иҷтимоиёт
БАЛАНДНАВО
Ба пиндор тули панҷ даҳсолаи охир дар кишвар ба чунин поя сарояндаи баландово, барандаи садои ширини марғуладор нашнидаем. Садо, навозиш, сароишаш ба ягон ҳофизи халқӣ монанд набуду нест. Воқеан, сарояндаи маҳбуби кӯҳистони баланди баланд аст, ки бо сабк, тарзу услуби хоси хеш дар арсаи ҳунари тоҷик майдондорӣ кардааст. Чунин иттифоқ афтода, ки на кам аз 35 соли ахир аз шарбати садои дилхурӯшу тағаннии устоди забардаст Султонмаҳмуд Абдумамадов маҳрум мондаем.
Ӯ шаш соли хотирмони фаъолияти ҳунарии хешро дар Ансамбли тарона ва рақси Помир, дар шаҳри Душанбе (1956 – 1962), дар ҳайати дастаи ҳунарии оламшумул таҳти роҳбарии Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев гузарондааст. Баъди барҳам хӯрдани ансамбли мазкур сарояндаи мумтоз пас гашт ба Бадахшон. Базудӣ ӯро роҳбари хонаи маданияти ноҳияи Шуғнон таъин карданд ва пешавари маҳбуб чаҳор сол дар ин даргоҳи ҳунар шогирдони ҳушмандеро пару боли парвоз дод.
Хуб нашуд, ки Ансамбли тарона ва рақси Помир, дастаи овозадор, муаррифгари ҳунари тоҷик берун аз мамлакатро бо кадомин ҷурме барҳам доданд ва чаро устодеро ба чунин поя, донандаи хуби фолклори Бадахшон, мисли қисмате аз ҳамкоронаш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон, дар дастаҳои ҳунарӣ шомил накарданд.
Ҳаёти минбаъдаи ҳофизи хушово Султонмаҳмуд Абдумамадов ба Театри мазҳакаи мусиқии вилоятии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ҳозира ба номи Меҳрубон Назаров) – и шаҳри Хоруғ алоқаманд гашт.
Имрӯз ба ҷуз радиои «Фарҳанг» - и кишвар садои хушу лаҳни руҳафзои устодро дар дигар расонаҳо намешунавем. Хушоянд аст, ки соли 2020 номи устод, азамату мартабаи С. Абдумамадовро ҳамкорону шогирдон бори дигар ҳангоми пардабардории бинои нави театри вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ ёд карданд.
Мутриб, сароянда ва оҳангсози маҳбуби баланднаво Султонмаҳмуд Абдумамадов дар зарфи 28 соли фаъолият дар театри мазкур ҳунару хазинаи халқи Бадахшонро дар соири кишварҳо муаррифгар буд. Бедарак ҳам нест, ки ӯро як китоби ба пуррагӣ нохондаи хотираҳо аз таърихи фарҳанг, таърихи халқи Бадахшон унвон медиҳанд.
Садои форам ва овози хуби сарояндагӣ ба ӯ имкон дод, ки ба дараҷаи ҳунарманди касбӣ расад. Ӯ ба ҷуз суруду таронаҳои мардумӣ, аз ашъори шуарои классик ва муосири тоҷик як силсила сурудҳои марғуб сурудааст. Дар репертуари ҳунарии овозхон сурудҳои анъанавии бадахшонӣ «Рок» (шеър ва оҳанги халқ), «Эй парӣ» (халқӣ), «Соқиё бархез», «Дӯстон – базми висол аст», «Саҳар булбул», (оҳанги халқ, шеърҳои Ҳофиз), сурудҳои ҳозиразамон «Ба Ленин» (оҳанги Қ. Шоискандаров, шеъри Т. Пӯлодӣ), «Таскин» (оҳанги Р. Мародасейнов, шеъри А. Абдулло), «Майсавор» (оҳанги Р. Мародасейн, шеъри А. Шоҳзода), «Талқини ҳусн» (оҳанги Р. Мародасейнов, шеъри Тилло Пӯлодӣ), «Гулчин аз фолклори Бадахшон» ва ғайра мақом доранд.
Мутаассифона, имрӯз дар телевизион ягон навори ёдмоне аз давраи фаъолияти ин ансамбл маҳфуз нест. Ва агар мисқоле бошад ҳам, онро расонаӣ накардаанд. Ба қавли донандагон, бо рафтани устод Султонмаҳмуд Абдумамадов аз шаҳри Душанбе ба Бадахшон гӯё як ҳиссаи ҳавои ҳунарии филармония холӣ монд. Мумкин бигӯед, чӣ гуна, охир ӯ худ аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун нарафта буд. Аммо насли ҷавон, онҳое, ки ҳолиё сисолаанд, аз куҷо донанд, ки он замон рафтуомади одамон аз шаҳри Хоруғ то ба пойтахт чи мушкилиҳое, ки эҷод намекард…
Роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ дар як сол қариб чор моҳ, роҳи ҳавоии хатсайри мазкур бошад, аз ин ҳам бештар баста буд. Баъдан дастаҳои ҳунарӣ дар як сол як – ду бор ба таҳдашт мефуромаданду халос. Дар ягона шабакаи телевизионӣ он замон пахши консертҳо мустақим буд. Солҳои баъдӣ барои сабти барномаи нави консертӣ тасмаи қаблан сабтшударо пок мекарданд. Агар имрӯз ягон баргаки сабте ёфт шавад ҳам, он дар сабти «Тоҷиктелефилм» маҳфуз аст. Аммо барои чунин наворҳоро аз бойгонӣ бурун овардан, аз ҳавсалаи журналистони телевизион вобаста мебошад. Аминем, ки ин амалро журналистони ҷавону ҳушманди Телевизиони мусиқии Тоҷикистон - «Шаҳнавоз» амалӣ мегардонанд.
