порлумон
ҚОНУНГУЗОРӢ. ИХТИЛОФОТ ДАР МАҚОМОТИ АДЛИЯ БАРТАРАФ МЕШАВАНД
Бо мақсади самаранокии ташкили фаъолият, истифодаи мувофиқи институти ҷойивазкунӣ ва бартараф намудани ихтилофот дар мақомоти адлия ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» тағйироту илова ворид шуд.
Музаффар Ашуриён, вазири адлия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки ҷиҳати мутобиқ намудани номи моддаи 9 Қонун (Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо) ба матни он номи модда дар таҳрири нав, яъне «Нотариати давлатӣ» ифода гардид.
- Дар асоси моддаи 30 Қонун тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад. Меъёри мазкур дар мухолифат ва такроршавӣ бо моддаи 261 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ) қарор дошта, дар амалия гуногунфаҳмиро ба миён овард. Чунки, тибқи қонуни хизмати давлатӣ қоидаҳои гузарондани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатиро Президенти кишвар тасдиқ менамояд. Дар заминаи меъёри мазкур, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2019, № 1328 «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, тибқи он танҳо мансабҳои категорияҳои олӣ, якум ва дуюм бо ҷойивазкунӣ фаро гирифта шуда, ҷойивазкунии дигар категорияҳо бо ҳавола ба қонунгузории соҳавӣ, инчунин, Президенти мамлакат ё Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат мегирад, - гуфт вазири адлия.
Тибқи лоиҳа дар ном, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» калимаи «роҳбарикунанда» ба калимаҳои «роҳбарикунанда ва дигар кормандони» иваз шуда, ҳамзамон, қисми 3 моддаи 30 дар таҳрири нав ифода гардида, ба моддаи қисми 4 илова гашт.
Музаффар Ашуриён зарурати тағйиру иловаро чунин асоснок кард: «Дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мақомоти адлия воҳиди сохтории ягона надошта, ду зернизоми он – мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ алоҳидаю мустақил фаъолият менамоянд. Ҳарчанд моҳиятан бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ ҳамчун воҳиди мустақил аз лиҳози шумораи кормандон ва сарбории кор ба раёсат баробар бошанд ҳам, тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири бахш, нотариуси калон ва нотариус мувофиқан ба категорияҳои чорум, панҷум ва шашум мансуб дониста шуда, масъалаи ҷойивазкунии онҳо танзим нашудааст».
Дар пайи ин тағйирот, ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» амалӣ гардида, тартиби ҷойивазкунии кормандони дигари мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.03.2022 №: 47 Мутолиа карданд: 4978