logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ АРАБИИ МИСР

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИЮ  САРМОЯГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ АРАБИИ МИСР
10 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ мудири кулли Мақомоти сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди Миср Муҳаммад Абдул Ваҳҳоб, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср, ки бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мабдулӣ баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти рушду таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср арзёбӣ намуда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Миср имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.
Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро, муқаррар намудааст. Узвияти кишвари мо дар Созмони ҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ шаҳодати мутобиқ будани қонунгузории он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Тоҷикистон то имрӯз бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ монда, бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ҳоло кишвари мо дорои иқтисоди бисёрсоҳавии рушдёбанда буда, дар он тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиб барои пешбурди соҳибкорӣ ва  сармоягузорӣ фароҳам гардидааст.
Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва дорусозӣ бо ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми кишвар, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш, барои Тоҷикистон дорои хислати афзалиятнок ҳисобида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар, мо ба татбиқи лоиҳаҳои судбахш дар соҳаҳои гидроэнергетика, иртибототу нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем. Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахта ва алюминийи аввалия то маҳсулоти ниҳоӣ, як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардидаанд.
Дар Тоҷикистон алҳол панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад. Дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз соҳибкорони мисрӣ даъват карда шуд, ки дар пешбурди фаъолияти истеҳсолии ин минтақаҳо босамару фаъолона иштирок намоянд.
Зимни суханронӣ дар Анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Мисру Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, сарватҳои бойи зеризаминӣ, кони маъданҳои фоиданок, металлҳо, сангҳои қиматбаҳо, табиати зебо, иқлими мусоиди кишти сабзавот, парвариши меваҳои хушсифату хушлаззати аз лиҳози экологӣ тоза андешаронӣ карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки аз имкониятҳои сармоягузорӣ дар ин самтҳо, истифода баранд.
Таъкид гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсоли доруворӣ, чорводорӣ ва соҳаи зарбӯриасалпарварӣ, коркард ва содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин, оби баландсифати нӯшокӣ - бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздику Миёна - барои шарикони мисрии мо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.
Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби ошомиданӣ ва намаки ошӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти асосноки сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба  роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур дастгирӣ намояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Тоҷикистон, табиати нотакрори он, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ ва дигар имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ, махсусан туризми кӯҳӣ, изҳори андеша карда, таъкид  доштанд, ки қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, ки мисли аҳромҳои мисрӣ кишвари моро зеб медиҳанд, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир сайёҳонро ҳар сол барои дидор ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд, шумораи онҳо сол то сол афзоиш меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.
Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Арабии Миср даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд, таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Миср дар самтҳои гуногун ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.
Дар анҷоми мулоқот имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираи тоҷирону сармоягузорони Миср мубоҳисаи судманд баргузор шуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои кори Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
 
 
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛВАҲҲОБ АБДУРРОЗИҚ
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо, бахусус дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ, баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон Ҷумҳурии Арабии Мисрро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ, дунёи араб ва ҷаҳони Ислом медонад ва густариши минбаъдаи  равобити дӯстона ва ҳамкории судмандро бо он ба нафъи мардумони ду давлат меҳисобад. 
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушди тамосҳои мунтазами байнидавлатӣ, тавсеаи амалии робитаҳои дуҷонибаи мамлакатҳо, аз ҷумла дар самти робитаҳои парлумонӣ, табодули афкор намуданд.
Аз ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Миср ва робитаи сохторҳои парлумонии ду ҷумҳурӣ дар раванди эҷоди эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба ва ташаккули заминаи ҳуқуқӣ қаноатмандӣ изҳор гардид.
Робитаҳои парламентӣ яке аз омили муҳими густариши самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Миср, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ, номида шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди инфрасохтор ва саноати туризм, робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла илмиву маърифатии байни ду кишвар, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистону Миср дар донишгоҳҳои якдигар, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср даъват карданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
 
