд. Барои миллати тоҷик, ки сиришташ аз азал башардӯстона буда, пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори некро шиори азалии ҳастии худ интихоб намудааст, дӯстиву ягонагии аҳли башар ва одамизод айни муддаост. Мо ифтихор мекунем, ки  кишвари соҳибистиқлоли мо дар зарфи сӣ соли мавҷудияти нави таърихии давлатдории  худ тавонист худро ҳамчун  миллат ва кишвари хайрхоҳу сулҳҷӯ, инсонпарвару башардӯст, некманишу некбунёд муаррифӣ бикунад ва саҳми боризашро дар ваҳдати халқҳои ҷаҳон, дар ҳаллу баррасии мушкилоти инсонҳо дар сайёра ва ҳифзу пуштибонӣ аз дастовардҳои инсонӣ ибратангез намоиш бидиҳад. 
Тамоми илму маърифати гузаштагони хирадманд, сухану адабиёти оламшумули бузургони мо, санъату ҳунар, фарҳангу маориф, таълимотҳои ҷавонмардонаи халқамон, ҳама оинҳои башардӯстонаву  инсонпарваронаи он, аз Ҷашни Садаву Наврӯз то Тиргону Меҳргон  ва садҳо оину суннатҳои некаш созгору раҳнамои хушбахтии мардуми дунё ва пирӯзии аҳли башар мебошанд.
Барои мардуми тоҷик муҳаббат ба як инсон муҳаббат ба ҳама инсонҳо, садоқат ба Ватани худ садоқат ба сайёраи Замин маҳсуб меёбад.  Мавриде даррасидааст, ки ба хотири ягонагӣ ва хушбахтии аҳли башар, мо нафақат Ватани худро, балки ҳама сайёраро Ватан ҳисобему ҳама одамизоди рӯи Заминро ҳамватан қабул намоем.
ВАТАН “ШАҲНОМА”-И ПИРӮЗИИ МОСТ
Ватане ҳаст, дар андешаи мост,
Ватане ҳаст,ки дар решаи мост.
Ватани фазлу адаб, шеъру сухан,
Ватани бештар аз марзи Ватан.
Ватани поки забони модар,
Ҳама меҳру ҳама ҳусну ҳам фар.
Ватани фазлу хирад, нуру навост,
Ватани асли авастоии мост....
Ватан Симурғи мо дар осмон аст,
Ки паҳнои самояш бекарон аст.
 
“Ватан!” гуфтам, фари Зардушт омад,
Маро неруи садҳо пушт омад.
 
Зи сад асрам Сада пайки ниё дод,
Ба дастам нур, бар чашмам зиё дод.
 
Паём омад зи Ҷамшеду зи Наврӯз,
Паём аз Кай, зи Афредуни пирӯз.
 
Зи “Менӯи хирад” омад паёме,
Зи Хоразму Саразм омад саломе.
 
Ватан гуфтам, ҳаво покизатар шуд,
Зи борони сиришкам даҳр тар шуд.
 
Барои миллати  неку башардӯст,
Ки некӣ дар ҷаҳон парвардаи ӯст,
 
Ватан андарзу панд асту футувват,
Ватан одобу фазл асту нубувват.
 
Ватан як остони ростон аст,
Шукӯҳаш аз замин то осмон аст.
 
Ватан Қақнуси эҳёгаштаи мост,
Замонҳо мераванд, ӯ боз барҷост.
 
Чӣ гӯям, миллати ман худ ҳамон аст,
Ҳазоронсола пири навҷавон аст.
 
Ҳама ҷомасапеду сарбадоранд,
Алайҳи шар ҳама бо хайр ёранд.
 
Ҳама афрӯзаи шеъру суруданд,
Ҳама дар партави  меҳру дуруданд.
 
Ҳамин миллат, ки пайки Офтоб аст,
Паёмаш бар ҷаҳон фазлу китоб аст.
“Ватан!” гуфтам, Ватан дар ҷисм ҷон шуд,
Дилам бо ҳар гиёҳаш ҳамзабон шуд.
Маро Меҳан тамоми Ориён аст,
Пари Симурғи ман боли каён аст.
 
Ватан одобу фазли мо ба дӯш аст,
Ки сарқонуни дунё аз Куруш аст.
 
Ватан Деваштичи меҳанпараст аст,
Бимирад, нангро кай бидҳад аз даст!?
 
Ватан Испитамони қаҳрамон аст,
К-амонии Ватанро посбон аст.
 
Ватан он ишқи олӣ, ҳикмату панд,
Ки шоирҳои волояш суруданд.
 
Барои мо Ватан ҷуз нанги мо нест,
Навои Борбад, Аржанги Монист.
 
Ватан он Панҷрӯди пири некуст,
Падарсолори шеъри порсӣ ӯст.
 
Чу нури Балъамӣ партавфишон шуд,
Фурӯғи маснади Сомониён шуд.
 
Ватан Мансури мо ҳасту “аналҳақ”,
Ки моро қиблагоҳе нест ҷуз Ҳақ.
Ватан “Шаҳнома”-и пирӯзии мост,
Ки ҳар рӯзи накуяш рӯзии мост.
 
