logo

Хабарҳо

«БУХОРОИ ШАРИФ» - ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 110-умин солгарди аввалин ҷаридаи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» ва матбуоти тоҷик баргузор гардид. Дар он пажӯҳишгарони шинохтаи риштаи матбуот, рӯзноманигорону собиқадорони соҳа иштирок доштанд.
 
Таҷлили Рӯзи матбуот барои ҷомеаи мо баёнгари озодии баён, рушди тафаккури мардум ва инъикоси дигаргуниҳои дохилу хориҷи кишвар шинохта мешавад. Маҳз бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи таърихӣ дар тақвими ҷашнҳои мо пайдо шуд. Бино ба гуфтаи Сарвари давлат: «Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, ҷашни умумимиллӣ низ мебошад, зеро барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтаанд», - таъкид дошт мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода.
Ҷумъахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ, изҳор дошт, ки нашрияи аввалини тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» бо мазмуну муҳтаво ва андешаҳои созанда даст ба дасти халқ мегашт. Маҳз идеяҳои тоза ва мавқеъгирии дуруст роҳро барои рушди мактабу маориф, иқтисоду тиҷорат ва худшиносии миллӣ ҳамвор кард. Мавсуф хабар дод, ки 110 шумораи рӯзнома пурра ба хати кириллӣ баргардон шуд.
Зинатуллоҳ Исмоилзода дар тақвияти ин гуфтаҳо барои ҳарчи бештар шинохтани ҳақиқати мазмуну мундариҷаи рӯзнома ҳамчун падидаи нахустини воситаҳои ахбори омма боз кардани шуъба ё маркази вижаеро ба хотири омӯзиши «Бухорои Шариф» пешниҳод намуд.
Дар ин замина Қироншоҳ Шарифзода, пажӯҳишгари илми журналистикаи тоҷик, афзуд, то барои сомон додани ин ибтикори муҳим ҳамкорӣ бо бахшу факултетҳои журналистикаи ҳамаи донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллӣ ва ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зарур аст.
- То ҷое, ки огоҳем, як гурӯҳ аз устодони ДДХ аз рӯйи як лоиҳаи махсуси давлатӣ ба гирдоварии ҳамаи маводу матлабҳои «Бухорои Шариф» ва нашри силсиладори он дар чанд ҷилд машғуланд. Як зумра олимони ин донишгоҳ ба омӯзиши густардаи ин ҷарида саргарм буда, фаъолияти муштараки таҳқиқотӣ бо онҳо ба суди кор хоҳад буд, - гуфт Қироншоҳ Шарифзода.
Дар бахши музокираи конфронс дар як ҷилд ҷамъ шудани мубоҳисаҳо ва мақолаҳои илмии ин конфронс, пурра баргардон шудани шумораҳои рӯзнома ба хати кириллӣ, инчунин, ҳарчи зудтар таъсис додани маркази омӯзиши «Бухорои Шариф» дар Китобхонаи миллӣ зарур шумурда шуд.
Ёдовар бояд шавем, ки аз соли 1994 ҳамасола 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад, ки 110 сол пеш аз ин дар ҳамин санаи таърихӣ нахустин шумораи «Бухорои Шариф» дар Когон нашр шуда, ба дасти муштоқони сухан расидааст. Ҳамин рӯзнома бо умри кӯтоҳ ва ҳамагӣ 153 шумора заминаи мустаҳкаме гузошт, то дар оянда ҷаридаҳои дигари тоҷикӣ бо номҳои дигар нашр шаванд ва фазои иттилоотӣ ба вуҷуд ояд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 937
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед