Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД
Бо иштироки намояндагони Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбекони вилояти Суғд, фаъолони марказҳои миллӣ-фарҳангии Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ходимони рӯзномаи “Овози тоҷик” дар шаҳри Тошканд таҳти унвони «Ӯзбекистону Тоҷикистон – рӯ ба ҷониби ҳамкориҳои нави истиқболнок» мулоқоти судманд баргузор шуд.
- Дӯстию рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек таърихи қадима дорад. Моро ду сатри як шоҳбайт ва як халқи бо ду забон ҳарфзананда низ меноманд. Дар вилояти Суғд теъдоди зиёди мардуми ӯзбектабор машғули кору зиндагӣ мебошанд. Онҳо аз шароити хубу созгор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардаанд, хуб бархӯрдоранд, - гуфт Илҳом Юсуфов, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбекони вилояти Суғд.
Ӯ афзуд, ки кору фаъолияти Марказ маҳз ҷиҳати таҳкими дӯстии халқҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ, эҳё ва арҷ гузоштан ба суннатҳои миллӣ, таъмини ниёзҳои маънавии мардуми ӯзбектабори вилоят ва амсоли он нигаронда шудааст.
- Дар маҷаллаи «Шарқнома», асосан маҳсули хомаи адибони ӯзбеки вилоят ва соири шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ва ба алоқамандони каломи бадеъ расонда мешавад. Тавассути тарҷума мо дар тарғиби беҳтарин осори шоиру нависандагони муосири тоҷик низ саҳми худро мегузорем. Намунаи он тавассути маҷалла ба дасти муштариёни ӯзбек мерасад, - изҳор дошт Ҷамшед Пиримов, сармуҳаррири маҷалла.
Ба таъкиди ӯ, ҳоло беш аз 100 адиби ҷавони варзида дар вилояти Суғд барои рушди забону адабиёти ӯзбек саҳм гузошта, маҳсули қаламашон дар маҷаллаи «Шарқнома» ва як қатор нашрияҳои дигар, ки дар вилоят ба забони ӯзбекӣ ба табъ мерасанд, чоп мешаванд.
Муродҷон Вайдуллоев, сарму-ҳаррири телевизиони маҳаллии «Ғулакандоз»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар бораи нукоти фарҳангие суҳбат намуд, ки ниёзи маънавии мардуми ӯзбектабори вилояти Суғдро пурра қонеъ мегардонанд.
- Театри давлатии мусиқӣ - дра-мавии ӯзбекии ноҳияи Спитамен ба номи Шукур Бурҳонов, интишори маҷаллаву рӯзномаҳои гуногун, гурӯҳу факултаҳои ӯзбекӣ дар мактабҳои олӣ, ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони аҳолии ӯзбектабор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ аз ҷумлаи ҳамин нукоти фарҳангӣ мебошанд, - илова кард Муродҷон Вайдуллоев.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошканд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1262