Ин руҷуи нисбатан фасеҳ ба он хотир аст, ки ҳунармандони мумтозу маъруф дар қаламрави Тоҷикистон азиз, бахусус солҳои 40 – 80 – уми асри ХХ бедарак зиёд буданд. Яке аз дигаре бо садо, ҳунар, ханҷара фарқ мекард ва ҳар яке аз онҳо ҳазорҳо нафар мухлису ҳаводор доштанд.
Имрӯз бо соҳибистиқлолии кишвар шумораи шабакаҳои радиоиву телевизионӣ, сайтҳо, техникаҳои сабт, интернет беаъдод гаштаанд ва таронаи дилнишинро кунун метавон бе ягон душворӣ дар дилхоҳ вақту макон тамошо кард. Шумораи ҳофизони хуб ва хасакӣ низ кам нестанд, ки бо сурудҳои пасти бе вазну қофия тамоми расонаҳоро моломол кардаанд, ки, бешубҳа, он завқи ҷавононро ба пастӣ мебарад…
Аммо садои марғуби устод Султонмаҳмуд Абдумамадов дилхоҳ шунавандаро мафтун мегардонд. Ҳофизи баландово, ҳамзамон, навозандаи мумтоз дар тамоми созҳои торӣ буданд. Шунидани захмаи диловези тори бадахшии ӯ аҷаб кайфияте дошт.
Султомаҳмуди ҷавон аз деҳаи Роштқалъаи ноҳияи Шуғнон, аз сарояндаи дастаи ҳаваскорони санъати ноҳия, аз тамошогаҳи хурди музофот то ба толорҳои бузурги шаҳрҳои Душанбеву Москва ва соири кишварҳои дигари Иттиҳоди Шуравӣ баромада, бо ҳунари овозхонии хеш қалби ҳазорон шунавандаро тасхир сохтааст. Магар ин ҳама шуҳрату шон ба як сарояндаи тоҷики кӯҳистонӣ кам аст...
Аз хурдӣ, аз оғози солҳои 70 – уми асри гузашта, аз овоне, ки дар деҳот нахустин телевизорҳо пайдо шуда буданд, сурудхонии Султонмаҳмуд Абдумамадовро дар ҳайати ҳунарпешаҳои Бадахшон тамошо ва ба ханҷараи ҳофиз мафтун мондем. Ҳамчунон аз аҳли ҳунари Бадахшон, навозиши марғуби ситори навозандаи номвар Маҳмадато Таваллоев ва овози хушу ҷарангосии Майсара Дилдорова шайдо гаштем.
Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 зикр намуданд, ки созҳои мусиқӣ, зарби мусиқӣ ва суруду рақси бадахшонӣ аз таърихи куҳани миллати тоҷик, ки саросар моли ориёӣ аст, дарак дода, фарҳанги ин гӯшаи биҳиштосои кишвар осорхонаи зиндаро мемонад ва он ба ковишу тадқиқоти саҳеҳи илмӣ ниёз дорад.
Зикри муҳаққиқ Ҷонибеки Қозибек айни муддаост: «Ба майдони дафсозу мадҳия, фалаку лалайик қариб ҳар рӯз ҳунармандони ҷавони хушсалиқа ворид мешуданд. Вақте ки овози ширадору ғулғуландози ҳофиз Султонмаҳмуд Абдумамадов (Шафтолу) танинандоз шуд, ҷумла хурду калон, мухлисаш шуданд. Ӯро нафаси канда набуд, ба дарозо мехонду овоз мекашид, фазо ба худ қуллаи муҳити хос мегирифт, ба пардаи гӯш ду садо бармехӯрд, яке навои дилу дигаре овои сӯзи ҷон, ғамзада ашк мерехт, ҳама дидагон сӯяш ва аз хониши дурфишонаш шакар мерехт» («Бадахшон», № 47, 3.12.2020).
Иддае хонандаҳои дар мактаби махсуси мусиқӣ ва донишгоҳи санъат таҳсилнодидаро сарояндаи касбӣ намеҳисобанд. Аммо дар оғози асри ХХ, чунин нафарон – ҳунармандони асил, мактаби устод – шогирдро хатмкарда бо ин раҳ ба мартабаи воло мерасиданд. Баъдан, аксари ҳофизони халқӣ аз хати арабиасоси форсӣ ва кириллӣ огаҳии хуб доштанд. Қисмати зиёди онҳо мактабҳои муаллиминро поён бурдаву аз адабиёти пурғановати классикии тоҷику форс баҳравар буданд. Сар аз солҳои 30 – 40 – уми асри ХХ ҳофизону мутрибони халқиро устодон аз остони озмуну сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ба дастаҳои ҳунарӣ шомил мекарданд, ки ағлаби онҳо номвар гаштаанд. Ҳамчунон, доди худовандиро низ сарфи назар набояд кард. Ин гуна мисол беҳисоб аст.
Баҳои устод Абулқосим Лоҳутӣ пас аз шунидани сурудхонии Султонмаҳмуд дар шаҳри Душанбе: «…Санъати олию сози дилнишин, табъи нозуксанҷу овози ширин, ишқи беандозае бар шеъру суруд, қалби пуртуғён ба мисли оби рӯди Бадахшон, инҳо дар ту таҷассум ёфтааст…», кифоят аст, бигӯем, воқеан ҳам, аз хониши дурфишони сарояндаи мумтоз Султонмаҳмуд Абдумамадов шакар мерехт.
Умари ШЕРХОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.03.2022 №: 47 Мутолиа карданд: 778