иҷтимоиёт
ҲАР МАҚОЛАРО АВВАЛ Ӯ МЕХОНАД
Як рӯз бувад ид ба як сол ба як бор,
Ҳамвора маро ид зи дидори ту ҳамвор.
Ин байти Одамушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ пайваста дар зеҳнам падид меояд, ҳар рӯзе, ки ба чанд бор ба дафтари кории Манзура меоям, бо баҳонаи он, ки хатоҳои аз мақолаҳои хабарнигорони ҷамъиятиву шогирдон ёфтаамро пок созад. Манзура, бонуест заҳматпеша, фаъолияташ ба чашм намоён. Бештари мақолаҳое, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» сӣ соли охир нашр шудаанд, тавассути ангуштони маҳину нозуки ӯ аввал рӯйи коғаз ва сипас, дар саҳфаи рӯзнома рехтаанд, то ҳазорҳо хонандагон аз ҳаводиси ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву ҷаҳон огоҳӣ биёбанд. Ва ҳам ӯ нахустин хонандаи мақолаҳои бо заҳмати сангин эҷоднамудаи хабарнигорони рӯзнома аст. Вай ба ман ҳамеша таъкид менамояд: «Ин матлаб хуб аст, аз хонданаш як ҷаҳон маънӣ бардоштам». Агар мақола умумӣ бошад, яъне ба назараш миёна расад, чизе намегӯяд. Ва мо аз баҳои бесадои ӯ дарк месозем, ки бояд дар сари навиштаамон андеша биронем ва сухани наве биёбем ё бори дигар қалами таҳрир ба даст гирем. Ӯ ҳуруфчин бошад ҳам, дар солҳои кораш дар рӯзнома аз таҳрир дарак ёфтааст, гоҳе калима ва ибораҳои суфтаву рехта, мақолу зарбулмасалҳоро ёфта, дар мавқеаш истифода мебарад, яъне дасти таҳрир дорад, дар шумораҳои «Шоми шанбе» маҳсули тарҷумааш пайваста гул мекунанд. Аз ин рӯ, бесабаб нест, ки бо нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Сипосномаву Ифтихорномаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» сарфароз шудааст.
Манзура Шамсова дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» чун исмаш шахси мавриди назар аст, соҳибэҳтирому соҳибмартаба. Донишу таҷрибаи зиёд дорад, чандин духтаронро дарси маҳорат омӯзонда, ба кори мустақилона ҳидоят намудааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.03.2022 №: 48 Мутолиа карданд: 2395