Ватан он Коваи парчамбадаст аст,
Ватан он Рустам асту бешикаст аст.
 
Ватан он “Мантиқ-ут-тайр” аст, оре,
Пари шаҳболи мо хайр аст, оре.
 
Ҷилои осмон дар соғари мост,
Ватан Хайёми мо, суру фари мост.
Ватан Мавлои Балх, он табъи озод,
Ки доди ишқу ирфону сухан дод.
 
“Баҳористон”-и мо ҳасту  “Гулистон”,
Набошад ҷуз таманнои дилу ҷон.
 
Ватан Ҳофиз, Ватан Саъдиву  Ҷомист,
Ватан он Носири Хусрав,  Низомист.
 
Ватан, лутфи илоҳии Камол аст,
Аз ин рӯ безаволу бемисол аст.  
Ватан он Бедили дунёмаонист,
Ҳунарро дар сухан ҳамтои ӯ кист!?
 
Ватан ҳаргиз ҷудо з-Иқболи мо нест,
Ки фазлу кору ораш ориёист.
 
Ҳазорони дигарро гар бигӯям,
Магар ҳар ҳарфро бо навҳа мӯям.
 
Ту аз шерии Шерак ёд дорӣ,
Зи маҳви лашкари душман ба хорӣ!?
 
Сиёвушҳо дар ин ҷо кам набуданд,
Ки бо ҷон хоки Меҳанро фузуданд.
 
Абумуслим сипар гардид бо тан,
Муқаннаъ ҷавшане бар ҷони Меҳан.
 
Ҳамон миллат, ки аз куштан намирад,
Зи кину макри  Оҳарман намирад.
 
Ҳамон миллат, ки сӯзад, зинда монад,
Вуҷудашро фурӯзад, зинда монад.
 
Ватан, дар домани Боми ҷаҳон аст,
Ба домони муҳаббат бекарон аст!
 
Ватан, бо асли худ медор моро,
Ба Хӯқанду Самарқанду Бухоро.
 
“Ватан!” гуфтам, Бадахшонам “Ватан!” гуфт,
Ҳисору  Суғду Хатлонам “Ватан!” гуфт .
 
Зарафшон зарфишон шуд бар сари ман,
Сафо омад зи Кайҳон бар дари ман.
 
Тамоми Ориён  акси садо дод,
Ба мо тақдир пайғоми вафо дод.
 
Насим аз Марву аз Бағдод омад,
Дилам бар нолаву фарёд омад.
 
Ватан гуфтам, магир ин гуна осон,
Ки Эрон асту Синд асту Хуросон.
 
Садои ҳамватан аз қораи Ҳинд,
Биёяд аз паси ҳар бораи Ҳинд.
 
Зи Берунии мо, в–аз ал-Бухорӣ,
Ба мо мондаст танҳо ифтихоре!?
 
Худовандо,  ман аз Сино чӣ гӯям,
Зи ҷабри гунбади мино чӣ гӯям!?
 
Чӣ гуна гӯям аз Фарғонаву Марв,
Ки бурдастандам аз ҳар боғ як сарв!?
 
Зи Хоразму зи Хоразмӣ чӣ гӯям!?
Зи тоби шамъи ҳар базме чӣ гӯям!?
 
Аё, эй Офтоби Ховари ман,
Ба дунё бурдаӣ нуру фари ман.
 
Ба ҳар ҷойе, ки илму фазлу ор аст,
Зи мо дар он Ватан як ёдгор аст.
 
Ватан танҳо ҳамин хоки Ватан нест,
Ватан он ҷо, ки фарзанди Ватан зист.
 
Чу Мавло баҳрро дар кӯза ҷо кард,
Ҷаҳонро бо сиришташ ҳамнаво кард.
 
Чу ҳикматҳои  Саъдӣ раҳнамо шуд, 
Бани Одам ҳамузву ҳамҳаво шуд.
 
Зи пирон бо ниёиш  оварам ёд,
Дуо орам, ки бошад руҳашон шод.
 
Ватан армони ҷони рафтагон аст,
Ки дар таҳдиди шамшери замон аст,
 
Ватан ангезаи армонии мост,
Ватан тандеси мо, якҷонии мост.
Ватан подоши қисмат аз Худо бод.
Зи банди озу ҳирсу ғам раҳо бод!
 
Ватан акнун, ки истиқлоли мо шуд,
Пари симурғии шаҳболи мо шуд.
 
Бале, акнун Ватан Модар - Замин аст,
Замини аввалину охирин аст.
 
Ватан имрӯз мафҳуми ҷаҳонист,
Ватан имрӯз сулҳ асту амонист,
Кунун армони инсонӣ чунин аст,
Наҷоти Осмон асту Замин аст.
 
Биё, Сайёра, бо ман  ҳамчаман бош,
Башар, бо ман биёву ҳамватан бош!
 
КАМОЛ НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2022    №: 46    Мутолиа карданд: 1003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед