Хабарҳо
ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД. АЗ БАРНОМАИ НАВИ ТАЪЛИМ ТО АРҶГУЗОРӢ БА ҲУҚУҚИ ИНСОН
Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ гардид, идомаи мантиқии барномаи қаблӣ буда, бо назардошти марҳилаи чоруми Барномаи ҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020 – 2024 такмил дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия гаштааст.
Ин нуктаро Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мизи мудавваре, ки бахшида ба муаррифии барнома дар меҳмонхонаи Ҳилтон баргузор гардид, иброз дошт.
Дар чорабинӣ Ҳокимбек Содиқзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мерилин Йосефсон, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Тея Джалиашвили, муовини роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва олимону муҳаққиқон иштирок доштанд.
- Бояд гуфт, ки барномаи якуми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 – 2020 муваффақона амалӣ гардид. Аз ин хотир, барномаи нав барои панҷ соли минбаъда қабул гашт. Барномаи ҷадид низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи донишу фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон ва намояндагони ВАО равона шудааст. Амалисозии муваффақонаи он мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд боз ҳам қавитар менамояд, - афзуд Умед Бобозода.
Дар мизи гирд, ҳамчунин, Аҳад Содиқов, Суҳайлӣ Қодирӣ, кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шоҳсафар Акобиров, муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Ҷаҳонгир Саъдизода, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба аҳамияти барномаи нав суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки Барномаи ҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳар панҷсол як маротиба таҷдиди назар гардида, бо назардошти фарогирии қишрҳои нави ҷомеа такмил ва бо қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул мешавад.
Тибқи банди 21-и барнома рафти амалисозии он аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсози байниидоравии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби роҳбарони сохторҳои таълимии вазорату идораҳо, муассисаҳои такмили ихтисос, таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои дигари дахлдор таъсис дода мешавад, таъмин мегардад.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1119