logo

иҷтимоиёт

НАМОИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. ДАР БОРАИ МОДАР, КИ ТАМСИЛИ ЧАРОҒИ ХОНАДОН АСТ

 
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар бо иштироки роҳбарият ва аҳли кормандон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
 
Ҷамъомади идонаро раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода ҳусни оғоз бахшида, бонувонро бо фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи Модар  самимона муборакбод гуфта, иброз дошт: 
“Модар рамзи бақову сарсабзии зиндагист ва дар айёми баҳори гулшукуфт ва остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз мутобиқ омадани таҷлили Рӯзи Модар ҳам аз ин алоқамандӣ дарак медиҳад. Маҳз мақоми баланди модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва рафтори неку пур аз муҳаббати ӯ  сабаб гардид, ки инсоният дар ҳама давру замон модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон  ҳамеша дӯст медораду азиз мешуморад.
Аз худ гузаштанҳо баҳри фарзандон ва тарбияи хислатҳои неки инсонӣ дар замири онҳо боиси он мегардад, ки ҳар фарди тарбиятдида тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд дониста, ӯро дӯст медорад ва то лаҳзаҳои охирини ҳаёт қадршиносӣ менамояд.
Зан – Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, нахустин мураббию муаллими фарзанд, азизтарин шахсияти рӯйи Замин аст ва сазовори ихлосу эҳтиром ва ғамхории доимӣ мебошад. 
Мо ҳама аз модар ба дунё омадаем, модар қиблаи умеду орзуҳои мост ва дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ низ ҳамеша рӯйи ниёз ба сӯйи модар ва дасти дуои модар дорем. 
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд шудани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо шароити мусоид муҳайё намуд. Ҳамчунин, боиси хурсандист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханронии худ ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Ба  андешаи Пешвои миллат “Занону модарони тоҷик бо руҳи озод, иродаи қавӣ, афкори наҷибу ахлоқи ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоён дар ҳама давру замон бори ҳастии миллатро кашидаанд.”
Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бахше нест, ки дар он занону духтарон фаъолият надошта бошанд. 
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор намуданд, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар Паём таъкид гардид, ки нақши занону бонувон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ бузург арзёбӣ мегардад. Баробари кор дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ фаъолияти софдилонаву содиқона доранд.
Меҳнати софдилонаи занону духтарон дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо пайваста қадр мешаванд. 
Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории бонувони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. 
Раиси Бонки миллӣ Тоҷикистон иброз дошт, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба бонувон мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбияву ба воя расондани фарзанд, парвариши эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2022    №: 47    Мутолиа карданд: 806
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед