Хабарҳо
ОИНАИ ҲАЁТ
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 110 – солагии Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки рӯзноманигорони нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳр, ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, тамоми матбуотчиён ва кормандони васоити ахбори оммаро бо рӯзи касбиашон табрик ва ба онҳо сарбаландӣ, хонаободиву комёбиҳои эҷодиро таманно намуд. - Таърихи матбуоти тоҷик аз 11 марти соли 1912 бо нашри рӯзномаи «Бухорои Шариф» сарчашма гирифта, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилои нав рисолати худро идома дода, дар баланд гардидани шуур ва маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа саҳми муассир гузошта истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар заминаи таваҷҷуҳ ва ҳамкории хоссаи Ҳукумати мамлакат бо матбуот ва воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарғиби ғояҳои баланди инсонӣ, инъикоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ифшои камбудиву бартарафсозии онҳо бо кормандони ин ниҳоди воқеъбин ҳамкории пайваста дорад. Ин аст, ки соли гузашта ҷиҳати инъикосу таҳлил ва баррасии паҳлуҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода тавассути расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва хориҷи мамлакат беш аз 120 маводу гузоришҳо нашр гардиданд. Ин ҳамкорӣ баёнгари сиёсати шаффоф, ошкорбаёнӣ ва демократия арзёбӣ мегардад, - изҳор дошт П. Акрамзода.
Зикр гардид, ки матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода таърихи 87- сола дошта, пешрафти он бештар ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд. Дар даврони шуравӣ дар шаҳр танҳо як нашрия ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекарданд. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат майдони фаъолияти матбуот фарох гардида, 5 нашрия – «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», «Нури маърифат», «Тибби Буалӣ», инчунин, телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар пурра намудани фазои иттилоотӣ фаъол гардиданд. Матбуоти шаҳр дорои мактаб ва таърихи ғанӣ буда, дар баробари бузургтарин нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар пешрафти матбуоти ватанӣ саҳми беназир гузошта истодаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш раиси шаҳри Турсунзода ба намояндагони собиқадору фаъолони соҳаи журналистика барои ҳамкории судманд сипоснома тақдим намуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 888