иҷтимоиёт
ТАРҶУМА ВАСИЛАИ МУОШИРАТ ВА МУБОДИЛАИ АРЗИШҲО
Масъалаи ба вуҷуд овардани эҳсоси ҳамбастагӣ дар ниҳоди афроди ҷомеа, яъне густариш таҳкими ваҳдати миллӣ, меҳанпарастӣ дар заминаи мактабу маориф амалӣ карда мешавад. Ин аст, ки таъмини ислоҳоти самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсии ҷомеа, қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва қонуну барномаҳо баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаи маориф, беш аз пеш меафзояд.
Дар ҳамин радиф, бояд тазаккур дод, ки дар шароити кунунӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар заминаи ин омӯзиши паҳлуҳои гуногуни он дар муқоиса бо забони модарӣ аз аҳамият орӣ нест ва масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро бидуни таваҷҷуҳ бо муқоисаи забонҳои омӯхташаванда тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Бинобар ин, ба таъкиди Пешвои миллат забони хориҷӣ ҳатман бояд дар пояи забони модарӣ омӯхта шавад. Аз ин рӯ, барои омӯхтани забони англисӣ ё русӣ, мо бояд ҳама вижагӣ ва нозукиҳои забони модарии худро дар муқоиса бо забонҳои номбурда омӯзем, то вақти омӯзиш ва тарҷума аз забонҳои хориҷӣ ин мушкилиҳоро бартараф карда тавонем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо аҳли зиё дар бораи омилҳои асосӣ ва мусоиди рушди тарҷума дар Тоҷикистон ҳамасола ибрози андеша намуда, баҳри дар сатҳи баланд муаррифӣ кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути тарҷума андешидани чораҳои заруриро пешниҳод менамоянд.
Дар яке аз суханронии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ таъкид намуданд: “Дар замони истиқлолият бисёр олимони забардасти Тоҷикистон дар соҳаи таҳқиқ, тарҷума ва нашри мероси гаронбаҳои илмӣ, адабӣ ва фалсафӣ хизматҳои шоиста карданд. Дар айни замон тарҷумаи бадеӣ омили муҳими таҳкими робитаҳои адабист. Бояд беҳтарин осори адабиёти ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума шаванд ва асарҳои беҳтарини адабиёти мо ба забонҳои дигар баргардонда шаванд.” Оре, ин ё он забон ба сифати муайянкунандаи мақсад ва нишондиҳандаи роҳу ҳадафҳои инсонӣ ба якдигар хизмат намуда, халқҳоро ба ҳамдигар наздик менамояд.
“Яке аз роҳҳои ғанӣ гардондани забони илм ва иттилооти илмӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумаи осори илмӣ аз забонҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад. Дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар чунин тарҷума бояд дар сатҳи академӣ бо ҷалби мутахассисони донишманди забондон сурат гирад. Мутаассифона, имрӯз дар бахши истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти ҳуқуқӣ, аз замони қабл аз истиқлолият истилоҳоту мафҳумҳои ба таври таҳтуллафзӣ тарҷумагардида, ки дар қолабҳои бегона рехта шудаанд, ба мушоҳида мерасанд”,- зикр кардаанд Сарвари давлат.
Воқеан, дар аксари мавридҳо барои тарҷумонҳои навқалам калима ва ҳатто ибораҳои ҷудогонаи ин ё он ҷумла фаҳмо бошанд ҳам, дарки мантиқи фикр ва муайян намудани ҷавҳари асосии мазмуни ҷумла мушкилӣ пеш меорад ва аз ин сабаб, онҳо бо забони худ ҷумлаи дурустеро эҷод карда наметавонанд ва дар натиҷа, мазмуни ҷумла пурра ва бенуқсон ифода намегардад.
Масалан, дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар имрӯзҳо бисёр ибораю ҷумлаҳоро мушоҳида карда метавонем, ки меъёран ғалат буда, тавассути забони русӣ интиқол ёфтаанд ва маҳз ҳамин гуна «қолабҳо» дар бисёр мавридҳо тавассути ВАО ва рекламаҳо пешкаш карда мешаванд:
Дар яке аз мавзеъҳои пойтахт як ибораеро бо тарҷумаи се забон вохӯрдем, ки ҷолиби диққат аст. Ибораи “deep impression”-и забони англисӣ бо забони русӣ “глубокое впечатление” ва бо забони тоҷикӣ “таассуроти аниқ” дар шиорҳои калон овехта шудааст. Ҳол он ки дар тарҷумаи тоҷикии он ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ дода шудааст, зеро калимаи “deep-глубокий” на маънои “аниқ-точний”, балки “таассуроти амиқ”-ро дорад.
Дар тамоми қисматҳои пойтахт ва берун аз он мисоли дигари русии “Мы открылись”-ро бо забони тоҷикӣ “Мо кушода шудем” мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳарфоҳарф тарҷума шуда, тобиши маъноии худро дар забони тоҷикӣ гум кардааст. Ҷумлаи мазкур мазмуни “кушода шудани моро” надошта, “ба фаъолият шуруъ кардани моро” ифода мекунад.
