қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 1 марти соли 2022, № 104, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 352
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 3 Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 352 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ» тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2022 №: 51 Мутолиа карданд: 4459