Хабарҳо
ХУҶАНД. ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
Ба муносибати 25 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти соҳаи маориф бунёд мешаванд.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои ободонӣ дар иншооти мазкур шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи насли наврас дар шаҳри Хуҷанд дар назди МТМУ № 28 бунёди бинои нав барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа бинои муассиса чорошёна буда, дорои 23 синфхона, бо тамоми шароитҳояш ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Муассисаи мазкур бо маблағи 18 миллион сомонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд мегардад. Дар он 100 сокини маҳаллӣ ба кор машғуланд.
Ҳамзамон, Раҷаббой Аҳмадзода аз сохтмони ширхоргоҳ-кӯдакистони № 18-и шаҳр дидан намуд. Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки кӯдакистон бо тамоми шароити муосир бунёд гардида, баробари ба истифода додани он 180 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар идома, раиси вилоят аз маҳали бунёди мактаб-интернати нав барои кӯдакони хурдсоли ношунаво ва шунавоияшон суст боздид намуд. Зикр гашт, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маҳаллаи 18-уми шаҳр барои ин қишри ҷомеа мактаб-интернати замонавӣ бо 300 ҷой сохта хоҳад шуд. Дар асоси лоиҳа иншоот дорои бинои асосӣ, биноҳои ёрирасон, хобгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ аст.
Ҳамчунин, Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти сохтмони бинои истиқоматии иҷтимоӣ ва бунёди мактаби инноватсионӣ дар маҳаллаи Темурмалик ошно шуда, ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд бунёд кардани он дастуру супориш дод.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1096