иҷтимоиёт
ДИГАРОН ГУФТАНДУ МО ҲАМ МЕГӮЕМ
Солҳои пеш мегуфтанд: «Рӯзноманигор дар матлабҳои таҳлилӣ ва таҳқиқии худ ду дарсади факту далелҳоро истифода мекунад, наваду ҳашт дарсади онро барои сари суд нигоҳ медорад». Намедонам, ин гуфта чаро роиҷ гардиду ба он эътимод бастанду бовар карданд. Ман ба ин гуфта ҳеҷ розӣ шуда наметавонам, ба шогирдонам дар ин хусус мегӯям ва таъкид менамоям: «Рӯзноманигори асил ҳамаи факту далелҳоро моҳирона дар матлабҳояш ҷой медиҳад ва корро то ба суд намебарад».
Мафҳуми «Рӯзноманигори музофот» набояд ба он маънӣ бошад, ки сатҳи фаҳмишу эҷодаш паст аст, балки матлабаш аз дастоварду мушкилоти мардуми музофот мебошад.
Рӯзноманигор дар ҳама ҷо ба маънии касбии худ рӯзноманигор аст, агарчи дар музофот бошад ва ё дар пойтахти кишвар.
Матлаби рӯзноманигори музофот бояд чунон касбӣ бошад, ки рӯзноманигори пойтахт бо мутолиаи он дарёбад ва пурра бовар ҳосил кунад, ки музофот, дастоварду мушкилотро танҳо ӯ беҳтар таҳлил кардаву навишта метавонад.
Талоши бархе аз рӯзноманигорон ҳатто дар солҳои аввали фаъолият соҳиб шудан ба мукофот аст. Соҳиби мукофот гардидан мушкил нест, мушкил рӯзноманигори асил шудан мебошад.
Барандаи як намоиши телевизионӣ пас аз қироати шеъри шоири навқалам мегуфт: «Беҳтарин, олитарин шеър». Дар асл шеъре буд, пур аз нуқси вазниву мантиқӣ ва мавзуяш низ ҷолибу дархӯри шунавандаву замона набуд.
Бо ин як ҷумла худро муаррифӣ мекард, ки саводи шеърӣ надорад ва баҳои дуруст дода наметавонад.
Дар мо таҳқиқоти журналистӣ бояд ривоҷ биёбад, аммо натиҷаи он, чунон ки дар кишварҳои дигар аст, ба манфиати миллат, давлат ва пешрафташ бошад, на бо ғаразҳои бад, сиёҳ кардани онҳо.
Вақте ки рӯзноманигор худ ба фисқу фасод дил мебандад ва фурӯхта мешавад, хабари он пеш аз матолибаш ба мардум мерасад. Зимни дидани он матолиб ба ӯ нафрин мехонанд ва аз палидиҳояш бори дигар ёдоварӣ мекунанд.
То ба мо ҳам рӯзноманигорон буданд. Баъди мо ҳам хоҳанд буд. Мо ҳолиё дар ин миёна қарор дорем ва ҷои худро ба ояндагон во мегузорему дар шумори гузаштагон медароем. Он гоҳ дар ҳаққамон агар нек нагӯянд, бояд ин имконро аз имрӯз барояшон надиҳем, ки бад бигӯянд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.03.2022 №: 48 Мутолиа карданд: 853