иҷтимоиёт
КАШШОФИ АСРОРИ КАЙҲОН
Гулчеҳра Қоҳирова. Ҳар боре номашро мешунавам, хаёл маро ба коинот, сӯйи мавҷи истораҳои беҳисоб, ки атрофи як меҳвари бузург давр мезананд, мебарад. Шояд ба он хотир, ки дар фазои беинтиҳои атрофи Замин, миёни анбуҳи ҷирмҳои хурду бузург астероиде бо номи ӯ гузошта шудааст. Воқеан, сайёраи хурде таҳти № 24533 - ро Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ барои ҳиссаи арзанда дар тадқиқи ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ ба шарафи ӯ “Kokhirova” ном ниҳода. Аввалин бонуи тоҷик аст, ки дар само сайёрае ба номаш атрофи Офтоб мечархаду мечархад.
Ҳамнишини ҷирмҳои осмонӣ, ҳамрози Каҳкашон аст, қаҳрамони мо. Кайҳонро фаротар аз мо мебинаду мешиносад. Ва ин ҳама шинохту биниш аз роҳи омӯзиш, ҷустуҷӯву таҳқиқ ба ӯ муяссар шуда. Само аз диди мову шумо рӯзона офтобӣ, абрӣ ё боронӣ, шабҳангом чодари сиёҳи пурситорае беш нест. Аммо ба ин ҳама аз диди Гулчеҳра Қоҳирова нигаред, ҳақиқати олами атрофро барои худ дигаргуна дармеёбеду асрори коинотро ошкор месозед.
Ба астрономия ҳанӯз аз синни мактабӣ майл дошт. Шавқи ӯро ба ин илм омӯзгори фанни астрономияашон бедор кард. Он замон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ дар назди кафедраи астрофизикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) маҳфили “Астрономия” амал менамуд. Гулчеҳра Қоҳирова бо тавсияи устодаш узви фаъоли ин маҳфил гардид ва барои ҳамеша ба олами сайёраҳои дур пайваст. Пайвасту ҳазорон рози нокушудаи ҷирмҳои фазоро фош сохт.
Бо суолҳои “Осмон чӣ гуна аст?”, “Ҷирмҳо аз куҷо ва чӣ тавр пайдо шудаанд?”, “Оё онҳо ҳаракат мекунанд ва оё дар дигар сайёраҳо ҳаёт вуҷуд дошта метавонад”, ки аз хурдӣ зеҳнашро туғён медод, посух ҷусту дарёфт.
Баъди анҷоми таълимгоҳ ба факултети физикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шомил шуд, албатта, ба тахассуси астроном. Дар 3 гурӯҳ ҳамагӣ 4 духтар таҳсил менамуд.
Ректори Донишгоҳ астрономи машҳур, академик Пӯлод Бобоҷонов ба масъалаи омода намудани олимони ҷавон, махсусан аз миёни ҷавонони тоҷик, диққати махсус медод. Он замон бештари мутахассисони соҳа рустабор буданд. Пӯлод Бобоҷонов дониш, шавқу завқ ва малакаву маҳорати Қоҳироваро ба астрономия дида, ӯро барои кор ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон тавсия дод ва ӯ ба роҳи илм рафт. Роҳеро баргузид, ки рафтан ба он осон набуд. Ӯ пастиву баландии масири илмро тай намуд. Аз лаборанти калон то ба директори муассиса сабзид.
Самти асосии тадқиқоти илмии ӯ хусусиятҳои физикӣ ва динамикии (ҳаракати) ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ, пайдоиш ва робитаи байни ҷирмҳо мебошад. Барои омӯзиши спектрҳои метеорҳо усули ғайриодии таҳқиқ таҳия шуд, ки дар асоси истифодаи он натиҷаҳои нав оид ба таркиби моддаи метеороидҳо (ҷирмҳои хурди кайҳонӣ, ки байни сайёраҳои калон мегарданд ва баъзан ба замин меафтанд) ба даст омаданд. Қоҳирова беш аз 10 ҳазор астероиди наздизаминиро таҳқиқ намуда, маълум кард, ки аз ин шумор тақрибан 6 дарсадро кометаҳои хомӯшшуда ташкил медиҳанд. Натиҷаҳои тадқиқоташ дар шакли монографияҳои алоҳида нашр гаштанд.
Аз соли 2014 вазифаи директори Институти астрофизикаро ба зимма дорад. Аз соли 2017 узви вобастаи АМИТ мебошад. Моҳи феврали соли 2021 вазифаи ноиби президенти АМИТ-ро оид ба илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника иҷро менамояд. Не, асло осон набуд ба ин зина расидан, хосса барои як зан ва дар соҳаи астрономия. Охир, ҷирмҳоро рӯзона наметавон ба мушоҳида гирифт. Танҳо шабона, берун аз шаҳр ва дар баландии зиёд ва он ҳам на бо чашми одӣ, балки зери дастгоҳи махсус - телескоп метавон сайёраҳоро мушоҳидаву таҳқиқ кард. Аммо ӯ тавонист ва ҳатто усулҳои нави таҳқиқи сайёраҳоро кашф намуд.
Рисолаи номзадиашро дар шаҳри Москва ва докториашро дар шаҳри Санкт-Петербург ҳимоя кард. Аввалин зан - олими тоҷик дар илмҳои физика ва математика дар самти астрономия буда, муаллифи се китоб, беш аз 200 мақола ва фишурдаи тадқиқоти илмӣ мебошад. 150 мақолаи илмӣ-оммавиаш нашр шудааст. Дар конфронсу симпозиумҳои сатҳи ҷаҳонӣ шарафи илми тоҷикро дифоъ ва натиҷаҳои илмии олимони кишварро дар самти астрономия муаррифӣ менамояд.
Заҳматҳояш ба Ҷоизаи ба номи академик Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадр гардидаанд. Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - “Ситораҳои Иттиҳод”- ро соли 2021 сазовор шуд.
Бале, Гулчеҳра Қоҳирова бонуест худро дар дили шабҳо, дар миёни анбуҳи ҷирмҳои осмонӣ дарёфта. Шояд маҳз ба ин хотир, мо низ ҳамеша миёни сайёраҳо меҷӯемаш. Ва хаёлан бо ӯ ба дурӣ, сӯйи само, ҷониби селаи ситораҳои фазо парвоз менамоем.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2022 №: 51 Мутолиа карданд: 944