 
САРФАРОЗ ГАРДИДАНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО УНВОНИ ДОКТОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ ҚОҲИРА
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷӯён сухан ронданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ректори Донишгоҳ доктор Муҳаммад Усмон ал-Хушт ва дигар омӯзгорону кормандони Донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.
Дар толори Донишгоҳ нахуст бо суханронии муқаддимавӣ вазири маълумоти олӣ ва тадқиқотҳои илмии Ҷумҳурии Арабии Миср Холид Абдуғаффор ва ректори Донишгоҳ Муҳаммад Усмон Хушт баромад карданд.
Бо қарори Шурои илмиву таълимии Донишгоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва бахусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Доктори фахрӣ” супурда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯён сухан ронда, нахуст барои қадршиносӣ ба роҳбарияти Донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз робитаҳои дӯстии мардумони ду кишвар, анъанаҳои ғановатманди таърихии Тоҷикистону Миср, андеша ронда, изҳор доштанд, ки мо метавонем дар заминаи ин анъанаҳои шуҳратманди гузаштагонамон ва бо такя ба дастовардҳои илмиву техникии муосир ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судмандро роҳандозӣ намоем ва густариш бахшем.
Зимни баромад дар назди устодону донишҷӯён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи навини давлатдории тоҷикон, соҳибистиқлол шудани давлату миллати тоҷик, сарнавишти сахту сангини кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, таҷрибаи сулҳофарии миллати сарбаланди тоҷик, рушду пешрафти илму маориф дар диёри мо ва дигар ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо таҷрибаи беназири сулҳофарии худ ҳамчун тарғибгари сулҳу осоиш ва ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки мо ҷиҳати таъмини рушди устувори Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки стратегиро муайян карда, татбиқи ҳадафҳои стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат талошҳои пайваста меварзем.
Таъкид гардид, ки кишвари мо дар тули 30 соли соҳибистиқлолии хеш тавонист бо давлатҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба барқарор намуда, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Тайи давраи начандон тулонии таърихи муосири хеш Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва бо аксари давлатҳои олам равобиту ҳамкории хубу судбахшро ба роҳ монд. Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин, сохторҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.  
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон андеша ронда, изҳор доштанд, ки мо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста ташаббусу ибтикорҳои созандаи худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ба самъи ҷаҳониён мерасонем. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар ҳоли ҳозир иқдоми чоруми Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
Зимни таҳлили вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар ростои амниятӣ, бо назардошти умумияти ҳадафу вазифаҳои дар назди мо қарордошта, густариши ҳамкорӣ ва табодули маълумоту таҷриба байни Тоҷикистону Миср дар мубориза бо терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ҳар ду кишвар дар муносибат ба онҳо мавқеи яксон дорад, бисёр муҳим мебошад.
“Мо бояд кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро бо иродаи муштарак аз хатари терроризму ифротгароӣ эмин нигоҳ дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини Ислом доғдор гардад”, - таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар фарҷоми сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар барои сарфароз гардидан бо унвони «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи муътабари Қоҳира миннатдории худро баён намуда, ба устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Қоҳира дар таҳсил ва фаъолияти илмиву амалиашон комёбиҳо ва дастовардҳои беназир орзу карданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Қоҳира муҳимтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср буда, 21 декабри соли 1908 таъсис ёфтааст. Донишгоҳи  мазкур дувумин Донишгоҳи қадимтарини Миср ва сеюмин дар ҷаҳони араб пас аз Донишгоҳи Ал-Азҳар ва Донишгоҳи Ал-Қаравӣ мебошад. Факултаҳои гуногуни он дар замони Муҳаммад Алӣ, ба мисли Ал-Муҳандис Хона (тақрибан 1820) таъсис ёфтаанд. Низоми муосири маориф яке аз муҳимтарин таҳаввулоте буд, ки Миср дар нимаи аввали асри нуздаҳум шоҳиди он гардид.
Донишгоҳи Қоҳира ҳамчун беҳтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср дар ҷаҳон шинохта шуда, дар таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу олимон нақши муҳим мебозад. Ҳамасола беш аз 155 000 донишҷӯ Донишгоҳи Қоҳираро хатм мекунад ва се нафар аз хатмкардагони он сазовори ҷоизаи ҷаҳонии Нобел шудааст.
 
 
БОЗДИД АЗ ПОЙТАХТИ НАВИ МАЪМУРИИ МИСР
11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср аз Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии нави ояндаи Арабии Мисри Араб боздид ба амал оварданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии нав муаррифӣ карда шуд.
Сохтмони шаҳр соли 2016 оғоз ёфта, бо суръати баланд идома дорад. Шаҳр сарфи назар аз он, ки асосан барои биноҳои маъмурии пойтахти нав пешбинӣ шудааст, ҷойгир намудани ҳудуди 7-10 миллион нафар аҳолӣ дар он дар назар аст. Масоҳати умумии шаҳр тақрибан 688 километри мураббаъ мебошад.
Пойтахти нав аз ҷиҳати маъмурӣ ба 20 ноҳияи гуногун тақсим шудааст, аз ҷумла ноҳияи биноҳои ҳукуматӣ, шаҳраки молия ва тиҷорат барои бонкҳо ва ширкатҳои хусусӣ, шаҳраки санъат ва фарҳанг, шаҳраки байналмилалии олимпӣ, шаҳраки дониш ва дарёи кабуд ва шаҳраки дипломатӣ.
Аз ҳозир баъзе чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ ва баъзан маҷлисҳои Ҳукумати Миср дар пойтахти нав гузаронда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии нави ояндаи Арабии Мисри Араб дар вилояти Қоҳира ва дар масофаи тақрибан 70 км самти шарқ аз пойтахти кунунии кишвар-шаҳри Қоҳира ва 65 км аз соҳили баҳри Сурх қарор дорад.
Зарурати бунёди ин шаҳрро зичии аз ҳад зиёди аҳолии пойтахти кунунии кишвар ба миён овардааст, зеро дар ҳудуди он зиёда аз 30 млн. нафар зиндагӣ мекунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маркази нави маъмурии Ҷумҳурии Арабии Миср ба кишвари дӯст шукуфоӣ ва мардуми Миср комёбиҳо орзу карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2022    №: 49 - 50    Мутолиа карданд: 1119
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед