иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛ ВА КОҲИШИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ
Раҳбарият ва Ҳукумати кишвар дар самти паст намудани сатҳи камбизоатӣ пайваста талош меварзанд. Ҳанӯз солҳои вазнини 1992-1998 Ҳукумати мамлакат барои таъмини аҳолӣ бо озуқа ва пешгирӣ аз гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро, ки бо номи «заминҳои президентӣ» машҳур аст, ба сокинони кишвар тақсим намуд. Ин иқдоми Раҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳолии кишвар, ки давраи вазнини баъдиҷангиро пушти сар мекард, ба хушӣ пазируфта шуд.
Иқдоми роҳандозинамудаи Ҳукумат тавонист аҳолиро аз гуруснагӣ наҷот диҳад. Сокинони кишвар ба кишти ҳар гуна зироат машғул шуда, эҳтиёҷи аввалиндараҷаи хонаводаашонро қонеъ гардонданд. Агар дар замони аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар бо сабабҳои маълум – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки иқтисоди кишварро касод карда буд, барои таъмини аҳолӣ бо озуқа ва пешгирӣ аз гуруснагӣ саъй мекард, пас, шуруъ аз даҳсолаи дуюми Истиқлоли давлатӣ ба андешидани тадбирҳои нав ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат камар баст.
Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Аз соли 2000 - ум сар карда, рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардид. Ҳукумати кишвар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифатро – ҳадафи стратегии миллӣ қарор дода, дар ин самт корҳои зиёдеро тадриҷан амалӣ намуда, муваффақ ҳам мешавад. Масалан, бо вуҷуди қариб ду баробар зиёд шудани аҳолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 1999 то 26,3 дарсад дар соли 2019 коҳиш ёфт. Ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ назар ба соли 2000 - ум беш аз сад маротиба афзуд. Агар дар замони аввали соҳибистиқлолӣ сокинони кишвар бонкҳоро танҳо манбаи қарзгирӣ медонистанд, ҳоло бошад, дар он пасандозҳояшонро гузошта, фоида ҳам мегиранд.
Дар муқоиса ба замони Иттиҳоди Шуравӣ автомобилҳои шахсӣ бамаротиб афзудааст. Агар он замон дар як деҳа ҳамагӣ 15 – 20 нафар автомашинаи шахсӣ дошт, ҳоло бошад, шукрона аз Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин теъдод автомобилро дар як кӯча метавон дид.
Ин ва дигар нишондодҳое, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ дарак медиҳад. Бешубҳа, метавон гуфт, ки коҳиши сатҳи камбизоатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Баланд шудани шароити зиндагии мардум боиси паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла дуздӣ ва роҳзанӣ, мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём баён намуданд, ки солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат эълон гарданд. Дар ин замина, сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш дода шавад. Дар сурати ноил шудан ба чунин дастовард, сатҳи зиндагии аҳолии кишвар боз ҳам баландтар мегардад. Барои расидан ба ин ҳадаф, моро мебояд дастаҷамъона ва бо дилу нияти пок меҳнат кунем, зеро ҳама гуна нияту амали хайр баракат ва подоши нек дорад.
Муҳим аст, ки ҷиҳати тарбияи насли наврас, бедор сохтани ҳувияти миллии ҷавонон саъй намоем ва кӯшиш кунем, ки дар рушди иқтисод, пойдории сулҳу субот ва ободонии кишвар саҳми арзандаи худро гузорем, зеро осудагию ободии Ватан хотири ҷамъи аҳли хонадони ҳар яки мост.
Сайфулло АШУРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2022 №: 51 Мутолиа карданд: 895