Ҷумлаи “вставьте купюру в купюроприёмник” бо забони тоҷикӣ “пулро ба пулқабулкунак ворид намоед” ё “ключевой роль” – “нақши калидӣ” имрӯзҳо ба анъана даромадааст, ки боиси таассуф аст.
Ё ин ки бештар дар асарҳои илмию бадеӣ ва баъзе овезаҳои корхонаю идораҳо калимаҳои “ашёҳо”, “аъзоҳо” ё “маводҳо”-ро вохӯрдан мумкин аст, ки аз забони русии “предметы, материалы” ва “члены” шаклан мавриди истифода қарор дода шуда, дар шакли ҷамъ тарҷума карда мешаванд. Ҳол он ки калимаҳои мазкур худ дар шакли ҷамъ ифодашудаанд:
Ашё-шакли ҷамъи шайъ.
Аъзо-шакли ҷамъи узв.
Мавод-шакли ҷамъи модда/моддат.
Роҷеъ ба масъалаи мазкур нуқтаи назари Пешвои миллат низ гувоҳи ин гуфтаҳост: “Аз падидаҳои бисёр манфӣ таъсири унсурҳои бегона ба забон меъёр аст. Мутаассифона, дар солҳои 70-80-уми асри гузашта чунин таъсир дар забони тоҷикии адабӣ бисёр мушоҳида мешавад. Яке аз чунин манбаъҳои нуфузи бегона дар забони мо тарҷумаи номақбули осори сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, илмию техникӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Чунин омилҳо забонро аз асли худ дур сохта, ба воситаи онҳо қолабҳои бегонаи фаровоне ба забон ворид гардиданд”.
Аз ин рӯ, ҳадаф аз овардани чунин мисолҳо дур сохтани қолабҳои бегона ба забони модарии мардуми тоҷик ва боиси шевою ҷаззоб гардидани он аст, чунки ин гуна “қолабҳо” аз назари корбурд чандон муносиб набуда, сунъӣ ба чашм мерасанд.
Ғайр аз ин, дар замони соҳибистиқлолии кишвар корҳои назаррасро низ мушоҳида кардан аз аҳамият орӣ нест. Асарҳои собиқ тарҷумашуда тавассути забони миёнарав –забони русӣ тарҷума карда мешуданд. Дар замони муосир бошад, омӯзиши забони англисӣ рушд карда, асарҳои адибони хориҷӣ бевосита аз матни асл тарҷума карда мешаванд. Агар ба асарҳои тавассути забони миёнарав тарҷумашуда назар афканем, мебинем, ки дар онҳо баъзе унсурҳо ғалат тарҷума карда шудаанд, чунки ҳангоми тарҷумаи матни асл баъзе хусусиятҳои он коста мегарданд.
Ҳамаи ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки тарҷума ва забон ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд ва омӯзиши забони хориҷӣ низ тавассути тарҷума ба роҳ монда мешавад.
Маҳз тавассути тарҷума равобити адабию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию дипломатӣ амалӣ мегардад ва ин беназир аст, ки тарҷума - ин василаи муошират, мубодилаи арзишҳои миллии байни давлатҳо маҳсуб меёбад.
Воқеан, дар ҳар як Паём аз фаъолияти анҷомдодашуда дар сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмуъ, дохилию хориҷӣ ва байналхалқӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, вазифаҳои барои чанд соли оянда муайян гардида, ҷиҳати татбиқи амалии онҳо дар назди масъулин масъалагузорӣ карда мешавад.
Таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забономӯзии наврасону ҷавонон доимӣ мебошад ва дар ҳар як вохӯрию мулоқотҳои хеш бо намояндагону кормандони соҳаи маориф ҷиҳати омӯзондани забонҳои русӣ ва англисӣ дастурҳо медиҳанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дастовардҳои аҳли заҳмат дар мамлакат маҳз бо дастур, роҳнамоӣ ва ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада истодаанд, ки онҳо бештар аз сулҳу субот ва оромии кишвар маншаъ мегиранд.
Дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, инчунин, комёб гаштан ба пешравии илму маърифат тавассути самаранок истифода бурдани техника ва технологияи муосир ба омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ оварда мерасонад, ки натиҷаи ин муваффақ гаштан аст. Дар акси ҳол, бо донишҳои имрӯза ва дар раванди ҷаҳонишавӣ мо наметавонем ба комёбиҳои илмии назаррас ноил гардем. Бинобар ин, мо ҳамчун зиёӣ бояд дар сафи аввали ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон қарор гирем ва ҳамеша ҳамчун пайвандгари наслҳо дар ташаккули худшиносӣ, дарки масъулият, ватанхоҳӣ ва ватандорӣ, пос доштани таърих ва фарҳанги миллӣ ва шиносоии кишварамон дар арсаи ҷаҳон чун забондону фарҳангпараст ва намояндагони мардуми куҳанбунёд, миллат ва давлатамонро муаррифӣ намоем.
Ҳавасмоҳ СОҲИБНАЗАРОВА,
мудири кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва назарияи тарҷумаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.03.2022 №: 47 Мутолиа карданд: 746