logo

сиёсат

ПАЁМ. РУШДИ САНОАТ АЗ МАВЗУҲОИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МОНД

Боиси ифтихору сарфарозии  саноатчиён аст, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат бештар доир ба  рушди саноати кишвар  ироа гардид.
Хусусан, бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардидани  Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) дар ривоҷу равнақи минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаи мустаҳкам хоҳад шуд. 
Саноати сабук яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас дорад. Мавриди зикр аст, ки сол ба сол содироти маҳсулоти саноати сабук ба хориҷи кишвар зиёд  гардида истодааст. Аз ҷумла, соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба маблағи 199,1 миллион доллари ИМА ва дар ёздаҳ моҳи соли равон  247,2 миллион  доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст.  
Бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати рушди соҳаи саноати сабук якчанд имтиёзҳои андозии гумрукӣ пешниҳод  гардид, ки корхонаҳои соҳа метавонанд аз онҳо  самаранок истифода  намоянд. Як нуктаи муҳими Паёми Пешвои миллат рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва дар ин асос коркарди бештари пиллаи ҷамъоваришаванда ҷиҳати рушд додани соҳаи  шоҳибофӣ ва атласу адрасбофӣ мебошад. ки барои таъсиси  ҳазорҳо ҷойи нави кор барои занону бонувон мусоидат менамояд. Илова бар ин, ба муддати даҳ сол аз пардохти андози ягонаи замин озод намудани тутзор, инчунин аз пардохти андозҳо пурра озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ дар ҷумҳурӣ  машғуланд, иқдоми муҳиму саривақтӣ мебошад. Бешубҳа, чунин тадбир ба рушди саноати кишвар таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид.   
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор  супориш доданд, ки дар панҷ соли минбаъда барои таъмини рушди саноати сабук доир ба таъсиси панҷ маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта (кластерҳо) бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки бо назардошти фароҳамсозии омилҳои ҳавасмандгардонӣ дар корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта,  низоми идоракунии корпоративӣ роҳандозӣ ва бо ҷалби бахши хусусӣ фаъолияти самараноки онҳо ҳарчи зудтар таъмин гардад. 
Суханони роҳнамо ва нуктаҳои фарогир дар сиёсати дохилию  хориҷии кишвар дар ҳар сатри Паём дида мешуд. Мо, саноатчиён ва дар умум, мардуми сарбаланди кишвари азиз - Тоҷикистон бояд суханони хеле бамавриди Пешвои миллат: “Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем”-ро сармашқи кори худ намоем.
 
Малика ЯРБАБАЕВА, 
сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи 
Вазорати саноат ва технологияҳои нав
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2022    №: 51    Мутолиа карданд: 1473
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед