Хабарҳо
КӮЛОБ. ТАНТАНАИ РӮЗИ МОДАР
Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, занону модарон ва дигар шахсони расмӣ ширкат карданд.
Нахуст, меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба санъату ҳунари волои занону бонувони Кӯлобшаҳри бостонӣ баҳои баланд доданд.
Сипас, Бахтиёр Назарзода аз дастоварду комёбиҳои бонувони шаҳр ёдовар гардид ва бо қаноатмандӣ зикр кард, ки рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, руҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва дигар бузургиҳои зан-модар аз ҷониби бузургони гузаштаву имрӯзаи мо ситоиш шудаанд ва хоҳанд шуд. Зеро зан модар аст, зан хоҳар аст, зан офарандаи авлоди башарият аст.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сипосгузорӣ ва қадршиносии ҳамешагии бонувон таъкид кардаанд, ки сиришти занону модарони рӯйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарону ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хосса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳама давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург мебошад, - таъкид дошт Бахтиёр Назарзода.
Муовини раиси вилоят изҳор дошт, ки меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон низ бо баромадҳои пурмуҳтавои худ атрофи ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону модарон, саҳми бонувон дар пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ баромад карданд.
Дар чорабинӣ як қатор собиқадорони меҳнат ва занону духтарони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳо қадр шуданд. Ҳамчунин, бо иштироки аҳли санъат барномаи ҳунарӣ баргузор гашт.
Далер ШАРИФОВ,
мудири бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1103