logo

сиёсат

ПАЁМ. ТАҲЛИЛИ 30 СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

Яке аз вижагиҳои хоси Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар он зоҳир мешуд, ки  маҷмуи дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар дар давраи 30-соли Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд.
 
Пешвои муаззами миллат дар оғоз, барҳақ зикр намуданд, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Воқеан, мо хуб медонем, ки дар ибтидо давлати тозаистиқлоли мо ба чи мушкилоте рӯ ба рӯ шуд. Дар пайи дасисаи гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат рӯз ба рӯз печидаву аркони давлатдорӣ фурӯ мерехт. Он замон аксар нухбагони сиёсӣ худро аз корҳои давлатдорӣ канор гирифта, мардум дар ҳолати парешониву номуайянӣ қарор доштанд. Дар чунин вазъи нобасомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии давлатро ба даст гирифта, бо ҷасорат ва ҷуръати бемисл кишварро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшиданд. Иқдому тадбирҳои муҳиме, ки рӯи даст гирифтанд, аз ҳамон давраи мушкил ба дили мардуми ошуфтаҳол умед ба фардои дурахшонро мебахшид.      
Сарвари давлат зимни ироаи Паём бо ишора ба воқеоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чунин ибрози назар намуданд: «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузаронданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд». 
Ҳоло аз файзи сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун кишвари ташаббускор, рӯ ба рушд ва дорои фазои амну осоиш шинохтаву эътироф мекунанд. Тавре аз Паёми Сарвари давлат бармеояд, Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои воқеан, бузургу таърихӣ даст ёфт. Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, маркази шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба гулистон табдил шудаанд. Аз ҷумла, чунин вусъати пешрафт ва шукуфоиҳо дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон низ баръало ба чашм мерасанд. Танҳо дар ду соли охир дар ин ноҳияи  баландкӯҳ  ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат  даҳҳо  корхонаҳои саноатии коркарди шарбату мева, маҳсулоти ширӣ, китобхонаю марказҳои саломатӣ, хизматрасонӣ, дорухонаҳо ба фаъолият оғоз намуданд, ки ба таъмини сокинон бо ҷойҳои нави корӣ мусоидат карданд.
Кормандони прокуратураи ноҳия дар амалӣ намудани барномаҳои созандагӣ ҳамеша дар канори мардум қарор дошта, тавассути ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ сокинонро ба ободкорӣ, риояи қонун ва ҳифзи тартибот даъват менамоянд. Чунончи, соли гузашта аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия дар идораю ташкилотҳо, таълимгоҳҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, деҳаҳои дурдаст беш аз 85 вохӯрию суҳбатҳо гузаронда шуд. Дар меҳвари суҳбатҳо бо мардум, масоили доғи рӯз, аз ҷумла доман паҳн кардани терроризму экстремизм қарор гирифта, роҳҳои пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро матраҳ мегардид. Зеро дар шароити ҳасоси замони муосир чунин иқдомҳо айни муддаост ва мо бояд дар партави таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ фаъол бошем.
 
Музаффар РАҶАБАЛИЗОДА,
прокурори ноҳияи Муъминобод,
мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2022    №: 51    Мутолиа карданд: 1136
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед