иҷтимоиёт
БА ДАРДИ ҶОНИ ХУД МАРҲАМ ВАТАН ДОРАМ…
Устод Муҳаммад Ғоибро хурду бузурги миллат бештар ҳамчун шоири ватансарову ваҳдатнаво мешиносанд. Ин нағмапардози чаманистони адаби тоҷик ва булбули баҳористони кишвар беҳтар ва бештар аз ҳама дарк намуда: он саодату нишоте, ки имрӯз мо дорем, самари ободии диёр ва пешрафту шукуфоии он аз талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сурудаҳои аз самими қалби покаш бурун омадаву чакомаҳои зебои аз килки сабзаш таровида кайҳост, ки дар зеҳни ҳаводорони каломи бадеъ ҷой гирифтаанд.
ақте Муҳаммад Ғоиб Ватан мегӯяд, дар ин ифодаи муъҷаз тамоми ҳастии худро, ки бо сарзамини аҷдодиаш решапайванд аст, ифшо месозад:
Манам доротарин одам,
Ватан дорам, Ватан дорам,
Ками худро нагӯям ман,
Ватан дорам, Ватан дорам.
Ашъори ӯ моломол аз муҳаббату садоқат ба Ватан, вафодорӣ ба ёри диёри хеш, худшиносию худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастию меҳрпарварист. Он ҳама дар худ ҳам таърихи пурифтихори миллатро ҷой намудаву ҳам руҳи тавоно ва шикастнопазири фарзандони барӯмандашро. Ин аст, ки насли наврасро он илҳом мебахшаду ҷавононро ба қаҳрамонӣ ҳидоят ва ба пирон умеди шукуфоии бештари кишвари маҳбубамонро талқин менамояду мебахшад.
Нигоштаҳои адиб, пеш аз ҳама, бо самимият ва ҳисси эҳтироми хоссаву ифтихормандиашон бо Ватани азизаш фарқ месозанд. Услуби хоси мутантан ва сабки равони шоир бо рангорангии мавзуоташ кайҳост, ки ҳаводорони худро пайдо намудааст. Муъҷазофарӣ хусусияти дигари шоир буда, тасвирҳои зебо, андешаҳои воло, эҳсосоти ширини ба нигоштаҳояш хос ҳам салосати абёташро таъмин намудаанду ҳам балоғати маъниро.
Яке аз дӯстдорони каломаш бо меҳр иброз дошта: «Агар гӯем, ки шеъраш ба мисоли ширинии тут асту дар забони ӯ ҳарфи Ватан гул мекунад, ҳаргиз хато намекунем, чунки Ватан сароғози навиштаҳои шоир мебошад. Аз сурудаҳои ашъори баландпояи Муҳаммад Ғоиб кас ба хубӣ эҳсос менамояд, ки ватандорӣ тору пуду марҳами ҷони адиб аст:
Надонам вақти беморӣ ба ҷуз
меҳри ватандорӣ,
Ба дарди ҷони худ марҳам
Ватан дорам, Ватан дорам».
Ватандорӣ дар тасаввури ӯ роҳи бепоён ва ишқи абадиест, ки бо шири модар бар бадани ҳар кадоми мо ворид гардида, аз қадами нахустин ба сӯйи он равонаем:
Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам,
ватандорист,
Ҳамон дарде, ки дармонаш
намебинам, ватандорист.
Дар ашъораш чор фасли сол ва ҳафт ранги Ватан ҷилваҳои ба худ хосе пайдо намудаанд. Дар баробари андешаҳои гус-турда ва доманадоре оид ба худшиносию меҳанпарастӣ, шоир аз тасвирҳои доманадору нотакрор низ кор мегирад, ки Меҳанро пеши назар зеботар, табиати онро пуртароваттар ва нигорони онро нозанинтар ҷилвагар менамояд. Дар ҳама ҳолат самимияти беинтиҳои фардиаш ба қаҳрамони лирикиаш таъсири амиқе гузоштааст:
Хоке, ки зи кина бар сарам мерезӣ,
Девори муҳаббати маро бом шавад.
«Шоир он қадр ба мардум муҳаббату садоқат дорад, ки бо як тасвири зебо ва лутфи шоирона аз хоки кинаю адовати рақибонаш барои худ боми кохи меҳру эътиқод бунёд менамояд», - гуфтааст дар мавриди ин абёт Озар Салим.
Ашъори пурғановати адиб дар баробари мафҳумҳои баланди меҳанпарастона аз мазмунҳои иҷтимоӣ низ орӣ нест. Дар ин гуна офаридаҳои устод Муҳаммад Ғоиб паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ бо тамоми ҷузъиёташон пешорӯйи хонанда ҷилвагар мешаванд. Дар ҳамин гуна абёт низ аз ҳар гуна ҷузъиёти зиндагӣ маҳорати баровардани хулосаҳои мантиқӣ ва ҷустани ҳикмат аз ҳар дарси зиндагии шоир бармало мегардад.
Устод муаллифи зиёда аз 50 асар, аз ҷумла маҷмуаҳои шеърии «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки Ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон», «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Каъбаи дил», «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад. Чандин очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури «Шоҳи Ҳамадон», «Мири Кабир», «Имоми Аъзам», «Арвоҳзада», «Зиндамаргон», «Волидони беворис», филмномаҳои «Гумгаштапайдо», «Пуштаи хандақпеч», «Ҳасрати дидор», «Вафодор» дар эҷодиёти адиб мақоми хос доранд.
Муҳаммад Ғоиб зодаи сарзамини зархезест, ки бо таровату зебоиаш наметавонист дар қалби ӯ меҳри ҳунару суханро бедор насозад. Дар зеҳнаш бошад, таҳаввулоти фаннии замонаш таъсири хос гузошта буд. Биноан, ҳини интихоби равияи оянда факултети физикаю метематикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ) интихоб намуд. Вале ишқи сухан боло гирифту шоир минбаъд тақдирашро бо он пайваст. Баъди хатми ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳайси хабарнигори Кумитаи телевизион ва радио ба фаъолият шуруъ кард. Яке аз фаъолтарин қаламкашони ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ҳам гардид. Дар вазифаҳои масъули раиси кумитаҳои телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб ва Хатлон, роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Киностудияи «Тоҷикфилм» ва директори Шабакаи якуми телевизиони «Тоҷикистон» фаъолият намудааст. Солҳои 2012 – 2015 вазифаи сармуҳарририи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро низ бар дӯш дошт.
Заҳматҳои адиб бо унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон қадр гардидааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҷоизаи адабии ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон низ, мебошад. Ашъораш ба забонҳои зиёд тарҷума ва дар кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя нашр шудаанд. Муҳаммад Ғоиб барои саҳми арзанда дар равобити фарҳангӣ миёни халқҳо ва адабиёт сазовори Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов гардидааст, ки муассиси он Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ мебошад.
«ҶУМҲУРИЯТ»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.03.2022 №: 52 Мутолиа карданд: 1955