logo

иҷтимоиёт

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ЭҲТИРОМИ ЗАНОНУ БОНУВОН

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон аз 21 декабри соли 2021 нақши занону духтаронро дар баробари дигар самтҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург арзёбӣ намуданд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки дар он бонувон фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт Дилафрӯз Давлатова зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, № 158 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар масири татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба занон корҳои муайянеро ба сомон расондааст.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 шумораи умумии занон дар ноҳия ба 67428 нафар расид, ки аз ин шумора 35418 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошад. Ҳоло дар соҳаҳои маориф 409, тандурустӣ 461, фарҳанг 52 ва дар рушди соҳибкории хурду миёна 171 зан фаъолият намуда истодааст. Шумораи занону духтарони роҳбарикунанда 176 нафарро ташкил дода, 15 нафари онҳо ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия манфиатҳои интихобкунандагони худро ҳимоя менамоянд. 71 зани дигар роҳбарии хоҷагиҳои инфиродии деҳқониро ба уҳда дошта, 128 нафар занон дар корҳои мавсимӣ даст доштанд.
Кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия давоми соли 2021 бо ҷалби занону духтарони фаъол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 25 ва бо донишҷӯдухтарони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳия, коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ, Литсейи касбӣ-техникӣ 30 вохӯрию суҳбат гузаронданд. Мавзуъҳои асосии вохӯрию суҳбатҳо “Нақши занон дар корҳои идоракунӣ”, “Занонро неруи тавонои роҳбарӣ мебояд” буданд.
Шуъбаи кор бо занон, ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд. Пиромуни масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, баланд бардоштани маърифати гендерии онҳо низ миёни занон чорабиниҳо гузаронда шуданд. Дар озмунҳое, ки бо мақсади ишғоли вазифаҳои холӣ баргузор мегарданд, иштироки занону мардон баробар таъмин карда мешавад.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар бо иштироки беш аз 500 нафар ҷамъомади ноҳиявӣ гузаронда шуда, 252 нафар бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонда шуданд. Бо қарори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар майдони марказии ноҳия озмуни “Кадбонуи беҳтарин” гузаронда шуд. Дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аксияи “Зан - маҳзари покизагӣ” ташкил гардид.
Дар самти ба таҳсил фаро гирифтани духтарон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалб намудани занону духтарони беихтисос ба филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Рашт ва хизматрасонии тиббӣ ба занону духтарон корҳои диданӣ анҷом дода шуданд.
- Ҳоло кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки бо иштироки занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ноҳия, беҳтар намудани фаъолияти шуроҳои занон ва тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону духтарон корҳои муассирро ба иҷро расонем, - гуфт Д. Давлатова.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2022    №: 49 - 50    Мутолиа карданд: 1200
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед