logo

иҷтимоиёт

ХУРОФОТ ҶАҲОЛАТ АСТ Ё АҲАМИЯТИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ДУ КОДЕКС

 
Бо назардошти воқеиятҳои ҷорӣ ва зарурати ҳифзи амният, тақвияти арзишҳо, суннатҳои миллӣ, ба танзим даровардани таълимоти расмии динӣ чанде қабл ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид гардид. 
Дар ҳошияи ин тағйироту илова ба қонунгузорӣ, чанд асли муҳим ва қобили мулоҳиза ба назар расид, ки ба андешаи мо барои ҷомеаи имрӯза, гузашта аз ин, дар шароити бисёр ҳассоси сиёсии минтақаю ҷаҳон бояд рӯйи онҳо ҷиддитар андешид ва аз пайомадҳои он огоҳ буд. 
 
Коршиносони масоили амниятӣ ва динӣ бар ин назаранд, ки ба хотири ҳифзи амнияти кишвар ва халал наёфтани фазои солими динӣ, эмин мондани арзишҳою урфу одатҳои миллии мо – тоҷикон, бояд фаъолияти руҳониён, воизони динӣ, афроди алоҳидае, ки ба мавзуъ ва масъалаҳои дин сару кор мегиранд, зери назорати давлат қарор дошта бошанд.  
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз намояндагони руҳониён дар мавъизаю суханрониҳояшон аз фарти ноогоҳӣ ва ё таассуби динӣ, арзишҳо, урфу одати миллиро зери суол бурда, гузаштаи дурахшон ва пурифтихори халқи моро, ки таърихи чандҳазорсола дорад, инкор мекунанд. Ба назари онҳо, халқи тоҷик гӯё то омадани ислом дар ҷаҳолат ва нодонӣ ба сар мебурдаанд. Албатта, ин ақида бепоя ва бемоя буда, решаю асли он ҷаҳолат аст ва зеҳни ҷоҳил хурофоту ҷаҳолат тавлид мекунад. 
Бояд гуфт, ки таълимоти ғайриқонунии динӣ барои ҷомеаи мо аз он нуқтаи назар хатарзо ва боиси нигаронӣ аст, ки аксари руҳониёне, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷавононро ҷалб мекунанд, худ маълумоти кофии динӣ надошта, ҷаҳонбинӣ ва зарфиятҳои илмии онҳо бисёр маҳдуданд. Маҳз ҳамин табақа бо суиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ, дар ҷараёни таълимоти худ, онҳоро нисбат ба гузаштаи худ, дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу одати миллии мо тарбият карда, ин арзишҳоро барои як мусулмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ мекунанд. Яъне, метавон гуфт, ки яке аз ҳадафҳои ин гуна таълимот мағзшӯйии ҷавонон, ташаккули афкор ва зеҳни зидди миллию давлатӣ мебошад. 
Бинобар ин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва боло бурдани ҳаҷми ҷарима ва ҷавобгарии маъмурӣ барои касоне, ки даст ба таълимоти ғайриқонунии динӣ мезананд, як амали бисёр саривақтӣ ва зарурӣ дар амри ҳифзи амнияти милливу давлатӣ, инчунин, ҳифзи арзишҳо, урфу одати миллӣ мебошад. 
Мутаассифона, имрӯз нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки фарзандони худро назди ҳамин гуна ашхосе, ки аз илми ислом бехабаранд барои гирифтани таълимоти ғарирасмии динӣ мемонанд. Ин табақа аз оқибатҳои манфии он ноогоҳ буда, ҳатто дарк наменамоянд, ки дар аксар мавридҳо фарзандонашонро ин нафарон ба кӣ ва чӣ табдил медиҳанд. 
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми замина ва имконот барои таълимоти расмии динӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам шудааст. Ҷавононе, ки мехоҳанд таълимоти дуруст ва мукаммали динӣ бигиранд, бе мамониат метавонанд вориди ин таълимгоҳҳои расмии динӣ гардида, аз роҳи қонунӣ соҳиби маълумот ва таҳсилоти олии динӣ шаванд. Дар таълимгоҳҳои кишвар афроди мутахассис ва огоҳ фаъолият намуда, бо камоли огоҳӣ ва ҳисси масъулият, муҳимтар аз ҳама, шинохти дуруст аз арзишҳо ва урфу одати миллӣ ва исломии ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, шинохту эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ таълиму тарбият медиҳанд. 
 
Ғозибек САФАРЗОДА, 
раиси суди ноҳияи Тоҷикобод
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2022    №: 51    Мутолиа карданд: 921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед