иҷтимоиёт
РАДИО. ХИДМАТИ ЯК РАСОНАИ БУЗУРГ
Замоне яке аз аввалин ва дастрастарин воситаи ахбори омма радио маҳсуб меёфт. Пиру барно гӯшу ҳуш буданд, то аз он хабари нав, суруду таронаи тоза ва фароғати фарҳангӣ дарёбанд. Куҳансолон аз субҳи содиқ, ба қавли худашон, “мурути радио ё гӯшаки радиоро тоб дода”, “канӣ фаҳмем, дар дунё чӣ гап гуфта”, пеши радио менишастанд.
Ҳоло радио ба мавҷи рақамӣ, ба интернет ва даҳҳо техникаву технологияи муосир пайвастааст, ки кори кормандонро осон мекунад.
Радио даргоҳи бузург асту мемонад. Ҳар кӣ аз таърихи қариб садсолаи Тоҷикистон аз соли 1924 то имрӯз варақ гардонад, ба некӣ дармеёбад, ки радио дар эълон кардани аввалин эъломияҳои таъсиси кишваре бо номи Тоҷикистон, эълони оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ пас аз ваъдахилофии Гитлер, ба тамоми дунё паём додан аз ғалаба дар ҷанг ва даҳҳо падидаҳои бузурги тамаддуни миллат ва давлатамон хидмат кардааст.
Соли 1991 бори аввал Эъломияи Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро шунида, дар Ғончӣ ашк рехта будам, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Аммо минбаъд, тадриҷан хабарҳои шуме ба гӯш мерасиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ аланга задаву радио ягона муттако гардид. Барномаи “Хоки Ватан” на танҳо муҳоҷирону паноҳандагони кишварҳои дигар, балки дили моро ҳам об мекард. Ҳай дареғи нолаҳои Одина Ҳошим:
Куҳандиёро, диёри ёро, дил аз ту кандам,
вале надонам,
Агар гурезам, куҷо гурезам, в-агар
бимонам, куҷо бимонам?
На пойи рафтан, на тоби мондан, чӣ гуна
гӯям, дарахти хушкам,
Аҷаб набошад, агар табарзан тамаъ
бубандад бар устухонам.
Ва аммо бо гузашти чанд соли гирябору пур аз ғам 27 июни соли 1997 аз оташбас, аз қатъи ҷанг сухан гуфта шуд ва радио ҳам пайғоми ҷонбахши Ваҳдати миллиро ба гӯши мо расонд.
Шукр, бо тай кардани чунин роҳи пурпечутоб ба имрӯзи пурсаодат расидем. Ҳоло дар мавҷ даҳҳо радиоҳои давлативу мустақилро мешунавем. Ҷавонони хушсадо ва сухандон паси микрофон нишаста, ба дурдасттарин гӯшаҳои кишварамон паём мерасонанд, аз набзи ҷомеаи ҷаҳон мегӯянд.
Бовар дорем, ки ин насли нав дар баробари рушди воситаҳои ахбори омма ранҷи гузаштагонашонро дар эъмори давлатдорӣ фаромӯш намекунанд.
Муҳаммадшариф САЛИМ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.03.2022 №: 48 Мутолиа карданд: 905