Хабарҳо
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ
Боксёрони наврасу ҷавони тоҷик 8 медал гирифтанд
Варзишгарони наврас ва ҷавони мамлакат дар Чемпионати Осиё оид ба бокс (Уммон, Урдун) сазовори 8 медал (2 нуқра ва 6 биринҷӣ) гаштанд.
Бар пояи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, медалҳои нуқраро Анушервон Фозилов (миёни наврасон), Абдураҳим Ёқубов (ҷавонон) ва нишонҳои биринҷиро Руслан Ғафуров, Рустамҷон Ашуров, Ҳангома Исоева (наврасон), Юсуф Фозилов, Нурланбек Эрматов, Акмалҷон Абдувалиев (ҷавонон) ба даст оварданд.
ҶУДО
Киҳо унвони чемпионии кишварро ба даст оварданд?
Дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни калонсолон баргузор шуд, ки дар он 180 варзишгар аз ҳамаи манотиқ ширкат карданд.
Қувваозмоиҳо аз рӯйи 7 вазн (- 60, - 66, - 73, - 81, - 90, - 100, + 100 кг) сурат гирифт, ки дар онҳо Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Муҳаммад Наҷмиддинов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (Душанбе – 2), Нуралӣ Эмомалӣ, Раҳмон Мансур (Душанбе), Ҳақназар Назаров ва Темур Раҳимов (ШНТМ) унвонҳои қаҳрамонро соҳиб шуданд.
Омодагии мунтахаби олимпӣ ба Ҷоми Осиё – 2022
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2022, таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев, дар Туркия ҷамъомади таълимиву тамринӣ (19 – 31 март) мегузаронад.
Дар ҷамъомад мунтахаби мо бо дастаҳои олимпии Кувайт (23 март), Урдун (26 март) ва тими миллии Афғонистон (29 март) бозиҳои рафиқона анҷом медиҳад.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2022 (1 – 19 июн, Ӯзбекистон) мунтахаби мо дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷопон рақобат мекунад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1088