logo

сиёсат

«ФОРУМИ РАИСОНИ ШАҲРҲОИ ОСИЁ». ДУШАНБЕ МИЗБОНИ БОЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

 
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 9 март бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи VI Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» ба кор оғоз намуд. Дар ин ҳамоиши муҳим намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идора, корпусҳои дипломатӣ, Дабири кулли Созмони «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё», роҳбарону намояндагони беш аз 40 шаҳри қитъаи Осиё ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни паёми шодбошӣ ташрифи меҳмононро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, баргузории иҷлосияи навбатии Созмонро дар ибтидои фасли зебои баҳор ва арафаи Ҷашни Наврӯз аз ояндаи дурахшон ва таҳкиму густариши робитаҳои бисёрҷониба миёни шаҳрҳои Осиё арзёбӣ намуд.
Таъкид  шуд, ки имрӯз шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (Мегаполис), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, шаҳрҳои Муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, айни замон бо 20 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои дӯстона ва бародарона дорад. Шаҳри Душанбе бо дарназардошти имконияту дастовардҳо солҳои охир ҳамчун макони амнтарин, беҳтарин шаҳри сайёҳӣ ва гаштугузори шабона, инчунин, пойтахти фарҳангии кишварҳои минтақа пазируфта шуд.
Тайи ду рӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба майдони бузурги мубоҳисаҳо ва макони муколамаи шаҳрҳо табдил меёбад.
Дар иҷлосия иштирокчиёни он дар 5 ҷаласаи пленарӣ оид ба мавзуъҳои «Шаҳри ҳушманд» («Смарт сити»), «Саёҳати шаҳрӣ», «Устувории шаҳрӣ», «Беҳтарсозии шаҳрӣ» ва «Саломатии шаҳрӣ» мубодилаи афкор намуданд.
Сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов иброз дошт, ки дар ҳошияи кори иҷлосия якчанд вохӯриҳои дуҷонибаи роҳбарони шаҳрҳои иштирокчӣ дар ҷараёни баргузории он иштирокчиён бо дастовардҳои пойтахт тайи даврони соҳибистиқлолӣ шинос гашта, аз якчанд маконҳои таърихӣ ва корхонаҳои истеҳсолии мамлакат дидан мекунанд.
Ҷойи таъкиди хос аст, ки Форуми раисони шаҳрҳои Осиё ҳамчун Созмони байналмилалии ғайриҳукуматӣ соли 2008 бо пешниҳоди Созмони мазкур зимни Ассамблеяи парлумонҳои Осиё таъсис дода шудааст.
Шиори Форуми раисони шаҳрҳои Осиё чунин аст: «Осиё барои шаҳрвандон: ҳамгироӣ барои зиндагии беҳтар» ва мақсади асосии он – рушди ҳамкорӣ ва якпорчагии шаҳрҳо ва шаҳрвандони Осиё.
Гуфта шуд, ки айни ҳол 96 шаҳр аз 34 давлати дунё узви Форуми раисони шаҳрҳои Осиё мебошад. Иҷлосияи VI  Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» дар шаҳри Душанбе ду рӯз идома ёфта,  бо қабули Эъломияи Душанбе ҷамъбаст мегардад.
Иштирокчиён эътимод бар он намуданд, ки Иҷлосияи VI Маҷмаи умумии  «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» ҷиҳати муттаҳид намудани талошҳои роҳбарони шаҳрҳо барои роҳандозии иқдомоти боз ҳам фаъолтар ва андешидани тадбирҳои заруриву муносиб саҳми сазовор мегузорад.
 
"ҶУМҲУРИЯТ"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2022    №: 47    Мутолиа карданд: 1409
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед