фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
МУАММОИ МАТБУОТ «ҶУМҲУРИЯТ» МОДАРИ МАТБУОТИ ТОҶИК»
1. Нахустшумораи рӯзномаи «Бухорои Шариф» кадом сол аз чоп баромадааст? 2. Соли ба истифода додани матбааи тоҷик. 3. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» шуруъ аз кадом сол бо номи «Тоҷикистони сурх» чоп мешуд? 4. Аввалин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и ҳозира соли чанд ба табъ расидааст? 5. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» соли чанд мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт? 6. Шумораи аввалини рӯзнома ба теъдоди чанд нусха интишор ёфтааст? 7. Аз кадом сол инҷониб 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад? 8. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» кадом сол Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуд? 9. Маҷаллаи тоҷикии «Шуълаи …», ки коммунистони Бухоро дар соли 1918 ба роҳ андӯхта буданд. 10. Шумораи дуюми рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и ҳозира бо номи …и … аз чоп баромад. 11. Яке аз асарҳои А. М. Горкий, ки дар рӯзномаи «Бухорои Шариф» чоп шудааст. 12. Мудири матбаа Л. Н. …, ки дар он рӯзномаи «Бухорои Шариф» чоп мешуд. 13. Э ҷафоҷӯ, чӣ аламҳо, ки … аз ту. 14. Муҳаррири рӯзномаи «Бухорои Шариф» … Ҷалол Юсуфӣ. 15. Шеъри Гулчеҳра Сулаймонӣ «…и хандонрӯ». 16. Нахустшумораи рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар куҷо аз чоп баромадааст. 17. Меҳмони даъват нашуда. 18. Шумораи аввали рӯзномаи «Бедории тоҷик» зери таҳрири … Алиев аз чоп баромадааст. 19. Ҷоно, ҳаваси … ағёр чӣ лозим. 20. Номи аввалини рӯзномаи «Ҷумҳурият». 21. Дарахти дӯсти биншон, ки … дил ба бор орад. 22. Чу … кардӣ, машав худпараст. 23. Мақолаи устод Мирзо Турсунзода ба хотири 50-солагии рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Аввалин газета, аввалин …».
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ,
сокини ноҳияи Данғара
ҶАВОБИ МУАММОИ «ЛАБИРИНТ» АЗ 04.03.2022
Аз боло ба поён:
1. Моҳир. 2. Нишон. 3. Шакар. 4. «Норак». 5. Сафар. 8. Мурод. 10. Меҳан. 13. Низом. 14. Рақиб. 15. Самар. 16. Мирзо. 17. Усмон.
Аз чап ба рост:
1. Мошин. 4. Номус. 6. Шокир. 7. Ромин. 9. Камар. 11. Сурат. 12. Муҳра. 13. Нодир. 16. Манту. 18. Қамар. 19. Мироб. 20. Осмон.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
РӮЗНОМАНИГОРИ ТОҶИКТАБОР - ЯКЕ АЗ 12 ЗАНИ ТАЪСИРГУЗОРИ ҶАҲОН ЭЪТИРОФ ШУД
Маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсии амрикоии «Таймс» рӯзноманигори тоҷиктабор Заҳро Ҷӯёро барои «Эҷод дар муҳити душвор» дар радифи 12 зани фаъоли таъсиргузори ҷаҳон, чеҳраи соли 2022 интихоб карда, акси ӯро дар саҳифаи аввали худ нашр намуд.
Маҷалла иттилоъ додааст, ки Заҳро Ҷӯё баъд аз ба қудрат расидани гурӯҳи «Толибон» дар муҳити душвор Агентии иттилоотии «Rukhshana Media» - ро берун аз Афғонистон таъсис дод, ки зиёдтар масоили марбут ба занонро матраҳ менамояд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
ПАРВОЗИ АВВАЛИН ЖУРНАЛИСТ БА КАЙҲОН
Соли 1987 намояндагони системаи радиошунавонии Токио бо роҳбарияти кайҳоннавардони ҳайати ИҶШС барои фиристодани журналисти Ҷопон дар ҳайати “Союз” муроҷиат намуданд. Дар ин лоиҳа 162 рӯзноманигор иштирок намуд ва аз миёни онҳо Тоёхиро Акияма интихоб гардид.
Ҳамин тавр, Тоёхирои 47-сола 2 декабри соли 1990 бо киштии кайҳонии “Союз ТМ-11” ба кайҳон парвоз намуда, номи худро ҳамчун аввалин рӯзноманигори кайҳоннавард дар таърих сабт намуд. Журналист аз оғоз то анҷоми парвоз, ки ҳафт шабонарӯзу 21 соату 54 дақиқа идома кард, лаҳза ба лаҳза аз ҷараёни воқеоти дар киштӣ рӯйдода ба телевизиони ТВS гузориш медод. Тавассути гузоришҳои ӯ, тамошобинон аз асрори кайҳоннавардон: хурду хоб ва машқҳои махсуси онҳо огоҳӣ пайдо карданд. Ҳамчунин, Акияма тавонист, ки фуруд омадани киштии кайҳониро ба замин (10 декабри соли 1990) ба тамошобинон мустақиман нишон диҳад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ТАВСИЯ
8. ЁРӢ ХОҲЕД, АГАР НИЁЗМАНДЕД
Аксари одамҳо хуш надоранд, ки дар ҳолати ниёзмандӣ аз дигарон ёрӣ бихоҳанд. Шояд иллати ин масъала дар тарс ва хиҷолат бошад. Дар ҳар сурат, тарсидан аз дархости ёрӣ нигариши носолим аст. Инсон мавҷуди иҷтимоӣ буда, бахше аз вуҷудаш дар иртибот бо иҷтимоъ ва ёрӣ кардану кумак гирифтан аз онҳо маънӣ пайдо мекунад. Табдил кардани «ман» ба «мо» душвор, аммо бисёр муҳим аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
ҚУДРАТИ ИНСОН
9. КРИСТИ БРАУН
Дар тафовут бо қаҳрамонҳои дигаре, ки аз рӯзгорашон қисса кардем, Браун аз модар маъюб таваллуд шудааст. Вақте табибон мегӯянд, ки тифл фалаҷи модарзодӣ дораду узвҳояш дигар инкишоф намеёбанд, падар ҳамон лаҳза аз ӯ рӯй мегардонад. Вале модар ташхиси табибонро гӯё ношунида бошад, ки бо талоши бештар ба тарбияи ҷигаргӯшааш машғул мешавад. Чун кӯдакони дигари навзод ба Браун роҳгардӣ, гапзанӣ ва навиштану хонданро омӯхтан мехоҳад. Заҳматҳои шабонарӯзии модар натиҷа медиҳанду пойи чапи Браун ба қавле «зинда» мешавад ва ҳамин як по дере нагузашта ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ меорад. Маҳз бо пойи чап Браун аввал доштани бур, сипас мӯқалам ва қаламро аз худ карда, сураткашиву навиштан, ҳатто дар мошинка чоп карданро ёд мегирад. Бо гузашти вақт ва бо такя бо иродаи шикастнопазири худу модари ғамхораш Браун ҳамчун рассом ва новелланавис шуҳрати ҷаҳонӣ мегирад. Воқеан, филми ҳунарии «Кристи Браун: пойи чапи ман», аз рӯзгори ин маъюби қавиирода нақл мекунад ва муаллифи филмнома худи ӯ мебошад.
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
НАПОЛЕОН ВА ТАТБИҚИ ҚОНУНИ НАВ
Вақте Наполеон қонун «Дар бораи бекор кардани ақди никоҳ»-ро имзо кард, ҳамсараш Жозефина аз ӯ ҷудо шуд. Бовар нокарданист, вале ин нахустин ҳолати пошхӯрии оила тибқи қонуни нав буд.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШӢ
ҲОККЕЙ
ЧӢ ГУНА ИҶШС-И ЯККАТОЗ АЗ ИМА-И БЕТАҶРИБА ШИКАСТ ХӮРД?
Дар XIII Бозиҳои олимпии зимистона – 1980 (Лейк-Плэсид, США) воқеае рӯй дод, ки дар таърихи варзиш бо номи «Муъҷиза дар рӯйи ях» сабт гардидааст. Дар нерусанҷии пеш аз охири марҳилаи финалӣ (он вақт бозии ҳоккей аз рӯйи системаи даврӣ гузаронда мешуд) қаҳрамони вақт мунтахаби Иттиҳоди Шуравӣ бо тими ИМА, ки аз бозигарони ҷавону камтаҷриба иборат буд, вохӯрд. Ин бозӣ ба қавле тақдири медалҳои тиллоро ҳал мекард. Табиист, ки пеш аз оғози бозӣ касе тахмин намезад, ки шуравиҳо аз ин дастаи камтаҷриба мағлуб мешаванд, вале…
Хуллас, даҳ дақиқа мондан то анҷоми зӯрозмоӣ амрикоиҳо бо ҳисоби 4:3 ба пеш баромаданд. Ҳоккейбозони шуравӣ ҳарчанд хостанд аз вақти боқимонда истифода бурда, ҳисобро ақаллан баробар кунанд, вале кӯшишҳояшон самар надод. Бозигарони амрикоӣ, махсусан дарвозабонашон Ҷим Крейг, ҳунари олӣ нишон дода, ниҳоят бар Иттиҳоди Шуравӣ ғолиб омаданд. Ҳарчанд, то анҷоми мусобиқот як бозии дигар боқӣ монда буд, вале амрикоиҳо пирӯзии ғайриинтизорашонро чунон истиқбол мекарданд, ки гӯё, аллакай, қаҳрамони олимпианд. Бовар нокарданӣ буд, вале дар ниҳоят ҳамин тавр ҳам шуд: ҳоккейбозони амрикоӣ дар вохӯрии охир ҳам бар Финляндия ғолиб омада, чемпион гардиданд. Мунтахаби ИҶШС бошад, барандаи медалҳои нуқра шуд.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
ҶОНДОРҲО ЧАНД СОЛ УМР МЕБИНАНД?
Гамбусаки саврӣ – 30 – 45 рӯз, сӯзанак – 45 рӯз, магаси хонагӣ 70 –70 рӯз, занбӯри асал – 180 – 200 рӯз, тортанак – 7 сол, мӯрча – 10 – 15 сол, моҳиҳои майдазот – 5 – 7 сол, моҳиҳои лаққа – зиёда аз 100 сол, мормоҳӣ – қариб 20 сол, зағорамоҳӣ – 200 сол, ққа – 30 сол, ғук – 36 – 40 сол, калтакалосҳои майда – 1 – 2 сол, мори афъӣ – 30 сол, тимсоҳ – 300 сол, фароштурук – 9 – 10 сол, гунҷишк – 14 – 20 сол, булбул – то 20 сол, моҳихӯрак – 21 сол, акка– 20 – 30 сол, мурғи хонагӣ – 25 – 30 сол, куку – 40 сол, зоғча – 40 сол, зоғи сиёҳ – то 150 сол, турна – 40 – 50 сол, кабӯтар – 35 – 40 сол, мурғобии хонагӣ – то 50 сол, ғози хонагӣ – то 65 сол, ғози ваҳшӣ – то 80 сол, бум – 50 – 53 сол, чуғз – 60 – 70 сол, лаклак – то 70 сол, каргас – 60 –80 сол, қу – то 100 сол, тӯтӣ – зиёда аз 100 сол, шоҳин – то 150 сол, харгӯш – 5 – 7 сол, гурба – 9 – 10 сол, саг – 10 – 15 сол, гов то 25 сол, гӯсфанд – 15 – 20 сол, буз – 12 – 15 сол, хук – 15 – 16 сол, асп – 35 – 40 сол, шутур – то 40 сол, хар – 50 сол, муш, калламуш – 2 – 3 сол, заргӯш – 7 – 9 сол, санҷоб – 10 – 12 сол, рӯбоҳ то 15 сол, гург – 10 – 15 сол, паланг – то 25 сол, шер – 35 – 40 сол, хирси сафед – 30 – 33 сол, хирси малла – то 50 сол, гавазни шимолӣ – то 16 сол, хуки ваҳшӣ – 20 – 30 сол, баҳмут – то 40 сол, говмеш – то 40 сол, фил – зиёда аз 200 сол, павиан – 24 сол, орангутан, горилла ва шимпанзе – то 60 сол.
Таҳияи Умар АЛӢ
ҲУКМҲОИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
АЗ ЗИНДОН БА ОХИРАТ
НАФАҚАДУЗДЕ, КИ БА ҶУЗ ИН, ДИГАР РОҲЕ НАДОРАД
Соли 2000 Шалом Вайс ном шаҳрванди амрикоӣ ба муҳлати 2000 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ як корманди одӣ, вале донишу зеҳни фавқулода дошт. Шалом бо усули ғайриодие, ки мутахассисонро дар ҳайрат гузошт, ба пойгоҳи техникии фонди нафақа ворид шуда, маблағи бознишастагонро аз худ кардааст. Баъд аз ин амалӣ ғоратгарона, чанд муддат ғайб зада, ахиран боздошт ва бо сангинтарин ҷазо маҳкум ба зиндон шуд. Акнун шубҳае нест, ки судшуда аз роҳи зиндон ба охират мепайвандад.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
Қонуни «Талафот»
Ҳама чиз мегузарад, ҳам хуб ва ҳам бад. Аммо вазифаи мову шумо ин аст, ки ба хубӣ тамаркуз ва ба бадӣ беэътиноӣ зоҳир намоем. Танҳо онҳое, ки ҳеҷ кор намекунанд, хато намекунанд. Вале мо мекунем! Ин маънои онро дорад, ки хатогиҳо ногузиранд ва мо аз хато кардан меомӯзем ва онҳо танҳо аз худи мо сар мезананд. Чунин ба назар мерасад, ки ин ё он ҳолат бо ҳар кас рух дода метавонад, вале асло бо мо не. Аммо ҳолатҳо хоҳу нохоҳ рух медиҳанд. Аз ин рӯ, як саҳифаи зиндагиро варақ гардонда, бо кушодани саҳифаи нави зиндагӣ хушбахтона ба сар бурдан зарур аст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
АРХИМЕД
Архимед дар шаҳри Александрияи Миср, ки он ҷо китобхонаи маъруф ба номи Александрия – маркази илм ва мориф мавҷуд буд, таълим гирифтааст. Пас аз анҷоми таҳсилот бо шӯру шавқ ба омӯхтани астрономия машғул гардид ва дар байни ҳаммуосирони худ аввалин олиме гашт, ки назари даврзании сайёра дар атрофи Офтоб, на баръаксро пешгӯйӣ намуд.
Ихтирооти олим дар мубориза бо душманон барои Ватан фоидаву сабукиҳои зиёде овард, мошинҳои ҳарбии ихтироъкардаи Архимед борҳо Сиракузро аз ғасби душманон нигоҳ доштаанд. То замони пирӣ Архимед бо математика машғул шуда, рӯйи бозёфтҳои нави илмиаш кор кардааст. Ӯ аз дасти сарбози артиши Марка Клавдия Мартселла кушта шуд.
Муҳимтарин ихтирооти олим: Қонуни Архимед (тавсифи қуввае, ки ба ҷисми дар дохили моеъбуда таъсир мерасонад); системаи сабти ададҳои басо калон; ихтирои «Винти Архимед»- насоси винтӣ; коркарди методи ҳисоби майдонҳои шаклашон гуногун.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ПОЙАФЗОЛИ БИДУНИ АНДОЗА
БАРОИ СОКИНОНИ КАДОМ МИНТАҚА ПЕШБИНӢ ШУДААСТ?
Иштирокдори Созмони эҳсонкорӣ Кентон Лии амрикоӣ ҳангоми дар Кения будан кӯдакони пойлучро дида, басо мутаҳайир гашт. Ӯ кафшҳои мустаҳками андозаҳояшон тағйирёбандаро сохт ва акнун барои истеҳсоли онҳо маблағ ҷамъоварӣ менамояд. Одамони майлдор аз тамоми дунё барои ин кори хайр, аллакай, беш аз 12 ҳазор доллар, яъне барои 1000 ҷуфт пойафзол маблағ ирсол намудаанд.
Алҳол кафшҳо дар ду шаклу андоза: барои кӯдакони синни то мактабӣ ва синни хурди мактабиву наврасон истеҳсол мегарданд.
Кентон солҳост, ки дар чорабиниҳои гуногуни эҳсонкорӣ ширкат карда, барои саҳм дар мубориза бо бемории саратони кӯдакона борҳо ба кишварҳои африқоӣ сафар намудааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ЧАПЛИН ВА ТАҚЛИДИ ПАВАРОТТИ
Дар як ҷамъомади ашрофон ҳунарманди оламгир Чарли Чаплин оҳанги ниҳоят душвори операро чунон устокорона месарояд, ки мардум ба ваҷд меояд. Як хонум ҳаяҷони худро пинҳон карда натавониста, Чаплинро ба оғӯш мекашад ва бо ҳаяҷон мегӯяд:
- Олиҷаноб, ман тасаввур намекардам, ки шумо дар ин сатҳ опера мехонед.
- Не азизам, ман актёри театрам, агар мақсадам тақлиди Лучано Паваротти намешуд, овозамро ҳатто худам намешунидам.
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
БЕРУН АЗ СИЁСАТ
ҶО БАЙДЕН – БОБОИ ҒАМХОР
Котиби матбуотии Кохи сафед Ҷен Псаки 22 апрели соли 2021 бори нахуст аз машғулиятҳои писандидаи Ҷо Байден, Президенти ИМА, ба рӯзноманигорон маълумот дод, ки ҷолиб аст.
Бино ба гуфтаи ӯ, президент, агар фурсати холӣ аз кор ёбад, ҳатман бо нигоҳубини ду сагаш, ки онҳоро хеле меписандад, машғул шуда, ҳамзамон, соатҳо бо тамошои филмҳо саргарм мешавад.
Бо аҳли хонавода камтар сари дастархон менишинад ва аксари вақташро бо наберачаи худ паси сар мекунад. Вақти бозиву шӯхӣ бо наберааш кас гумон намекунад, ки Ҷо Байдени 80-сола яке аз сарварони қудратманди кишварҳои дунёст, балки бобои ғамхор асту бас.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ДУ ПАНД
Ба душманонат ҳазорон бор фурсат бидеҳ, то бо ту дӯст шаванд, аммо ба дӯстонат як фурсат ҳам надеҳ, ки душманат шаванд, зеро дӯстонат ҷойи амиқи захмҳои дилатро дақиқ медонанд.
* * *
Муҳимтарин рӯзҳои зиндагии ҳар инсон ду рӯз аст; рӯзе, ки ба дунё меояд ва рӯзе, ки далелашро бифаҳмад.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
САРГУЗАШТИ БОВАРНОКАРДАНИИ АҶОИБ ДАР ТИБ
7. МАЙНАИ САРЕ, КИ БО ШИРЕШ ПАЙВАСТААНД
Элла – Грейс Ҳонейман аз лаҳзаи таваллуд аз бемории аневризм, ки дар байни мардум хеле кам дида мешавад, ранҷ мебурд. Дар натиҷаи ин беморӣ хун метавонад аз сӯрохиҳои рагҳо ба майнаи сар ворид шавад. Барои маҳкам кардани ин сӯрохиҳо табибон аз як навъ суперширеши тиббӣ истифода карданд. Ба гуфтаи табибон, гарчанде ин табобат мушкили духтаракро пурра ҳал намекунад, вале ӯ метавонад чанд муддати дигар умр бинад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ДАҲ ҚОИДАИ НӮШИДАНИ ЧОЙ
АЗ БЕХОБӢ ХУДДОРӢ КУНЕД!
Чойи аз ҳад зиёд талхро истеъмол накунед. Каффеин ва танин, ки дар таркиби чойи талх мавҷуд аст, боиси сардардӣ ва бехобӣ мешавад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.03.2022 №: 48 Мутолиа карданд: 2897